Муҳаммад Мурсӣ дар остонаи муҳокима дар Миср

  • 4 Ноябр, 2013
Image caption Ҳомиёни Муҳаммад Мурсӣ хостори баргузории роҳпаймоӣ дар ҳимоят аз ӯ шудаанд

Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳурии барканоршудаи Миср ва 14 узви аршади Ихвонулмуслимин қарор аст имрӯз (душанбеи 4 ноябр) барои муҳокима ба додгоҳ бираванд.

Иттиҳоми онҳо тасмим ба қатли тазоҳуркунандагон дар тӯли даргириҳои хориҷ аз кохи раёсати ҷумҳурӣ аст, ки зимистони гузашта рух дод.

Ҳомиёни оқои Мурсӣ хоҳони роҳпаймоии густардае дар ҳимоят аз ӯ шудаанд ва нерӯҳои амниятӣ дар омодабоши комил ҳастанд.

Оқои Мурсӣ дар пайи эътирозоте алайҳи ӯ тавассути артиш барканор шуд

Агарчи Мурсӣ барандаи интихоботе демукротик буд, дар тӯли 13 моҳи раёсати ҷумҳурии худ бо ниҳодҳои аслии кишвар дучори мушкил шуд.

Дар пайи барканории оқои Мурсӣ, таҳассуни эътирозии ҳомиёни ӯ бо хушунат тавассути артиш саркӯб шуд ва садҳо нафар кушта шуданд.

Давлати интиқолӣ дар айни ҳол Ихвонулмуслиминро низ саркӯб карда ва фаъъолияти онро мамнӯъ эълом карда ва даҳҳо нафар аз аъзои онро дастгир кардааст.

Ҳомиёни оқои Мурсӣ мегӯянд раҳбарашон дар як кудетои низомӣ барканор шуда ва ҳоло бо як додгоҳи сиёсӣ рӯбарӯст

Хабарнигорон мегӯянд пулис ба шиддат аз рӯзҳои пеши рӯ музтариб аст ва интизор меравад додгоҳ шикофи миёни мисриҳоро амиқтар кунад ва ба нооромӣ ва бесуботӣ доман бизанад.

Якшанбешаб мардони мусаллаҳ ду пулиси мисриро наздики шаҳри Исмоиъилия куштанд ва нигаронӣ аз шиддат гирифтани хушунатҳо ҷиддист.

Интизор меравад нерӯҳои амниятӣ ҳудуди 20 000 афсарро барои барқарории низом мустақар кунанд.

Ин нерӯҳо истгоҳҳои утубус ва қаторро барои ҷилавгирӣ аз гирдиҳамоии исломгароҳо зери назар доранд ва маҷмӯъае аз хутути метруи зерзаминии наздики маҳалли баргузории долдгоҳро бастаанд.

Танҳо чанд рӯз пеш аз баргузории додгоҳи оқои Мурсӣ се қозии додгоҳи Муҳаммад Бадеъ ва ду дастёраш аз раҳбарони аршади Ихвонулмуслимин канорагирӣ кардаанд.

Қозӣ Муҳаммад Фаҳмӣ Алқармутӣ гуфт ӯ ва ҳамкоронаш аз ин парванда "шармсоранд".

Коршиносони ҳуқуқӣ мегӯянд агар оқои Мурсӣ маҳкум шавад, мумкин аст ба ҳабси абад ва ё эъдом маҳкум шавад.

Матолиби муртабит