Нерӯҳои амниятии Миср поксозии таҷаммуъи ҳаводорони Мурсиро оғоз кардаанд

  • 14 Август, 2013
Image caption Телевизиюнҳои маҳаллӣ гузоришҳои мухталифе аз амалиёти поксозии рӯзи чаҳоршанбе пахш кардаанд

Амалиёти поксозии таҷаммуъи эътирозии чанд ҳазор тан аз ҳаводорони Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳурии барканоршудаи Миср, дар ду нуқтаи Қоҳира, пойтахт, оғоз шуда ва гузоришҳои таъйиднашудае аз талафоти ҳар ду тараф интишор ёфтааст.

Аз соъоти аввалияи рӯзи чаҳоршанбеи 13 август нерӯҳои амниятии Миср бо ҳимояти худравҳои зиреҳӣ, амалиёти поксозии майдони Робиъаи Адавия дар шаҳраки Наср ва ҳамчунин майдони Алнаҳза дар муқобили донишгоҳи Қоҳира аз мутаҳассинини тарафдори Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури барканоршударо оғоз карданд.

Бар асоси гузоришҳои расида, маъмурони амниятӣ дар ин амалиёт ба истифода аз гози ашковар ва гулӯлаи сочмаӣ мубодират карданд, ҳарчанд манобеъи Ихвонулмуслимин, гурӯҳи ҳомии Муҳаммад Мурсӣ, аз шиллики гулӯлаҳои ҷангӣ ҳам хабар додааст.

Дар ин амалиёт нерӯҳои амниятӣ барои барчидани мавонеъ ва сангарҳои эҷодшуда тавассути мутаҳассинин булдузерҳои зиреҳпӯш ҳам ба кор гирифтаанд.

Гузоришҳои расида ҳокист, ки поксозии манотиқи атрофи донишгоҳи Қоҳира аз таҳассункунандагон камобеш хотима ёфта, аммо амалиёт дар майдони Робиъаи Адавия ҳамчунон идома дорад.

Амалиёти субҳи чаҳоршанбе пас аз он шурӯъ шуд, ки мақомоти давлати интиқолӣ ба гурӯҳи Ихвонулмуслимин ҳушдор доданд ба таҳассуни эътирозии худ, ки аз ҳудуди шаш ҳафта пеш оғоз шуда буд, хотима диҳанд ва маҳалли таҷаммуъро тарк кунанд.

Image caption Ҳадаф аз амалиёти рӯзи чаҳоршанбе пароканда кардани таҷаммуъи ҳаводорони Ихвонулмуслимин будаст

Вазорати кишвари Миср дар баёнияе дар рӯзи чаҳоршанбе ба таҷаммуъкунандагони тарафдори Мурсӣ гуфт, ки метавонанд дар паноҳи маъмурони амниятӣ маҳалли таҷаммуъро тарк кунанд.

Гузоришҳои расида аз Қоҳира аз кушта ва захмӣ шудани чандин нафар дар ҷараёни амалиёти рӯзи чаҳоршанбе ҳикоят дорад, аммо дар ин маврид омори мутафовите мухобира шудааст.

Талафоти амалиёт

Сухангӯйи гурӯҳи исломгарои Ихвонулмуслимин гуфтааст, ки то кунун яксаду бист нафар кушта ва чанд ҳазор нафар захмӣ шудаанд ва аз мардуми Миср хостааст "барои ҷилавгирӣ аз куштори мусалмонон" ба хиёбонҳо бирезанд.

Ин гурӯҳ нерӯҳои амниятиро ба истифода аз гулӯлаҳои ҷангӣ барои қатли омми таҷаммуъкунандагон муттаҳам кардааст.

Манобеъи дигар аз кушта шудани байни панҷ то сиву шаш нафар хабар додаанд. Як шабакаи телевизиюнӣ ҳам гуфтааст, ки то кунун дастикам ду тан аз нерӯҳои амниятӣ дар асари тирандозӣ аз миёни таҳассункунандагон кушта ва теъдоде захмӣ шудаанд.

Image caption Таҳассуни ҳимоят аз Мурсӣ аз ҳудуди шаш ҳафта пеш идома доштааст

Имкони таъйиди мустақили ин омор вуҷуд надоштааст ва манобеъи расмӣ ҳам ҳанӯз дар ин маврид изҳори назаре накардаанд.

Тасовири шабакаҳои телевизиюнии маҳаллӣ аз амалиёти рӯзи чаҳоршанбе, чодарҳои таҳассункунандагонро нишон медиҳад, ки тавассути нерӯҳои амниятӣ тахриб шудаанд. Тасовире низ аз чанд нафар фарди ришдор пахш шуда, ки маъмурони амниятӣ ба онон дастбанд зада ва ҳамроҳи худ бурданд.

Хабарнигори Би-би-сӣ гуфтааст, ки аз маҳалли майдони Робиъаи Адавия садои тирандозӣ ба гӯш мерасад ва дуди сиёҳе низ аз ин маҳал бархостааст. Ҳамчунин чархболҳои низомӣ бар фарози Қоҳира парвоз мекунанд.

Таҷаммуъии тарафдорони Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури исломгапрои Миср, аз авоили моҳи июл ва бо ҳадафи бозгардондани ӯ ба қудрат оғоз шуд ва бо вуҷуди ҳушдори мақомоти амниятӣ то кунун идома доштааст.

Ин таҷаммуъ боъиси эътирози бархе аз сокинони маҳаллӣ шуда буд ва мақомоти давлатӣ ҳушдор дода буданд, ки бо хотимаи таътилоти иди Фитр амалиёти поксозии маҳалли таҷаммуъро оғоз хоҳанд кард.

Матолиби муртабит