Миср "бадтарин" кишвари араб дар заминаи риъояти ҳуқуқи занон

  • 12 Ноябр, 2013
Занони мисрӣ
Image caption Нооромиҳои Миср ки ба сарнагунии Ҳуснӣ Муборак ва Муҳаммад Мурсӣ мунҷар шуд , бо афзоиши чашмгири хушунатҳо ба хусус алайҳи занон рӯбарӯ шуд

Натоиҷи як таҳқиқ нишон медиҳад Миср бадтарин кишвари араб дар заминаи риояти ҳуқуқи занон аст.

Нооромиҳои Миср, ки ба сарнагунии Ҳуснӣ Муборак ва Муҳаммад Мурсӣ мунҷар шуд, бо афзоиши чашмгири хушунат ба хусус алайҳи занон ҳамроҳ будааст.

Таҳқиқ дар ин бора тавассути Бунёди Томсуни Руйтерз сурат гирифта ва нишон медиҳад, ки озор ва азияти ҷинсӣ нархи болои хатнаи занон ва раванди рӯ ба афзоиши нуфуз ва таъсиргузории гурӯҳҳои исломгаро бар ҷомеъа аз далоили вахомати ҳуқуқи занон ва ҷой гирифтани Миср дар поинтарин рада дар миёни 22 кишвари араб будааст.

Дар ин таҳқиқ ҷазоири Комор, ки занон бист дарсади вазоратхонаҳои онро дар даст доранд, аз лиҳози ҳифзи ҳуқуқи занон дар садри ҷадвал қарор гирифтааст.

Пас аз ҷазоири Комор кишварҳои Умон, Кувайт, Урдун ва Қатар болотарин радаҳоро аз назари эҳтиром ба ҳуқуқи занон дар ихтиёр доранд.

Таҳқиқи анҷомшуда тавассути Бунёди Томсуни Руйтерз аз 330 мутахассиси масойили ҷинсиятӣ дар 21 кишвари Иттиҳодияи Араб ва Сурия сурат гирифтааст.

Сурия, аз муассисони Иттиҳодияи Араб буда, аммои узвияташи ду соли пеш ба далели наҳваи бархурди давлат бо муътаризон ба ҳоли таълиқ даромад.

Пас аз Миср, Ироқ, Арабистон, Сурия ва Яман бадтарин вазъиятро аз назари риояти ҳуқуқи занон дар ҷаҳони араб доранд.

Дар ин таҳқиқ аз мутахассисон хоста шуд то авомиле чун хушунат алайҳи занон, рафтор бо зан дар хонавода, нақши зан дар сиёсат ва иқтисод ва ҳуқуқи борварии занонро баррасӣ кунанд.

Ин таҳқиқ хотирнишон мекунад, ки бархурди табъизомез ва афзоиши қочоқи занон аз ҷумлаи авомиле буда, ки боъис шуда Миср чунин вазъеро дошта бошад.

Заҳро Ридвон аз гурӯҳи ҳуқуқибашарии "Муассисаи ҷаҳонӣ барои занон" мегӯяд дар ҳумаи Қоҳира рустое вуҷуд дорад, ки иқтисоди он бар пояи қочоқи занон ва издивоҷи иҷбории онҳо шакл гирифтааст.

Аммо муҳимтарин омил озор ва азияти ҷинсии занон дар Миср аст.

Гузориши Созмони Милал, ки апрели имсол мунташир шуд, хотирнишон кард, ки 99,3 дарсади занон ва духтарон дар Миср мавриди озор ва азияти ҷинсӣ қарор мегиранд.

Таҳқиқи бунёди Томсуни Руйтерз мегӯяд, ки шароити Ироқи имрӯза беш аз даврони Саддом Ҳусайн барои занон хатарнок шудааст.

Дар ин таҳқиқ Арабистони Саъудӣ низ дар заминаи ҳузури занон дар сиёсат, табъиз дар маҳалли кор, маҳдудияти ҳаққи моликият ва озодии рафтуомад имтиёзи бисёр каме гирифтааст. Албатта ин кишвар дар заминаи омӯзиш ва беҳдошт, ҳуқуқи борварӣ ва хушунат алайҳи занон аз бисёре аз кишварҳои араб пешрафтатар аст.

Матолиби муртабит