Талафоти зилзилаи устони Бушеҳри Эрон рӯ ба афзоиш аст

Дар зилзилае, ки соъати 16:22 дақиқаи рӯзи сешанбеи 9 апрел ба вақти Эрон устони Бушеҳрро ларзонд, то кунун дастикам 37 нафар кушта ва 850 нафар захмӣ шудаанд.
Устондории Бушеҳр хабар додааст 30 нафар аз куштаҳо аз зери оворҳои шаҳри Шанбе берун кашида шуданд.
Ба гузориши устондории Бушеҳр, 750 захмии зилзила аз бемористон мураххас шудаанд.
Ба гуфтаи мақомҳои Эрон дастикам 700 воҳиди сохтмонӣ ба таври комил хароб шудааст.
Муассисаи жеуфизики донишгоҳи Теҳрон бузургии зилзиларо 6,1 Риштар ва маркази онро шаҳри Кокӣ дар ин устон гузориш кардааст.
Оятуллоҳ Алии Хоминаӣ, раҳбари Эрон ва ҳамин тавр Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳурӣ, вуқӯъи зилзиларо таслият гуфтаанд. Дар устони Бушеҳр се рӯз азои умумӣ эълом шудааст.
Мардуми нигарон роҳии манотиқи зилзилазада шуданд
Бар асоси гузоришҳо, бештарин мизони тахриб ва хисорат дар Шанбе, Боғон ва Сано рӯй додааст.
Сойтҳои хабарии маҳаллии устони Бушеҳр дар бораи вазъияти шаҳри Шанбе гузориш кардаанд, ки ин шаҳр хисороти зиёде дида ва мардум машғули берун овардани бозмондагон аз зери овор ҳастанд.
Шопур Рустамӣ, муъовини умронии устондори Бушеҳр ҳам гуфтааст бо таваҷҷуҳ ба вусъати минтақа имкони хисорати зиёд вуҷуд дорад.
Оқои Рустамӣ мегӯяд ҷамъияти Кокӣ ҳудуди 60 ҳазор нафар аст ва дар кулл бо муҳосибаи русто ва шаҳрҳои атроф ҳудуди 100 ҳазор нафар таҳти таъсири зилзила қарор гирифтаанд.
Маҷид, яке аз сокинони минтақаи Кокӣ, дар бораи вазъияти ин шаҳр ҳангоми зилзила мегӯяд: "Ҳама дар хоб будем, ки хона мисли гаҳвора ларзид, аз хона берун омадем ва дидем, ки кӯҳе, ки дар атрофи хона қарор гирифта, резиш карда, ҳама фарёд мезаданд, саҳнаи ваҳшатноке буд, зилзила ҳудуди 10 то 12 сония тӯл кашид."
То кунун ҳафт гурӯҳи имдодӣ бо сагҳои зиндаёб ба манотиқи зилзилазада фиристода шудаанд.
Як шоҳиди айнӣ асри рӯзи сешанбе ба хабарнигори мо гуфт, ки ҷодаҳо ба самти манотиқи зилзилазада бисёр шулӯғ ва пуртрофик аст.
Мақомҳои устони Бушеҳр аз мардум хостаанд ба самти манотиқи зилзилазада ҳаракат накунанд.
Созмони интиқоли хуни Бушеҳр аммо аз мардуми ин устон хостааст, ки барои эҳдои гурӯҳҳои хунии камёб ба ин созмон кумак кунанд.
Ин зилзила дар умқи 12 килуметрии замин иттифоқ уфтодааст.
Маркази заминшиносии Омрико бузургии зилзиларо 6,3 Риштер дар фосилаи 89 килуметрии ҷануби шарқии бандари Бушеҳр дар ҷануби Эрон гузориш кардааст.
Меҳдии Зореъ, муъовини пажӯҳишгоҳи байналмилалии зилзилашиносӣ дар гуфтугӯ бо ИСНО конуни зилзиларо наздики гунбади намаки Ҷошк ва гусили Бурозҷон эълом кардааст.
Ба гузориши маркази зилзиланигории Эрон то кунун дастикам 12 пасларза бо бузургии беш аз 4 Риштер минтақаро ларзондааст. Бузургии ду пасларза 5 ва ҳамчунин 5,3 Риштер будааст.
"Нерӯгоҳи Бушеҳр ором аст"
Таъсисоти атумии Бушеҳр дар фосилаи 91-килуметрии маркази зилзила қарор дорад.
Ожонси Байналмилалии Энержии Атумӣ мегӯяд Эрон дар бораи ин зилзила ба Маркази уржонс ва ҳаводиси Ожонси Энержии Атумӣ гузориш додааст.
Ба гузориши Эрон ба Ожонси Байналмилалии Энержии Атумӣ гуфта шуда, ки "ин ҳодиса ҳеҷ осебе ба нерӯгоҳи атумии Бушеҳр назада ва ҳеҷ мавриди ташаъшуъи маводди родиюоктив дида нашудааст."
Ожонси Байналмилалии Энержии Атумӣ мегӯяд бо таваҷҷуҳ ба ин гузориш ва ҳамчунин бузургии зилзила, иттилоъот ва гузоришҳои бештаре аз Эрон дархост накардааст.
Яке аз мақомҳои ширкати Атомстройэкспорт, паймонкори русии нерӯгоҳи атумии Бушеҳр, ба хабаргузории РИА Новостии Русия гуфтааст: "Ларзаҳо дар сойти атумии нерӯгоҳи Бушеҳр эҳсос шуд, аммо кормандон ба кори оддии худ идома доданд."
Маҳмуд Ҷаъфарӣ, муҷрии тарҳи нерӯгоҳи атумии Бушеҳр ҳам ба ИРНО, хабаргузории расмии Ҷумҳурии Исломии Эрон, гуфтааст, ки заминларза ҳеҷ мушкиле барои нерӯгоҳи Бушеҳр эҷод накардааст.
Фаридун Ҳасанванд, устондори Бушеҳр, ҳам мегӯяд: "Хисороте ба нерӯгоҳи атумии Бушеҳр ворид нашуда ва авзоъ бисёр ором аст."
Ин зилзила дар кишварҳои ҷанубии халиҷи Форс низ эҳсос шудааст. Ба гузориши хабаргузории Руйтерз пас аз зилзила марокизи идорӣ дар пойтахти Баҳрайн ва Қатар таътил шудааст.
