Сабақи 'Баҳори арабӣ' ва инқилоби Укройн барои кишварҳои пасошӯравӣ

  • 2 Апрел, 2014
Тазоҳурот дар УкройнImage copyrightGetty
Image caption Тазоҳурот дар "Юрумайдон"-и Укройн ба хушунат ва хунрезӣ кашида шуд

Ҳаводиси мавсум ба "Баҳори арабӣ" ва "Юрумайдон"-и Киевро бо таваҷҷуҳ ба паёмадҳое, ки барои чанде аз кишварҳои арабӣ ва Укройн доштанд, метавон аз муҳимтарин ҳаводиси чанд соли ахир дар ҷаҳон донист.

Муҳимтарин рӯйдодҳои "баҳори арабӣ" ошӯби Миср ва ҷангҳои дохилии Либӣ ва Сурия буд. Рӯзи 25 январи соли 2011 ҷавонони Қоҳира дар нахустин "рӯзи хашм" ба майдони Таҳрир дар пойхтахти Миср рехтанд.

Баъд аз чанде ба тазоҳуроти ҷавонони талабгори мардумсолорӣ ва норозӣ аз ҳукумати қариб сисолаи раисҷумҳур ва женерол Ҳуснӣ Муборак нерӯҳои муназзами сиёсӣ - мухолифони низом, аз ҷумла ҳаракатҳои исломӣ, ҳамроҳ шуданд.

Рӯзи 11 феврал зери фишори тазоҳуроти эътирозие, ки тамоми кишварро фаро гирифт ва фишори сарварони артиш, ки аз сиёсатҳои фармондеҳи худ ва атрофиёни ӯ, ки манфиъатхои умдаи мансабдорони баландпояи низомиро таҳдид мекарданд, Ҳуснӣ Муборак аз риёсати ҷумҳурии Миср даст кашид.

Рӯзи 15 феврал дар шаҳри Бенғозӣ, воқеъ дар шарқи Либӣ, ҷавонон даст ба эътирозу тазоҳурот заданд, ки ҳамоно ба ҳамлаҳо ба чанде аз пулисхонаҳо ва анборҳои силоҳи нерӯҳои низомӣ мунҷар шуд. Дере нагузашта Бенғозӣ маркази ҳаракати мусаллаҳона алайҳи ҳукумат гашту ҷанги дохилӣ дар кишвар шурӯъ шуд.

Рӯзи 19 март нерӯҳои НОТУ бо такя ба тафсири худ аз қатъномаи Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эъломи минтақаи мамнӯъ барои парвози ҳавопаймоҳои давлатӣ на танҳо нерӯҳои ҳукуматӣ, балки хеле аз бахшҳои муҳимми ғайнинизомии воқеъ дар манотиқи зери назорати ҳукумат қарордоштаро бумборон карданд. Билохира, ҷанг ба сарнагунии Муъаммар Қаззофӣ ва суқути давлати ӯ анҷомид.

Аз охирҳои моҳи феврали соли 2011 мухолифини давлати Сурия низ шурӯъ ба тазоҳуроти эътирозии хурдҳаҷме карданд. Рӯзи 15 март тазоҳуроти калон дар шаҳри ҷанубии Даръо баргузор шуд. Тазоҳурот ба бархурд бо пулис анҷомид. Дере нагузашта дар шаҳру маҳаллоти дигари Сурия низ тазоҳурот сар зад.

Image copyrightAP
Image caption Пас аз сарнагунии давлати Виктур Ёнукувич дар Укройн Русия минтақаи Кримеро ба худ илҳоқ кард

Амалан, аз ибтидо тазоҳурот бо истифода аз силоҳ аз ҳарду тараф ба хушунат кашида шуд. Моҳи июн эътирозҳо ба ҷанги феълии шаҳрвандӣ бо дахолати кишварҳои зиёд анҷомид…

Дар паҳнои пасошӯравӣ ҳодисаҳои мушобеҳе дар Укройн сурат гирифт. Ба ибтикори раисҷумҳури ин кишвар Виктур Ёнукувич раванди ворид шудан ба эътилоф бо Иттиҳодияи Урупо ба роҳ монда шуд. Аммо моҳи ноябри соли 2013, ҳангоме ки қарордод дар ин бора барои имзо омода шуд, оқои Ёнукувич ба далели аз лиҳози иқтисодӣ ғайримуфид будани чунин эътилоф, ҳадди ақал дар ҳамин вақту соъат, имзои онро то вақти дигар мавқуф гузошт.

Билофосила баъд аз ин кори оқои Ёнукувич мухолифини ӯ дар майдони "Истиқлол"-и Киев тазоҳуроти эътирозиро зери унвони "Юрумайдон" ба роҳ андохтанд. Рӯзҳои 21-23 феврали соли 2014 эътирозоти мухолифини оқои Ёнукувич ба барканории раиси ҷумҳурии машрӯъ аз қудрат анҷомид.

Умдатарин вижагие, ки ҳамаи ин рӯйдоду ҳодисаҳоро ба ҳам наздик месозад, ин аст, ки то ба ҳол паёмаду оқибатҳои "Баҳори арабӣ" ва "Юрумайдон"-ро барои ҳар кадом аз кишварҳои ёдшуда ва мардуми он мусбат тавсиф кардан басо душвор аст.

Миср баъд аз барканории Ҳуснӣ Муборак тавонист, сарфи назар аз душвориҳо, нахустин интихоботи озоди риёсати ҷумҳуриро дар торихи чандҳазорсолаи хеш баргузор намояд. Дар рафти он боз ҳам барои бори нахуст дар торихи пасоподшоҳии Миср сиёсатмадоре ғайринизомӣ ба ҳайси сарвари давлат интихоб шуд.

Вале аҳди ин раисҷумҳур – Муҳаммад Мурсӣ, намояндаи ҳаракати Ихвонулмуслимин, дер напойид. Як сол нагузашту вазири дифоъи Миср женерол Абдулфаттоҳи Сисӣ бо такя бар дархости мардум оқои Мурсиро аз қудрат барканор кард. Имрӯз ӯ дар рутбаи мушир (моршол) ба ҳайси баргузидаи мардумӣ барои интихоб шудан ба мақоми раиси ҷумҳур омодагӣ мебинаду касе дар Миср дар пирӯзии ӯ шакке надорад.

Image copyright
Image caption Ҳазорон нафар дар ҷангҳои Сурия кушта ва садҳо ҳазор бехонумон шудаанд

Аз барканории як раисҷумҳури низомӣ аз қудрат тавассути мардум ва бозгашти дубораи низомиён ба қудрат ҳамагӣ се сол гузашт, вале дар ин байн кишвар бенизом гашту барои бори аввал дар дусад соли ахир ҳукумат ва мухолифинаш дар набарди нисбатан давомдори мусаллаҳона қарор доранду рушди иқтисод ва имконоти молии кишвар шадидан коҳиш ёфт. Мардум аз ин се соли инқилоб чи баҳра бурд, маълум нест.

Давлати Либӣ дар натиҷаи инқилоб амалан пароканда гашту аз давлатдории муассир ва иҷтимоъии пешин асаре ба чашм намерасад. Ба истилоҳи тоҷикон, имрӯз дар ин кишвар саг соҳиби худашро намеёбад ва соҳибони феълии кишвар дастаҳои хурду калони мусаллаҳ гаштаанд. Аз шукуфоии собиқ ва сатҳи баланди пешини зиндагӣ барои ҳар шаҳрванди Либӣ чизе боқӣ намондааст.

Ҷанги дохилӣ дар Сурия қисмати хеле зиёди кишварро ба харобазор табдил дод. Хисорати моддиро коршиносон баробар бо даҳҳо милёрд дулор медонанд. Ҳамаи ин бар замми беш аз 100 ҳазор мардуме, ки ҷони худро аз даст доданд, ва милюнҳо гурезаву паноҳанда дар давлатҳои ҳамсоя.

"Юрумайдон"-и Киев Укройнро ғарқи бесарусомонӣ кард ва давлат ба кунтрули силоҳбадастони худсар даромад. Бар замми ин, кишвар якпорчагии қаламрави худро аз даст дод.

Паёмадҳои феълии "Баҳори арабӣ" ва "Юрумайдон"-и Киев масъалаи ҳамешагиро дар майдони сиёсат – масъулияти нухбагони сиёсии ин ё он кишвар, хоҳ ҳоким бошанду хоҳ мухолиф, дар нисбати давлату мардуми хеш, масъалаи доғи рӯз гардонд. Раванди ҳавдоис нишон дод, ки чи дар давлатҳои арабӣ ва чи дар Укройн ин нухбагон аз масъулияти кофӣ дар назди кишвару мардуми хеш бархурдор набуданд.

Image copyrightAFP
Image caption Эътирозоти моҳи январи 2011 дар майдони "Таҳрир"-и шаҳри Қоҳира ба сарнагунии Ҳуснӣ Муборак, раисҷумҳури собиқи Миср, анҷомид

Баъзе аз онҳое, ки солиёни сол султаро дар даст доштанд, нахостанд ва баъзеи дигар натавонистанд ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоъиро, ки зарурати гузарондани онҳо кайҳо пухта расида буд, роҳандозӣ намоянд. Сар печидан аз ислоҳот ва ё надоштани имконоти кофии сиёсӣ, аз ҷумла иродаи сиёсӣ, барои раҳоӣ аз атрофиёне, ки бо камтарин талошҳо барои ислоҳот шадидан муқовимат мекарданд, заминаи лозимро барои сар задани буҳрони сиёсӣ ва оташи инқилобу ҷангҳои шаҳрвандӣ муҳайё кард.

Ба навбаи худ, мухолифини низомҳои мавҷудбуда низ дар сатҳи масъулияти лозима набуданду нестанд. Тавре маълум гашт, дар ҳеч як аз кишварҳои ёдшуда мухолифин барои ҳукумат кардан аслан омода набуданд. Ба ин маъно, ки ҳеч гуна барномаи ҷиддан баррасишуда, наздик ба воқеъият ва қобили иҷрои марҳала ба марҳаларо баъди расидан ба қудрат надоштанд.

Агар кадом як барномаву нақшаи кор дошта бошанд ҳам, он ба дараҷае аз воқеъият дур буд, ки ҳеч имкони ба амал татбиқ карданаш вуҷуд надошт. Боз ба як вижагии раванди ҳодисаҳо бояд ишора кард. Он ҳам бошад, дахолати густардаву муассири бегонагон дар раванди рӯйдодҳо дар Миср, Либӣ, Сурия ва Укройн аст.

Дар Либӣ ва Сурия мухолифини ҳукумат амалан аз ибтидои воқеъаҳо рӯ ба давлатҳои Ғарб ва муттафиқони онҳо дар кишварҳои арабӣ буданду аз онҳо барои сарнагунии низом дархости мусоъидат карда буданд. Дар Укройн ҳам мухолифони давлат ба кумаки давлатҳои Ғарб такя доштанд.

Ҳамин такяи мухолифин ба бегонагон буд, ки оқибати ҳодисаҳо барои кишварҳои ёдшуда басо сангин гашт. Аз он ҷиҳат, ки бо ин эътимод кишварҳои бегона билофосила манфиъатҳои милливу роҳбурдии худро дунбол карданд. Ҳадафи сиёсии онҳо дар Либӣ аз байн бурдани низоме буд, ки дар арсаи байналмилалӣ сиёсати мустақил дошт ва пиёда шудани сиёсатҳои ононро дар минтақа намехост.

Image copyrightReuters
Image caption Дар ҳаводиси мавсум ба "Баҳори арабӣ" Муъаммар Қаззофӣ, раҳбари Либӣ, ки 40 сол зимоми қудратро дар даст дошт, сарнагун шуд ва ба қатл расид

Худи ҳамин гуна ҳисобу китоб ва, бар замми ин, талош барои заъиф сохтани нуфузи давлати Русия боъис шуд, ки кишварҳои Ғарб ба пуштибонии пурраву комил аз мухолифин дар Сурия ва Укройн пардохтанд.

Табиъист, ки Русия, ки дар аҳди Владимир Путин батадриҷ дубора қавӣ гашт, дар ин гуна вазъият дасткӯтоҳ будан намехост. Баҳри таъмини манфиъатҳои миллӣ ва роҳбурдии хеш ва бо такя ба дархости ҳукумат дар Сурия ва мардуми русу русзабонони Укройн ба кумаки онҳо шитобид.

Дар натиҷа, қазияи Сурия ва Укройн аз як қазияи сирф дохилӣ амалан ба доругири абарқудартҳои ҷаҳон табдил шуд. Азбаски ҳеч яке аз ин абарқудратҳо камтарин гузаштро нисбат ба якдигар қабул надоранд, ҷанги дохилӣ дар Сурия ба дарозо кашиду тарафҳои дохилии низоъ танҳо дар фикри, ба истилоҳ, "ҳалли амниятии" он ба фоидаи хеш ҳастанду раванди ба харобазор табдил додани Сурия ҳамоно идома дорад.

Дар Укройн бошад, дар натиҷаи сарсахтии абарқудратҳо дар расидан ба аҳдофи роҳбурдияшон кор то ба ҷудо шудани шибҳиҷазираи Криме ва илҳоқи он ба Русия кашид. Боз худо медонад, ки ин доругири абарқудратҳо чи оқибатҳое барои Укройн ва мардуми он метавонад дар пай дошта бошад.

Паёмадҳои ногувори "Баҳори арабӣ" ва "Юрумайдон"-и Укройн бояд барои нухбагони кишварҳои дигари пасошӯравӣ, чи ҳоким ва чи мухолиф, бавижа дар Осиёи Миёна, дарси ибрат ва сабақи хеле возеҳ ва ҷиддӣ гарданд, агар нахоҳанд, ки ин паёмаду оқибатҳо ба сари кишвару мардумонашон ояд.

Матолиби муртабит