НОТУ муносиботаш бо Русияро ба ҳолати таълиқ даровард
Image copyrightReutersВузарои хориҷаи НОТУ тасмим гирифтанд тамомии фаъъолиятҳои низомӣ ва ғайринизомии худ бо Русияро ба ҳолати таълиқ дароваранд. Дабири кулли НОТУ муътақид аст инзимоми нимҷазираи Криме ба Русия "бузургтарин таҳдид" барои амнияти Урупо будааст.
Ондерс Фу Росмусен, дабири кулли НОТУ, рӯзи сешанбеи аввали апрел гуфтааст ҳеҷ ҳамкорие миёни НОТУ ва Русия "наметавонад мисли гузашта" сурат гирад.
Оқои Росмусен ҳамчунин ақибнишинии нерӯҳои Русия аз марзҳои шарқии Укройнро такзиб кардааст.
Таҷаммуъ ва истиқрори даҳҳо ҳазор нафар аз нерӯҳои низомии Русия дар марзҳои шарқии Укройн тайи чанд рӯзи гузаште давлати муваққати Укройн ва ҳомиёни ғарбии онро нигарон кардааст.
Вузарои хориҷаи 28 кишвари узви НОТУ, ки рӯзи сешанбе барои нахустин бор пас аз илҳоқи Криме ба хоки Русия, дар Бруксели Белжик даври ҳам ҷамъ омада буданд, дар баёнияе фаврӣ пайвастани нимҷазираи худмухтори Криме ба Федеросиюни Русияро маҳкум карданд.
Ин вузаро ҳамзамон бо мувофиқат бар сари таълиқи ҳамкориҳои НОТУ бо Русия , бар идомаи музокироти миёни НОТУ ва Маскав бар сари буҳрони Укройн таъкид карданд.
Қарор аст равобити НОТУ ва Русия дар ҷаласаи отии вузарои хориҷаи НОТУ, ки қарор аст моҳи июни оянда баргузор шавад, ба баҳс гузошта шавад.
Вузарои НОТУ дар ҷаласаи рӯзи сешанбеи худ ҳамчунин дар мавриди зарурати таъсиси як пойгоҳи низомӣ дар шарқи Урупо ба манзури таъмини амнияти кишварҳои ин минтақа ройзанӣ карданд.
Ҷангандаҳои НОТУ ҳам қарор аст гаштзаниҳои маъмули худро дар шарқи Урупо идома диҳанд. Иқдоме, ки ба гуфтаи нозирон метавонад дар шароити буҳронзадаи феълӣ дар Укройн ва шарқи Урупо бисёр маънодор талаққӣ мешавад.
Ҳамчунин бархе аз аъзои НОТУ чун Омрико ва Бритонёиаз дар ихтиёр гузоштани ҷангандаҳои бештар барои ин гаштзаниҳо хабар додаанд.
Оқои Росмусен ҳамзамон бо эъломи хабари таълиқи ҳамкориҳои НОТУ бо Маскав гуфт: "Паёми ин тасмим возеҳ ва мубарҳан аст, мо аз муттаҳидонамон ҳимоят мекунем. Мо аз Укройн ҳимоят мекунем ва ҳамчунин аз қавоъид ва муносиботи байналмилалӣ, ки дар чанд даҳаи гузашта бунён шуда, ҳимоят мекунем."
Дабири кулли НОТУ ҳамчунин аз ироаи кумакҳои НОТУ ба Укройн ва кумак ба тақвияти артиши ин кишвар хабар додааст.
Дар ин ҳол,порлумони Укройн анҷоми як риштатамринҳои низомии муштарак бо кишварҳои узви НОТУ-ро ба тасвиб расондааст.
Укройн узви НОТУ нест.
Вазорати умури хориҷаи Русия давлати муваққати Укройнро аз наздик шудани бештар ба НОТУ барҳазар дошта ва гуфтааст, ки чунин иқдоме дар гузашта "авоқиби нохушоянд" доштааст.
