Рӯзи хунини Миср: 223 кушта дар ҷараёни саркӯби ҳаводорони Мурсӣ

Дар рӯзе хунин аз таърихи Миср нерӯҳои амниятии ин кишвар саркӯби ҳаводорони Муҳаммад Мурсиро бо хушунате камназир оғоз карданд ва дар ҷараёни ин хушунатҳо дастикам 235 нафар кушта шудаанд.
Аз соъоти аввалияи рӯзи чаҳоршанбеи 14 август нерӯҳои амниятии Миср бо ҳимояти худравҳои зиреҳӣ, амалиёти саркӯб ва берун рондани ҳаводорони Муҳаммад Мурсӣ аз майдони Робиъаи Адавия дар шаҳри Наср ва ҳамчунин майдони Наср дар муқобили донишгоҳи Қоҳираро оғоз карданд.
Бинобар гузоришҳое мутаъаддид ва мушоҳидоти гузоришгарон, нерӯҳои амниятии Миср хушунати шадидеро дар муқобила бо ҳаводорони Муҳаммад Мурсӣ ва Ихвонулмуслимин ба кор гирифтанд, ба тавре ки омори расмии мабнӣ бар кушта шудани дастикам 235 нафар дар ҷараёни ҳамлаи нерӯҳои амниятӣ ба ҳаводорони оқои Мурсӣ аст.
Бо ин вуҷуд ҳаводорони Муҳаммад Мурсӣ мегӯянд, ки теъдоди кушташудагон ҳудуди ду ҳазор нафар аст.
Дар ҳамин ҳол, гузоришгарон дар Қоҳира шаҳодат медиҳанд, ки ҷанозаҳои бисёреро ба чашми худ дидаанд.
Ба дунболи ин хушунатҳо Муҳаммад Албародеъӣ, муъовини раиси ҷумҳури Миср, аз симати худ истеъфо додааст.
Ҳамзамон Ҳозим Биловӣ, нахуствазири давлати муваққати Миср, бо зоҳир шудан дар телевизиюни миллии ин кишвар зимни изҳори таассуф аз вақоеъи хунини имрӯз гуфт, ки нерӯҳои интизомӣ бино доштанд, ки амниятро барқарор кунанд.
Оқои Биловӣ дар ҷараёни ин ҳузури телевизиюнӣ ба муддати як моҳ дар Миср эъломи вазъияти фавқулъода кард.
Акнун пулис кунтрули бештари нуқоти шаҳрҳои бузургро дар ихтиёр дорад ва дар Миср вазъияти ҳукумати низомӣ ҳоким аст.
Пулис ва нерӯҳои амниятӣ акнун кунтрули марокизи таҷаммуъи ҳаводорони Муҳаммад Мурсӣ дар Қоҳираро дар ихтиёр доранд ва гузоришҳои зидду нақиз аз боздошти раҳбари гурӯҳи Ихвонулмуслимин мунташир шудааст.
Ду хабарнигор низ дар миёни кушташудагони дирӯз ҳастанд. Духтари яке аз раҳбарони Ихвонулмуслимин низ ба зарби гулӯла кушта шудааст.
Бо вуҷуди кушта шудани садҳо муътариз дар ҷараёни даргириҳои хунини дирӯз, Муҳаммад Иброҳим, вазири кишвари Миср, гуфта нерӯҳои пулис и ин кишвар вазоифи худро ба сурати ҳирфаӣ анҷом додаанд ва дар ҷараёни фаъъолияти онҳо 43 пулис ҳам кушта шудаанд.
Оқои Иброҳим ҳаводорони Мурсиро муттаҳам ба доман задан ба даргириҳо ва ҳамла алайҳи маъмурони пулис кардааст.
Вазири кишвари Миср ҳамчунин гуфт, ки дар нуқоти мухталифи Миср аъзои Ихвонулмуслимин боздошт ва мавриди бозҷӯӣ қарор гирифтаанд.
Имрӯз даргирӣ ва хушунат аз Қоҳира фаротар рафт ва ба шаҳрҳои дигар, аз ҷумла Искандария низ кашида шуд.
Гузоришҳо аз устони Фаюм дар ҷануби Қоҳира ҳокӣ аз кушта шудани 35 нафар дар ҷараёни даргириҳои имрӯз дорад. Ҳамчунин 5 кушта дар устони Суэз гузориш шудааст. Дар устонҳои шимолии Искандария ва Буҳайра ва бархе аз устонҳои марказии Миср ҳам эътирозоти хиёбонӣ ва даргирӣ гузориш шудааст.
Ба гуфтаи Муҳаммад Иброҳим, вазири кишвар, дар ҷараёни ин нооромиҳо ҳамчунин ба 7 калисо дар нуқоти мухталифи Миср осеб расидааст.
Пеш аз кудетои 3 июли артиши Миср алайҳи Муҳаммад Мурсӣ, нахустин раиси ҷумҳурӣ, ки дар интихоботе озод дар Миср ба қудрат расида буд, Қонуни асосӣ таълиқ шудааст.
Ҳаводорони Мурсӣ барои эътироз ба иқдомоти артиш бо барпо кардани чодарҳое ба таҷаммуъ пардохта буданд.
Давлат пештар эълом карда буд, ки рӯзи душанбе ба таҷаммуъҳои мухолифон поён хоҳанд дод, аммо амалиёти ҳамла ба таҳассункунандагон то дирӯз ба таълиқ афтод.
Бон Ки-мун, дабири кулли Созмони Милал ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия, хушунатҳоро маҳкум кардаанд. Оқои Эрдуғон аз ҷомеъаи байналмилалӣ ба далели сукут дар қиболи саркӯби хунине, ки дар Миср анҷом шуда, интиқод кардааст.
Кохи Сафед ҳам эълом карда бо эъломи вазъияти фавқулъода мухолиф аст. Эрон мегӯяд хатари ҷанги дохилӣ Мисрро таҳдид мекунад.
Омрико ҳамчунин эълом кард, ки мумкин аст дар эътироз ба хушунатҳои дирӯз монуври муштараки худ бо Мисрро лағв кунад.
