Эътироз ба қонуни ҷадиди тазоҳурот дар Миср

  • 25 Ноябр, 2013
Image caption Тазоҳуроти тарафдорони Муҳаммад Мурсӣ

Гурӯҳҳои ҳуқуқибашарӣ дар Миср фармони ҷадидеро, ки давлат барои муқобила бо тазоҳурот содир карда, маҳкум кардаанд.

Қонуни ҷадидро Адлӣ Мансур, раиси ҷумҳурии интиқолии Миср, имзо кардааст.

Бино ба ин қонуни ҷадид бидуни ин ки ба пулис иттилоъ дода шуда бошад, наметавон тазоҳуротеро тартиб дод.

Бисёре муътақиданд, ки ин қонунро давлат барои ҷилавгирӣ аз тазоҳуроти тарафдорони Ихвонулмуслимин ва раиси ҷумҳурии барканоршуда, Муҳаммад Мурсӣ, вазъ кардааст.

Дар се соли гузашта дар Миср ду раиси ҷумҳурӣ бо тазоҳуроти густарда аз кор барканор шуданд.

Ин қонун рӯзи якшанбе ба дунболи он имзо шуд, ки тазоҳуроти густардае дар шаҳрҳои мухталифи Миср ба вуқӯъ пайваст.

Дар Қоҳира ва шаҳрҳои дигари Миср, ҳазорон нафар аз мардуми Миср дар ҳимоят аз Муҳаммад Мурсӣ ба хиёбонҳо омаданд.

Онҳо барои садумин рӯзи барканории оқои Мурсӣ ба хиёбонҳо омада буданд.

Дар рӯзи ҷумъа тазоҳуроти мушобеҳе дар Қоҳира рӯй дод, ки бо муқобила бо мухолифони Муҳаммад Мурсӣ рӯбарӯ шуд.

Оқои Мурсӣ инрӯзҳо мунтазири баргузории додгоҳаш аст. Ӯ аз ҷумла муттаҳам аст, ки фармони куштани тазоҳуркунандагонеро дода, ки дар соли 2012 зидди ӯ тазоҳурот мекарданд.

Созмонҳои ҳуқуқибашарӣ пеш аз ин ки ин қонуни ҷадид ба имзои раиси ҷумҳурии муваққати Миср бирасад ҳам бо он мухолифат карда буданд.

Дар баёнияе, ки ба имзои 19 созмони ҳуқуқи башарии Миср расида, омадааст, ки ин қонуни ҷадид ҳар гуна таҷаммуъи мусолиматомезро номумкин мекунад

Онҳо ҳамчунин ҳушдор додаанд, ки бино ба қонуни ҷадид, давлат метавонад бо зӯр бо "тазоҳуроти мусолиматомези муътаризон" муқобила кунад.

Аммо нахуствазири Миср дар гуфтугӯе бо хабаргузории Фаронса мегӯяд, ки бино ба ин қонун танҳо лозим аст, ки ба пулис иттилоъ дода шавад ва на ин ки "касби иҷоза" шавад.

Ӯ гуфт, ки ин қонун барои ҳимоят аз тазоҳуркунандагон аст.

Манобеъи давлатӣ мегӯянд бино ба ин қонун се рӯз пеш аз шурӯъи тазоҳурот бояд ба пулис иттилоъ дод.

Интихоботи порлумонӣ ва раёсати ҷумҳурии Миср базудӣ баргузор мешавад ва гурӯҳҳои ҳуқуқи башарӣ давлати мавриди ҳимояти низомиёнро ба корҳои ғайридемуротик муттаҳам мекунанд.

Ҳазорон нафар аз ҳаводорони Ихвонумуслимин дар ин рӯзҳо ба зиндон афтодаанд. Давлатиҳо аммо мегӯянд, ки ин барномае барои муқобила бо "теруристҳост".

Матолиби муртабит