Омори кушташудагон дар зилзилаи Чин аз 100 нафар гузашт

  • 20 Апрел, 2013
зилзилаи Чин
Image caption Хабаргузориҳои Чин гузориш додаанд, ки мардуми минтақа ба далели нигаронӣ аз пасларзаҳо ба хиёбонҳо баромадаанд

Мақомоти Чин гуфтаанд, ки зилзилаи шадид дар иёлати Сичуани ин кишвар ҳадди ақал сад кушта ва садҳо нафари дигар захмӣ дод.

Созмони заминшиносии Омрико ин зилзиларо ба бузургии 6.6 дараҷа дар миқёси Риштер ва дар 80 килуметрии шаҳри Линкюнг, дар ғарби Чин гузориш кардааст.

Ин зилзила, ки қаблан шиддаташ 7.0 Риштер эълом шуда буд, дар умқи ҳудуди 12 килуметрии замин соътаи 08:02 ба вақти маҳаллӣ рух додааст.

Маъмурони ниҳодҳои кумаки таъҷилӣ талош доранд алорағми роҳҳои тахрибшуда ва лағзиши замин худро ба манотиқе бирасонанд, ки бадтарин харобиро таҷриба кардааст.

Иёлати Сичуани Чин минтақае зилзилахез аст.

Дар соли 2008 мелодӣ низ зилзилае ба бузургии ҳудуди 8-и Риштер ҷони наздик ба 90 ҳазор нафарро гирифт.

Хабаргузории Шинҳуо то кунун кушта шудани ду нафарро таъйид кардааст, аммо расонаҳои Чин эҳтимол додаанд омори кушташудагон болотар аст.

Хабаргузориҳои Чин гузориш додаанд, ки мардуми минтақа ба далели нигаронӣ аз пасларзаҳо ба хиёбонҳо баромадаанд

Матолиби муртабит