Нерӯҳои амниятии Миср масҷиди Фатҳи Қоҳираро муҳосира карданд

Нерӯҳои амниятии Миср масҷиди Фатҳ дар Қоҳираро, ки садҳо тан аз ҳаводорони Ихвонулмуслимин дар он паноҳ гирифтаанд, муҳосира карданд.
Ин афрод дар пайи куштори дирӯз ба ин масҷид паноҳ бурдаанд. Хушунатҳои рӯзи ҷумъа (25 мурдод - 16 август) беш аз 80 кушта бар ҷой гузошт.
Афроде, ки дохили масҷид ҳастанд, мегӯянд ҳозир ба қабули тақозои пулис барои тарки сохтмон нестанд.
Пештар, талошҳои нерӯҳои амниятӣ барои аз байн бурдани мавонеъе, ки дар вурудии аслии масҷид барпо шуда буд, ноком монд.
Баъзе аз муҳиммтарин даргириҳои рӯзи ҷумъа дар майдони Ромсес дар наздикии ҳамин масҷид рух дод ва аҷсоди теъдоди зиёде аз афроди кушташуда дар ин майдон ба масҷиди Фатҳ мунтақил шуд.
Хушунатҳо дар манотиқи дигари Миср низ теъдоде кушта бар ҷой гузошт. Аз ҷумла, дар Искандария, дувумин шаҳри бузурги ин кишвар, 20 нафар кушта шудаанд.
Ихвонулмуслимин хостори анҷоми тазоҳуроти бештар барои рӯзи шанбе шудааст.
Нерӯҳои амниятӣ ва пулис ба ҳамроҳи артиши Миср рӯзи чаҳоршанбе бо хушунати шадиде ба ҳаводорони оқои Мурсӣ ҳамла карданд ва садҳо тан аз ононро куштанд. Манобеъи давлат теъдоди кушташудагони ин рӯзро 638 нафар эълом кардаанд.
Артиши Миср рӯзи 3 июн пас аз рӯзҳо эътирози мухолифони оқои Мурсӣ дар хиёбонҳои Миср ба раёсати ҷумҳурии ӯ поён дод, Қонуни асосиро таълиқ кард ва Адлӣ Мансур, ҳуқуқдон ва раиси Додгоҳи олии Қонуни асосиро то интихоботи баъдӣ ба унвони раисҷумҳури муваққат муъаррифӣ кард.
Муҳаммад Мурсӣ аввалин раиси ҷумҳурии Миср буд, ки дар як интихоботи демукротик интихоб шуд, аммо мухолифонаш ӯро ба истибдод муттаҳам мекарданд ва эътирозҳои густардае алайҳи ӯ бапо карданд.
Пас аз кудетои артиши Миср алайҳи оқои Мурсӣ ҳаводорони ӯ дар эътироз ба иқдомоти артиш бо барпо кардани чодарҳое даст ба таҳассун (ба нишони эътироз ба амокини муқаддас паноҳ бурдан) зада буданд.
Давлат аз якшанбеи гузашта эълом карда буд, ки ба таҳассунҳо поён хоҳад дод ва чодарҳоро ҷамъ хоҳад кард. Амалиёти ҳамла ба таҳассункунандагон то чаҳоршанбе ба таъвиқ уфтод.
Дар пайи амалиёти рӯзи чаҳоршанбеи артиш нооромии густардае саросари Мисрро фаро гирифтааст.
Гурӯҳи Ихвонулмуслимин, ки аз Муҳаммад Мурсӣ, раисҷумҳури барканоршудаи Миср, ҳимоят мекунад, хоҳони як ҳафта тазоҳуроти рӯзона дар саросари ин кишвар шудааст.
