Инфиҷори тоза дар маъдане дар Чин муҷиби марги 6 нафар шуд

  • 1 Апрел, 2013

Инфиҷори тозаи гоз дар маъдане дар устони Ҷилин дар Чин 6 нафар кушта бар ҷой гузошта ва 11 нафари дигар мафқудуласар дониста мешаванд.

Ин дувумин инфиҷор дар ин маъдан тайи ҳафтаи ахир аст. Инфиҷори қаблӣ се рӯз пеш дар ин кон муҷиби марги 28 нафар шуд.

Дар ҳамин ҳол дар вилояти Табат ҷустуҷӯи аҷсоди кушташудагон дар сонеҳае дар як маъдан идома дорад.

Расонаҳои чинӣ гузориш додаанд дар маҳалле, ки маъданчиён ба асари лағзиши замин зери хок монда буданд, 36 ҷасад кашф шудааст.

Асомии 50 нафар дар феҳристи нопадидшудагон аст.