Додгоҳи Муҳаммад Мурсӣ ба таъвиқ уфтод

  • 8 Январ, 2014
Тарафдорони Муҳаммад Мурсӣ
Image caption Тарафдорони Муҳаммад Мурсӣ, ки чаҳор ангушти дасти худро боло мебурданд, тавассути пулис боздошт шудаанд

Додгоҳе дар Миср муҳокимаи Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳурии сарнагуншудаи ин кишварро то аввали феврал ба таъвиқ андохтааст.

Қозии додгоҳ гуфт, ки оқои Мурсӣ ба далели бадии обу ҳаво имкони ҳузур дар додгоҳро наёфтааст.

Ин дар ҳоле аст ки Иссом Алиррён аз аъзои аршади Ихвонулмуслимун, ки ӯ низ дар ҳоли муҳокимааст, дар додгоҳ фарёд зад, ки оқои Мурсӣ ба далели он ки ин муҳокимаро ғайриқонунӣ медонад, аз ҳузур дар он сар боз задааст.

Имрӯз субҳ гуфта шуд, ки Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури сарнагуншудаи Миср ба далели бадии обу ҳаво имкони интиқол ба зиндон барои муҳокимаро наёфтааст.

Як мақоми амниятии Миср гуфт, ки оқои Мурсӣ дар зиндоне дар Искандария аст ва бадии обу ҳаво монеъ аз интиқоли ӯ шудааст.

Оқои Мурсӣ ва чаҳордаҳ узви дигари Ихвонулмуслимин муттаҳам ба таҳрик ба қатли муътаризон дар баробари Кохи раёсати ҷумҳурӣ дар декабри 2012 аст.

Муҳаммад Мурсӣ дар июли соли 2013 пас аз тазоҳурот алайҳи ӯ тавассути артиши Миср аз қудрат барканор шуд.

Аз он замон ба ин су ҳаводорони оқои Мурсӣ ва Ихвонулмуслимин ба таври мураттаб даст ба тазоҳурот зада ва хоҳони бозгашти ӯ ба қудрат шудаанд.

Ҷумъаи гузашта ҳаддиақал ёздаҳ нафар дар даргирии миёни пулис ва ҳаводорони Ихвонулмуслимин кушта шуданд.

Битони Белл, хабарнигори Бибисӣ дар Қоҳира мегӯяд тадобири амниятӣ дар атрофи муҷтамаъи Акодемии миллии пулис дар Қоҳира, маҳалли баргузории муҳокима ташдид шудааст.

Расонаҳои мисрӣ гуфтанд, ки ҳазорон пулис ба ҳолати омодабош даромадаанд.

Ҳамчунин тарафдорони Муҳаммад Мурсӣ, ки чаҳор ангушти дасти худро боло мебурданд, тавассути пулис боздошт шудаанд. Ин нишон ба самбули ҳаводорони Муҳамад Мурсӣ табдил шудааст.

Давлати муваққати таҳти ҳимояти артиш дар Миср Ихвонулмуслиминро як гурӯҳи терруристӣ эъломи карда ва гуфтааст ҳар гуна тазоҳуроти эътирозӣ, ки тавассути ин гурӯҳ созмондиҳӣ шавад, ғайриқонунӣ аст.

Матолиби муртабит