Таъвиқи додгоҳи Муҳаммад Мурсӣ ба далели шиъор додани муттаҳамон

  • 4 Ноябр, 2013
Image caption Чаҳор ангушти даст, ки ба кушта шудани таҳассункунандагон дар муқобили масҷиди Алъадавия ишора дорад, ба самбули тарафдорони оқои Мурсӣ бадал шудааст

Қозии додгоҳи Муҳаммад Мурсӣ додгоҳро ба далели шиъор додани муттаҳамон ва худдории оқои Мурсӣ аз пӯшидани либоси зиндон ба таъвиқ андохтааст.

Ин дар ҳолест, ки додгоҳ бо ду соъат таъхир кори худро шурӯъ кард ва ба эҳтимоли зиёд соъоте баъд аз сар гирифта хоҳад шуд.

Оқои Мурсӣ ва 14 нафар аз аъзои аршади аршади Ихвонулмуслимин муттаҳам ба судури дастури куштори муътаризон дар муқобили кохи раёсати ҷумҳурӣ дар ёздаҳ моҳ пеш ҳастанд ва имрӯз нахустин рӯзи муҳокимаи онон аст.

Ҳузури оқои Мурсӣ дар саҳни додгоҳ аввалин ҳузури ӯ дар анзори умумӣ баъд аз дастгирӣ ба шумор меравад. Дар сурате, ки додгоҳ оқои Мурсӣ ва дигаронро муҷрим ташхис диҳад, мумкин аст онҳоро ба марг маҳкум кунад.

Дар ҳамин ҳол, тадобири шадиди амниятӣ барқарор шуда ва ба гуфтаи нозирон дар фазои муташанниҷи феълӣ мумкин аст хушунат ва нооромӣ оғоз шавад.

Ҳомиёни оқои Мурсӣ хоҳони роҳпаймоии густардае дар ҳимоят аз ӯ шудаанд ва нерӯҳои амниятӣ дар омодабоши комил ҳастанд.

Додгоҳи оқои Мурсӣ ва чеҳраҳои барҷастаи Ихвонулмуслимин аз ҷумла Муҳаммад Билтоҷӣ ва Бадр Абдулъатӣ дар донишгоҳи пулиси Қоҳира баргузор мешавад.

Ба ин тартиб, дар Миср муҳокимаи ду раиси ҷумҳури собиқ, Муҳаммад Мурсӣ ва Ҳуснӣ Муборак, ҳамзамон ва дар як макон дар ҷааён аст.

Ба гуфтаи як мақоми аршади амниятӣ оқои Мурсӣ бо чархбол ба додгоҳ мунтақил шудааст ва дигарон дар соъатҳои манъи рафту омад бо худрав ба маҳалли додгоҳ дар шарқи Қоҳира бурда шудаанд.

Ба гуфтаи родиюи давлатии Миср, оқои Мурсӣ дар лаҳзаи вуруд ба сохтмон аз фосилаи дур ва бо либоси шахсӣ дида шудааст.

Телевизиюни давлатии Миср таҷаммуъи ҳаводорони Мурсиро беруни маҳалли додгоҳ нишон дод, аммо садои шиъорҳои онҳоро, ки Абдулфаттоҳ Сисӣ, фармондеҳи артишро хоин меномиданд, басуръат қатъ кард.

Маҳалли додгоҳ дирӯз ногаҳон тағйир кард ва аз зиндони Тура ба маҳалли феълӣ мунтақил шуд. Гуфта мешавад далели ин иқдом ҷилавгирӣ аз таҷаммуъи тарафдорони оқои Мурсӣ дар атрофи додгоҳ ва эҷоди мавонеъи амниятии бештар будааст.

Тарафдорони оқои Мурсӣ дар эътироз ба додгоҳ барои тазоҳуроти густардае фарохон додаанд ва пулису нерӯҳои амниятӣ дар омодабоши комил ҳастанд.

Дар Искандария 18 нафар ба далели он чи телевизиюни давлатии Миср "ошӯб" номида, дастгир шудаанд ва авзоъ дар ин шаҳр ноором аст.

Интизор меравад 20 000 пулис ва нерӯҳои амниятӣ барои барқарории низом мустақар шаванд.

Ин нерӯҳо истгоҳҳои утубус ва қаторро барои ҷилавгирӣ аз гирдиҳамоии исломгароҳо зери назар доранд ва баъзе аз хутути метруи наздики маҳалли баргузории долдгоҳро бастаанд.

Оқои Мурсӣ баъд аз барканории Ҳуснӣ Муборак, аввалин раиси ҷумҳури Миср шуд, ки бо интихоби озод ба қудрат расид, аммо дар сенздаҳ моҳи зимомдории худ бо ниҳодҳои мухталиф ихтилоф пайдо кард ва саранҷом бо дахолати артиш аз раёсати ҷумҳурӣ барканор шуд. Ӯ аз он замон дар макони номаълуме дар боздошт будааст.

Тарафдорони оқои Мурсӣ ин иқдоми артишро кудето ва ғайриқонунӣ хонданд ва хостори бозгашти оқои Мурсӣ ба раёсати ҷумҳурӣ ҳастанд.

Пас аз барканории оқои Мурсӣ таҳассуни тарафдорони ӯ бо хушунати артиш мувоҷеҳ шуд, ки боъиси кушта шудани садҳо нафар шуд.

Дар моҳҳои гузашта ҳам Миср дастхуши нооромӣ ва задухӯрд байни артиш ва тарафдорони оқои Мурсӣ буда ва шумори кушташудагон дар ин муддат ҳазор нафар тахмин зада мешавад.

Рӯзи шанбе рӯзномаи Алватан баъд аз чаҳор моҳе, ки аз боздошти оқои Мурсӣ мегузарад, нахустин тасовирро аз ӯ мунташир кард. Ин тасовир, ки аз сӯйи манобеъи мухталиф таъйид нашудаанд, оқои Мурсиро дар либоси гармкун ва рӯйи як мубл нишон медиҳанд.

Ба гуфтаи хабарнигорон мардум нигарони нооромиҳо ва хушунат дар рӯзҳои оянда ҳастанд ва бими онро доранд, ки шикоф ва тафриқа дар ҷомеъаи Миср ҳарчи шадидтар шавад.

Матолиби муртабит