Фармондеҳи артиши Миср: Ҳиҷ хушунатеро таҳаммул намекунем

Абдулфаттоҳ Алсисӣ, фармондеҳи артиши Миср дар аввалин суханронии худ пас аз хушунатҳои ахир ҳушдор дода, ки артиш ҳеҷ хушунатеро таҳаммул намекунад.
Оқои Сисӣ, ки дар ҷамъи афсарони артиш ва пулис суханронӣ мекард гуфт ки "барои ҳама дар Миср ҷой ҳаст".
Дар ҳамин ҳол Ихвонулмуслимин роҳпаймоиҳои эътирозиро, ки қарор буд имрӯз баргузор шавад, лағв кардааст.
Пештар гуфта шуда буд, ки қарор аст имрӯз кобинаи Миср дар ҷаласае дар бораи тазоҳурот ва даргириҳои рӯзҳои ахир дар кишвар ва гомҳои баъдии худ тасмимгирӣ кунад.
Интизор меравад пешниҳоди нахуствазир мабнӣ бар инҳилоли Ихвонулмуслимин аз ҷумла мавзуъоти дигаре бошад, ки дар нишасти имрӯзи кобина мавриди баҳс ва баррасӣ қарор бигирад.
Нахуствазири муваққати Миср дирӯз (шанбе) тарҳеро пешниҳод кард, ки бар асоси он Ихвонулмуслимин ба сурати қонунӣ мунҳал шавад.
Иттиҳодияи Урупо ҳами имрӯз бо интишори баёнияе зимни ҳушдор ба артиш ва давлати муваққати Миср гуфт, ки ин иттиҳодия омодаи таҷдиди назар дар равобит бо Миср аст.
Дар ин баёния аз тамомии гурӯҳҳо дар он кишвар хоста шуда, то зимни хештандорӣ аз бурузи хушунатҳои бештар ҷилавгирӣ кунанд.
Дар ин баёния бо таъкид бар ин ки идомаи хушунатҳо метавонад ба авоқибе ғайри қобили пешбинӣ барои Миср ва минтақа мунҷари шавад, гуфта шуда, ки ин вазифаи артиш ва давлат аст, ки оромишро ба кишвар бозгардонанд.
