Котрин Эштун: Ҳоли Муҳаммад Мурсӣ хуб аст

Котрин Эштун , масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Урупо пас аз дидор бо Муҳаммад Мурсӣ , раиси ҷумҳури барканоршудаи Миср дар ҷамъи хабарнигорон дар Қоҳира гуфт, ки ҳоли оқои Мурсӣ хуб аст ва ба телевизиюн ва рӯзнома дастрасӣ дорад.
Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Урупо афзуд, ки дар ҷараёни ин дидори онҳо дар бораи зарурати таҳаввул дар Миср музокира карданд.
Хонуми Эштун аввалин мақоми хориҷӣ аст, ки аз замони сарнагунии ҳукумати Муҳаммад Мурсӣ дар авоили моҳи ҷории мелодӣ тавассути артиш бо ӯ дидор мекунад.
Сухангӯи хонуми Эштун гуфтааст, ки ин дидор дар маҳали нигаҳдории оқои Мурсӣ сурат гирифта ва ба муддати ду соъат идома доштааст.
Муҳаммад Мурсӣ аз авоили моҳи ҷории мелодӣ тавассути артиш аз самти худ барканор шуд ва аз он замон дар маҳалли номаълуме таҳти назар қарор дорад.
Хонуми Эштун дар посух ба ин савол ки оқои Мурсӣ дар куҷо боздошт аст, гуфт: "Ман намедонам, ки ӯ куҷост. Аммо дидам, ки имконоте дар ихтиёри ӯ гузоштаанд."
Бархе гузоришҳо ҳокист аз он ҷо ки хонуми Эштун душанбешаб тавассути ҳеликуптер ба мулоқоти Муҳаммад Мурсӣ бурда шуда, гумоназаниҳо ҳокӣ аст, ки эҳтимолан раиси ҷумҳури барканоршудаи Миср дар ҷое хориҷ аз Қоҳира нигаҳдорӣ мешавад.
Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Урупо ҳамчунин гуфт, ки дар ҷараёни музокироташ бо мақомоти ҳар ду ҷиноҳ ба онҳо гуфта, ки Иттиҳодияи Урупо дар садади "кумак ба мардуми Миср аст, то онҳо битавонанд барои ояндаи худ тасмим гиранд."
Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Уроупо, рӯзи якшанбеи 28 июл ба Қоҳира сафар карда, рӯзи гузашта бо шуморе аз мақомоти давлати муваққат, аз ҷумла Адлӣ Мансур, раиси ҷумҳурӣ, Муҳаммад Албародеъӣ, муъовини раиси ҷумҳурӣ дар умури байналмилал ва женерол Абдулфаттоҳ Алсисӣ, фармондеҳи артиш, дидору гуфтугӯ кард.
Дидори хонуми Эштун аз Миср дар ҳоле сурат гирифта, ки гузоришҳо аз кушта шудани дастикам 80 нафар аз ҳомиёни оқои Мурсӣ дар ҷараёни даргириҳои рӯзҳои ахир бо нерӯҳои амниятӣ ҳикоят дорад.
Рӯзи гузашта Ихвонулмуслимин, ки аз оқои Мурсӣ ҳимоят мекунад, бори дигар аз ҳаводоронашон хоста имрӯз (30 июл) даст ба роҳпаймоии эътирозии густарда бизананд.
Давлати муваққати Миср дар муқобил ҳушдор дода, ки бо ҳар гуна қонуншиканӣ башиддат бархӯрд мешавад.
Хонуми Эштун қабл аз сафар ба Миср гуфт, ки дар ҷараёни дидораш бо мақомоти Миср хостори давлате фарогир бо ширкати гурӯҳҳо ва аҳзоби мухталифи сиёсӣ, аз ҷумла Ихвонулмуслимин, хоҳад шуд.
Ихвонулмуслимин ва муттаҳидони ин ҳизб мегӯянд оқои Мурсӣ дар ҷараёни интихоботе озод бар сари кор омада ва бояд ба кори худ ба унвони раиси ҷумҳур идома диҳад.
