Зилзила дар Систон ва Балучистон: Як кушта дар Эрон, даҳ кушта дар Покистон

  • 17 Апрел, 2013
Image caption Конуни зилзила дар манотиқи биёбонии устони Систон ва Балучистон ва наздики марзи муштарак бо Покистон қарор доштааст

Мақомоти эронӣ ва покистонӣ шумори талафоти заминларзаи ахир дар устони Систон ва Балучистонро эълом кардаанд.

Ба гузориши Воҳиди марказии хабар, дар асари заминларзаи шадиде, ки баъд аз зуҳри рӯзи гузашта дар устони Систон ва Балучистони Эрон дар наздики марзи муштарак бо Покистон рӯй дод, як зан дар шаҳристони Хош ҷони худро аз даст додааст.

Бар асоси ин гузориш, ҳангоме ки ин зан ҳамроҳ бо аъзои хонаводаи худ машғули ҷамъоварии гиёҳони доруӣ дар доманаи кӯҳ буд, санге, ки зоҳиран дар асари заминларза партоб шуда буд, ба сари ӯ исобат кард ва ӯро кушт.

Бузургии заминларзаи рӯзи сешанбе 7.8 дар миқёси Риштер ва конуни он дар фосилаи 81-килуметрии шаҳри Саровон ва 83-килуметрии Хош гузориш шуда буд.

Бо таваҷҷуҳ ба бузургии ин заминларза интишори гузоришҳои аввалияи марокизи ларзанигорӣ дар хориҷ ва дохили Эрон боъиси бурузи нигаронии шадид дар мавриди талафоти эҳтимолии он шуд ва хабаргузориҳои байналмилалӣ вуқӯъи ин заминларзаи шадидро басуръат мухобира карданд.

Бо ин ҳама, соъоте баъд мақомоти маҳаллии устони Систон ва Балучистон эълом карданд. ки ин зилзила хисороти молӣ ва ҷонии чандоне барҷой нагузоштааст.

Шомгоҳи сешанбе шабакаи дувуми телевизиюни давлатии Эрон дар ин замина гуфтугӯеро бо Анӯшервони Ансорӣ, раиси шабакаи ларзанигории пажӯҳишгоҳи байналмилалии зилзила, пахш кард. Оқои Ансорӣ гуфт, ки дар Эрон маъмулан заминларза дар умқи камтар аз 20 килуметрии сатҳи замин рӯй медиҳад, аммо ба гузориши ин пажӯҳишгоҳ, умқи заминларзаи рӯзи сешанбе 70 килуемтр будааст. Бархе гузоришҳо умқи зилзиларо ҳудуди 90 килуметр гузориш карда буданд.

Image caption Ларзиши сохтмонҳо дар Дубай боъиси ваҳшат ва хуруҷи сокинони онҳо шуд.

Ба ҳамин далел, такони сатҳии ношӣ аз заминларза чандон зиёд набудааст.

Вай теъдоди захмиҳои заминларзаро 12 нафар зикр кард ва гуфт, ки ҳашт тан аз ин афрод ба таври сарипоӣ дармон ва мураххас шуданд ва чаҳор нафари дигар низ дар марокизи дармонӣ бистарӣ ҳастанд.

Ҳамчунин ба гуфтаи устондори Систон ва Балучистон, маркази заминларза дар минтақае умдатан биёбонӣ воқеъ буда, ки монеъ аз бурузи хисорот ва талафоти бештар шудааст.

Ин мақоми устонӣ гуфтааст, ки ҳанӯз хисороти ношӣ аз заминларза ба таври комил баровард нашуда, аммо ба назар мерасад, ки осеби молии ношӣ аз он ҳам аз ҳадди резиши деворҳои гилӣ ва хиштии боғҳо ва бархе хонаҳо фаротар нарафтааст.

Бо ин ҳама, мардуми минтақа ба далели эҳтимоли вуқӯъи пасларза эҳсоси нигаронӣ мекунанд ва мақомоти маҳаллӣ гуфтаанд, ки имконоти лозимро барои мувоҷеҳ бо осебҳои ношӣ аз пасларзаҳои эҳтимолӣ дар минтақа тадорук дидаанд.

ИРНО дар гузорише, ки субҳи чаҳоршанбеи 17 апрел мухобира кард, гуфт, ки як пасларза ба бузургии 5.2 дар миқёси Риштер дар минтақаи зилзилаи Саровон рӯй додааст.

Талафот дар Покистон

Шиддати заминларзаи рӯзи сешанбе дар ҳадде буд, ки таконҳои ношӣ аз он дар бархе аз кишварҳои минтақа, аз ҷумла Афғонистон, Ҳинд, Кувейт ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ҳам эҳсос шуд ва дар бархе маворид, вокунишоҳоеро ҳам дар пай оварад.

Дар Деҳлии Нав, пойтахти Ҳинд ва Дубай , дар Амороти Муттаҳида, ларзиши сохтмонҳои чандтабақа боъиси тарси сокинон ва хуруҷи онон аз ин сохтмонҳо шуд.

Заминларза дар навоҳии марзии Покистон бо Эрон хисороти густардаеро барҷой гузошт ва боъиси кушта шудани даҳҳо нафар шуд.

Image caption Навоҳии марзии Покистон мутаҳаммили бештарин талафот ва хисороти ношӣ аз заминларзаи ахир шудаанд

Як мақоми маҳаллӣ дар иёлати Балучистони Покистон ба хабаргузории Фаронса гуфтааст, ки дар асари ин заминларза дастикам сиву чаҳор нафар кушта ва беш аз ҳаштод тани дигар захмӣ шудаанд.

Бар асоси ин гузориш, марокизи дармонӣ дар маҳал ба ҳолати омодабош даромадаанд ва нерӯҳои шибҳинизомӣ низ барои кумак ба осебдидагон ба маҳал эъзом шудаанд.

Минтақаи осебдида аз манотиқи фақири Покистон маҳсуб мешавад ва сокинони он аз имконоти чандоне бархӯрдор нестанд.

Дар пайи вуқӯъи заминларзаи рӯзи гузашта давлати Иёлоти Муттаҳида зимни ибрози нигаронӣ нисбат ба талафоти эҳтимолӣ ва ҳамдардӣ бо осебдидагон эълом дошт, ки омодаи ирсоли ҳар навъ кумаки мавриди ниёз ба ҳар ду кишвари Эрон ва Покистон аст.

.