Мурсӣ ба ҳамкорӣ бо нерӯҳои хориҷӣ дар терурисм муттаҳам шуд

Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури барканоршудаи Миср ба тавтеъа ва ҳамкорӣ бо нерӯҳои хориҷӣ барои иқдомҳои терруристӣ муттаҳам шуд.
Додситонҳо мегӯянд, ки оқои Мурсӣ бо Ҳизбуллоҳи Лубнон ва Ҳамос барои иқдомҳои терруристӣ иттиҳодеро ташкил дода буд.
34 нафари дигар аз ҳамкорони оқои Мурсӣ дар Ихвонулмуслимин, аз ҷумла Муҳаммад Бадеъ, раҳбари ин ҳизб низ дар мавориди гуногун муттаҳам шудаанд.
Моҳи гузашта ӯ дар хусуси иттиҳомоте назири нақш доштан дар куштори муътаризон ва эъмоли хушунат алайҳи онон дар додгоҳ ҳузур ёфт.
Пас аз барканории оқои Мурсӣ аз раёсати ҷумҳурӣ дар моҳи июл тавассути артиш ҳазорон узви Ихвонулмуслимин, аз ҷумла аъзои аршади он боздошт шуданд.
Хабаргузории давлатии "МЕНО" гузориш карда, ки оқои Мурсӣ ба ҳамроҳи Муҳаммад Бадеъ ва ду муъовини ӯ муттаҳаманд, ки дар интиқоли иттилоъоти маҳрамонаи Миср ба кишварҳои хориҷӣ, ҳимоят аз терурисм, монуври низомӣ ва иқдомоти дигар сабот ва истиқлоли Мисрро зери савол бурдаанд.
Ҳамчунин гузориш шуда чандин нафари дигар аз наздикони оқои Мурсӣ аз ҷумла Исом Ҳаддод, раиси дафтари оқои Мурсӣ муттаҳаманд, ки иттилоъоти маҳрамонаро дар ихтиёри сипоҳи посдорони Эрон гузоштаанд.
Оқои Мурсӣ баъд аз барканории Ҳуснӣ Муборак, аввалин раиси ҷумҳури Миср шуд, ки бо интихоботи озод ба қудрат расид, аммо дар сездаҳ моҳи зимомдории худ бо ниҳодҳои мухталиф ихтилоф пайдо кард ва саранҷом бо дахолати артиш аз раёсати ҷумҳурӣ барканор шуд. Ӯ аз он замон дар макони номаълуме дар боздошт будааст.
Тарафдорони оқои Мурсӣ ин иқдоми артишро кудето ва ғайриқонунӣ медонанд ва хоҳони бозгашти оқои Мурсӣ ба раёсати ҷумҳурӣ ҳастанд.
Пас аз барканории оқои Мурсӣ таҳассуни тарафдорони ӯ бо хушунати артиш мувоҷеҳ шуд, ки боъиси куштаи шудани садҳо нафар шуд.
