Эъломи вазъияти фавқулъодда дар Миср

  • 14 Август, 2013
Зани мисрӣ булдозери артиши Мисрро мутаваққиф мекунад
Image caption Зани мисрӣ булдозери артиши Мисрро мутаваққиф мекунад

Раиси ҷумҳури муваққати Миср имрӯз соъати чаҳори баъд аз зуҳр ба вақти маҳаллӣ дар шаҳрҳои умдаи ин кишвар барои як моҳ вазъияти фавқулъода эълом кардааст.

Ин тасмим дар пайи амалиёти нерӯҳои давлатӣ, ки даҳҳо нафар кушта ва садҳо нафар захмӣ ба ҳамроҳ дошт, эълом шудааст.

Амалиёти нерӯҳои давлати Миср барои поён додан барои таҳассуни тарафдорони Муҳаммад Мурсӣ дар Қоҳира, пойтахти ин кишвар бомдоди имрӯз оғоз ва идома дорад.

Вазорати кишвари Миср гуфтааст тазоҳуркунандагон дар майдони Наҳза мутафарриқ сохта шудаанд ва ҳоло майдон аз тазоҳуркунандагон холӣ аст.

Аммо гузоришҳо ҳокӣ аст, ки амалиёт барои поён додани таҳассуни тарафдорони Мурсӣ, раиси ҷумҳури барканоршудаи Миср дар майдони масҷиди Робиъа Аладавия идома дорад.

Хабаргузориҳо гузориш додаанд, ки дар эътироз ба иқдоми давлат дар манотиқи мухталифи Миср мардум ба хиёбонҳо рехтаанд.

Гузориш мешавад, ки нерӯҳои давлат барои анҷоми амалиёт аз гози ашковар ва тирҳои зинда истифода кардаанд ва болгардҳо бар фарози маҳалҳои таҳассун дар парвоз ҳастанд. Давлат ҳаракати қаторҳо ва васоили нақлияи умумиро мутаваққиф кардааст.

Гузоришҳо ҳокӣ аз кушта шудани даҳҳо нафар дар ҷараёни амалиёт аст.

Бано бар гузориши телевизиюни давлатии Миср артиш барои хориҷ кардан муътаризон аз масҷиди Робиъаи Адавия ба кумаки пулис омадааст. Гузоришҳо ҳокӣ аз он аст ки нерӯҳои вижаи артиш ва чатрбозон ба амалиёти поксозӣ пайвастаанд.

Лутфан ин гузоришро дунбол кунед ва бо таҳаввулоти баъдӣ дар Миср ошно шавед. Мо ин гузоришро лаҳза ба лаҳза таҷдид мекунем.

Бетони Бел, хабарнигори Би-би-сӣ дар Қоҳира: гузоришҳо аз омори талафот ба шиддат мутаноқиз аст. Вазорати беҳдошти Миср аз куштаи шудани ҳафт нафар хабар дода, аммо Ихвонулмислимин мегӯяд 300 нафар кушта шудаанд. Рафту омад дар Қоҳира бисёр сахт аст. Ҳам пулис ва ҳам ҳаводорони Ихвонулмуслимин хиёбонҳои аслиро бастаанд.

Вазорати беҳдошти Миср мегӯяд то кунун 23 нафар аз ҷумла шаш пулис кушта шудаанд. Омори расмии захмӣҳо ҳудуди 300 нафар эълом шудааст. Ихвонулмислимин мегӯяд садҳо нафар дар амалиёти нерӯҳои амниятии Миср алайҳи ҳаводорони онҳо кушта шудаанд.

Гузоришгари Алҷазира мегӯяд 94 ҷасадро дар бемористон шумурдааст.

Девид Грекпотрик, хабарнигори Ню-Юрк тоймз дар Қоҳира менависад, ҳеҷ роҳи хуруҷи амне барои муътаризон аз Робиъаи Адавия вуҷуд надорад. тактирандозон бо тирҳои ҷангӣ мустақаранд. Гулӯлаҳои сочма ва гози ашковар истифода мешавад. Ҳазорон нафар ҳанӯз дохили маҳалли таҷаммуъанд. талафот сангин аст.

Олистер Беч, хабарнигори рӯзномаи "Индепендент" дар Қоҳира мегӯяд, ки 42 ҷасадро дар сардхонаи дармонгоҳи муваққатии атрофи Робиъаи Адавия дидааст.

Вокунишҳои байналмилалӣ ба поксозии таҷаммуъи ҳаводорони Муҳаммад Мурсӣ оғоз шудааст. Мойкл Мон, яке аз сухангӯёни Иттиҳодияи Урупо гузоришҳо аз талафоти ин амалиётро "бисёр нигаронкунанда" хонда ва хоҳони хештандории ду тараф шудааст.

Шайхи Алазҳари Миср дар паёме савтӣ, ки аз телевизиюн пахш шуд хоҳони роҳи ҳалли сиёсӣ барои поён додан ба буҳрон дар ин кишвар шуд. Шайхи Алазҳари Миср гуфта, ки ӯ аз амалиёти артиш ва пулис барои мутафарриқ кардан ҳаводорони оқои Мурсӣ хабар надоштааст.

Изҳороти шайхи Алазҳар дар ҳоле баён мешавад, ки ҳизби Озодӣ ва адолати Миср, шохаи сиёсии Ихвонулмуслимин, чанд рӯз пеш аз талошҳои Аҳмад Таййиб, шайхи Алазҳар барои миёнҷигарӣ дар муноқишаи сиёсии Миср интиқод карда буд ва ӯро ба ҳимоят аз кудето алайҳи раиси ҷумҳури мунтахаб муттаҳам карда буд.

Муҳаммад Судон, яке аз сухангӯёни ҳизби Озодӣ ва адолат гуфта, ки онон бетарафии шайхи Алазҳарро қабул надоранд ва ӯро ба даст доштан дар тавтеъа алайҳи раисҷумҳури (Муҳаммад Мурсӣ) ва пуштибонӣ аз кудето муттаҳам кардааст.

Сухангӯи давлати Миср дар баёнияе, ки аз телевизиюни ин кишвар пахш шуд аз талошҳои нерӯҳои амниятӣ тақдир ва ташаккур кард.

Олбуми аксро аз амалиёти нерӯҳои амниятии Миср бо ангушт задани ин сатр бубинед.

Рӯзномаи Алявмуссобеъ гузориш карда, ки нерӯҳои амниятии Мисри "Муҳаммад Албилтоҷӣ" аз раҳбарони барҷастаи Ихвонулмуслиминро дар дохили масҷиди Робиъаи Адавия дастгир кардаанд. Аммо писари ӯ дар мусоҳибае ба Би-би-сӣ гуфтааст, ки падараш дастгир нашудааст.

Вазорати умури хориҷаи Эрон дар баёнияе гуфта, ки "ҳаводиси талх ва таассуфбори Мисрро" бо диққат пайгирӣ мекунад. Ин вазоратхона "бархурди хашинро тақбеҳ карда ва зимни маҳкимияти куштори мардум, нигаронии амиқи худро нисбат ба авоқиби ногувори он иброз кардааст.

Давлати Миср бо интишори баёнияе аз хунрезиҳо ибрози таассуф кардааст. Сухангӯи давлати Миср дар телевизиюни давлатии ин кишвар гуфт, ки давлат Ихвонулмуслиминро масъули "тамоми хунҳои рехташуда" медонад ва аз муътаризон хост аз тавассул ба хушунат худдорӣ кунанд.

Сухангӯи давлати Миср ҳушдор дод, ки давлат бо ҳамалот алайҳи сохтмонҳои давлатӣ ва калонтариҳо (идораҳои пулис) бархурд мекунад.

Корл Билд, вазири умури хориҷаи Суэд дар твиттери худ куштор ва хушунатҳои Мисрро маҳкум кардааст. Ӯ навишта, ки масъулияти ин рӯйдод бо нерӯҳои давлатӣ аст.

Ҳазорон нафар дар эътироз ба амалиёти нерӯҳои амниятии Миср барои пароканда кардани ҳаводорони Муҳаммад Мурсӣ дар атрофи масҷиде дар маҳаллаи Муҳандисия дар ғарби Қоҳира таҷаммуъ кардаанд. Як худрави пулис ҳам дар онҷо ба оташ кашида шудааст.

Абдуллоҳ Гул, раиси ҷумҳури Туркия амалиёти мусаллаҳонаи нерӯҳои амниятии Миср алайҳи муътаризони ҳаводори Муҳаммад Мурсиро "комилан ғайриқобилиқабул" хондааст.

Туркия аз маъдуд кишварҳое аст, ки азли Муҳаммад Мурси, раиси ҷумҳурии Мисрро кудето хондааст. Раҷаб Таййиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия хоҳони иқдоми Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ва Иттиҳодияи араб барои мутаваққиф кардани "куштор" дар Миср шудааст.

Қатар ҳамлаи нерӯҳои амниятии Миср ба ҳаводорони Муҳаммад Мурсиро маҳкум кардааст.

Уилиём Ҳейг, вазири хориҷаи Бритониё дар вокуниш ба таҳаввулоти Миср гуфт, ки аз афзоиши хушунат ва нооромӣ дар ин кишвар ба шиддат нигарон аст. Оқои Ҳейг тавассул ба зӯр дар пароканда кардани муътаризони мисриро маҳкум кард ва хоҳони хештандории нерӯҳои амниятӣ шуд.

Алҷазира ба нақл аз Ихвонулмуслимин аз кушта шудани духтари ҳафдаҳсолаи Муҳаммад Билтоҷӣ, аз раҳбарони аршади ин гурӯҳи хабар додааст. Ӯ ба зарби гулӯла кушта шудааст.

Гузоришҳои бештаре аз густариши нооромиҳо ба шаҳрҳои дигари Миср мунташир шудааст. Бел Теру, хабарнигори мустақар дар Қоҳира мегӯяд марде ҷилави чашмонаш ба далели исобати гулӯла ба сина мурд.

Нерӯҳои амниятии Миср афродеро, ки дар маҳалҳои таҷаммуъи ҳаводорони Мурсӣ ҳузур доштанд, боздошт мекунанд.

Хабаргузории расмӣ Миср мегӯяд нерӯҳои артиш барои муроқибат аз "таъсисоти ҳаётӣ" ба шимоли Қоҳира эъзом шудаанд.

Хабаргузории расмии Миср ҳамчунин аз истиқрори нерӯҳои амниятӣ дар атрофи зиндонҳо аз тарси талоши ҳаводорони Муҳаммад Мурсӣ барои ҳамла ба онҳо хабар додааст.

Вазорати беҳдошти Миср теъдоди кушташудагонро ба 56 нафар афзоиш дод. Теъдоди захмиҳо ҳам 526 нафар эълом шудааст.

Мойк Дин, филмбардори шабакаи телевизиюнии Иской Нюз имрӯз дар Қоҳира ба зарби гулӯла кушта шудааст.

Муҳаммад Билтоҷӣ аз раҳбарони аршади Ихвонулмуслимин, ки духтараши имрӯз кушта шуда, мегӯяд женерол Абдулфаттоҳ Алсисӣ, фармондеҳи артиш Мисрро ба суи як ҷанги дохилӣ савқ медиҳад.

Бон Ки Мун, дабири кулли Созмони Милал ба шиддат хушунатҳои имрӯзи Қоҳираро маҳкум кардааст.

Девид Комерун, нахуствазири Бритониё бобати марги филмбардори шабакаи телевизиюнии Иской Нюз ибрози таассуф кардааст.

Ҳаводорони Муҳаммад Мурсӣ, худраверо аз рӯй пули Шаши октябр ба поин андохтанд.

Як хабарнигори Би-би-сии арабӣ дар Қоҳира мегӯяд шахсан панҷоҳ ҷасадро дар як дармонгоҳи муваққатӣ дар атрофи Робиъа Адавия ба чашм дидааст.

Ҳабиба Аҳмад Абдулазиз, хабарнигори 26 солаи сойти XPRESS аз маҷмуъа сойтҳои хабарии Голф ниюз дар хушунатҳои имрӯзи Қоҳира кушта шудааст.

Вазорати беҳдошти Миср рақами кушташудагонро 95 эълом кард. Беш аз 700 нафар ҳам захмӣ шудаанд.

Раиси ҷумҳури муваққати Миср имрӯз соъати чаҳори баъд аз зуҳр ба вақти маҳаллӣ дар ин кишвар барои як моҳи вазъият фавқулъода эълом кардааст.

Бархе расонаҳои ғарбӣ тасвири занеро, ки дар Қоҳира ҷилави як булдозер истода, ёдовари акси машҳури эътирозҳои майдони Тёнонмини Пекан дар соли 1989 мелодӣ донистаанд.

Телевизиюни давлатии Миср мегӯяд раиси ҷумҳури муваққат ба артиш дастур дода то ба пулиси Миср кумак кунад.

Дар Қоҳира ва даҳ устони дигари Миср аз соъати ҳафти баъд аз зуҳр то шаши субҳи рӯз ба вақти маҳаллӣ муқаррароти манъи омаду шуд эълом шудааст.

Вазъияти фавқулъодда дар Миср аз соли 1981 то сарнагунии Ҳуснӣ Муборак барқарор буд.

Яке аз коркунони Дидабони ҳуқуқи башар аз барпоии истҳои бозрасии "ғайрирасмӣ" дар Қоҳира хабар додааст.

Дар замони Муборак аъзои Ихвонулмуслимин,ки бузургтарин гурӯҳи мухолифи ӯ буд, маъмулан зиндонӣ мешуданд ва дар зиндонҳо шиканҷа амре оддӣ буд.

Мойк Дин, филмбардори Иской Нюз, ки дар ҳангоми пӯшиши таҳаввулоти Қоҳира ба зарби гулӯла кушта шуд.

Бетони Бел, хабарнигори Би-би-сӣ дар Қоҳира: Ихвонулмуслимин аз ҳаводоронаш хоста аст то ба муътаризон дар майдони Робиъаи Адавия бипайванданд. Аммо ба далели баста будани хиёбонҳо дастрасӣ ба ин минтақа осон нест.

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид аз ин ки мақомҳои Миср тавассул ба зӯрро барои вокуниш ба эътирозҳо баргузидаанд, ибрози таассуф кардааст.

Нооромиҳо аз Қоҳира фаротар рафта ва шаҳрҳои Асют, Мино ва Искандария дар шимоли Мисрро ҳам дар бар гирифтааст.

Фаронса ва Итолиё хушунатҳо дар Мисрро маҳкум кардаанд ва хоҳони азсаргӣрии гуфтугӯ шудаанд. Вазорати хориҷаи Итолиё аз нерӯҳои мисрӣ хоста то аз тамоми қудраташ барои "мутаваққиф кардани хушунатҳо ва ҷилавгирӣ аз ба роҳ уфтодани ҳаммоми хун" истифодаи кунанд. Дар баёнияи вазорати хориҷаи Фаронса ҳам аз хушунатҳои "амалиёти поксозии мухолифон" ибрози инзиҷор шудааст.

Кохи сафед аз давлати муваққати Миср хост ҳуқуқи башарро муҳтарам бишморад. Омрико давлати муваққатро дар интиқоли сареъи қудрат ба давлати демукротики ғайринизомӣ масъул донистааст.

Кохи сафед хушунат алайҳи муътаризони мисриро маҳкум карда ва бар интиқоли қудрат ба давлати ғайринизомӣ таъкид кардааст.

Вазорати беҳдошти Миср эълом кард теъдоди кушташудагон дар устони Фуюм дар ҷануби Қоҳира ба 35 нафар расидааст. Пеш аз ин гуфта шуда буд 17 нафар дар ин устон кушта шудаанд.

Телевизиюни давлатии Миср тасовири намоз хондани муътаризон дар миёни вайронаҳои маҳали таҳассуни ҳаводорони Муҳаммад Мурсиро дар Робиъаи Адавия нишон медиҳад.

Девид Комерун, нахуствазири Бритониё дар бораи таҳаввулоти Миср: "Хушунат ҳеҷ мушкилеро ҳал нахоҳад кард. Он чӣ дар Миср мавриди ниёз аст интиқоли воқеии қудрат ба як ҳукумати демукротики воқеъӣ аст. Мо аз ин хушунатҳо ҳимоят намекунем. Мо онро комилан маҳкум мекунем."

Хабаргузориҳо: Муҳаммад Албародеъӣ, муовини раиси ҷумҳури Миср истеъфо кардааст.

Муҳаммад Албародеъӣ, мудури кулли пешини Ожонси байналмилалии энержии атумӣ аз ҷумлаи сиёсатмадорони либероли Миср буд, ки аз иқдоми артиш дар барканории Мурсӣ ҳимоят карда буд.

Матолиби муртабит