Муҳокимаи Муҳҳамад Мурсӣ дар Миср оғоз шуд

Муҳокимаи Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳурии барканоршудаи Миср дар миёни тадобири шадиди амниятӣ оғоз шудааст.
Муҳаммад Мурсӣ бо ҳеликуптер аз зиндон ба додгоҳ бурда шуд.
Муҳаммад Мурсӣ муттаҳам ба созмондиҳии фарори ҷамъии зиндониён дар шӯришҳои соли 2011 ва куштани афсарони пулис аст.
Ин яке аз чаҳор додгоҳе аст, ки қарор аст барои Муҳаммад Мурсӣ ташкил шавад.
Раиси ҷумҳурии пешини Миср дар як қафаси шишаии зидисавтӣ дар додгоҳ ҳузур ёфтааст ва фақат қодир ба шунидани ҷараёни муҳокима аз тариқи гӯшӣ аст ва бо иҷозаи қозӣ метавонад суҳбат кунад.
Ин дар ҳоле аст ки пеш аз шуруъи додгоҳ садои оқои Мурсӣ шунида шуд, ки хитоб ба қозӣ гуфт: "Шумо чикораед? Медонед ман ки ҳастам?
Қозӣ низ дар посух гуфт: "Ман раиси додгоҳи кайфарӣ ҳастам."
Ба гуфтаи хабарнигорон дар муҳокимаҳои қаблӣ Муҳаммад Мурсӣ бо фарёд задан ва шиъор додан алайҳи ҳукумати кунунии Миср ҷаласаи додгоҳро баҳам зада буд.
Шумори дигаре аз муттаҳамон низ бо оқои Мурсӣ муҳокима мешаванд.
Муҳаммад Мурсӣ дар июли соли 2013 пас аз тазоҳурот алайҳи ӯ тавассути артиши Миср аз қудрат барканор шуд.
Аз он замон ба ин сӯ ҳаводорони оқои Мурсӣ ва Ихвонулмуслимин ба таври мураттаб даст ба тазоҳурот зада ва хоҳони бозгашти ӯ ба қудрат шудаанд.
Дар ҳамин ҳол гузориш мешавад, ки Муҳаммад Саид, яке аз мақомоти баландпояи вазорати кишвари Миср хориҷ аз манзилаш дар Қоҳира ҳадафи тирандозии афроди мусаллаҳи ношинос қарор гирифта ва кушта шудааст. Ин афрод баъд аз террури женерол Саид мутаворӣ шуданд.
