Омори расмии талафоти хушунатҳои Миср аз 500 нафар гузашт

  • 15 Август, 2013
ҷасадҳо дар масҷиди Имон
Image caption Беш аз сад ҷасад ба масҷиди Имон мунтақил шудааст

Давлати Миср эълом кард, ки теъдоди куштаҳои амалиёти саркӯби ҳаводорони Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури барканоршудаи Миср ба 525 нафар расидааст.

Ҳазорон нафар ҳам дар ин амалиёт захмӣ шудаанд.

Амалиёти хушунатомези нерӯҳои амниятии Миср рӯзи чаҳоршанбе, 14 август дар нуқоти мухталифи шаҳри Қоҳира ва барои пароканда кардани муътаризоне анҷом шуд, ки дар ҳимоят аз Муҳаммад Мурсӣ ва Ихвонулмуслимин таҳассун карда буданд.

Бештари талафоти ин куштор марбут ба пойтахти Миср аст, аммо нооромиҳо ба шаҳрҳои дигари Миср ҳам кашида шуд ва талафот ва хисороте бар ҷой гузошт.

Рӯзи чаҳоршанбе хунинтарин рӯз дар Миср аз замони қиём алайҳи Ҳуснӣ Муборак, дар ҳудуди ду соли пеш буд.

Ҳаводорони Муҳаммад Мурсӣ мегӯянд, ки теъдоди кушташудагони амалиёти нерӯҳои пулис ва артиши Миср беш аз 2000 нафар аст.

“Масҷиди аҷсод”

Холид Изурраб, хабарнигори Бибисӣ дар Қоҳира гузориш карда, ки 140 ҷасаи печида дар кафанро дар масҷиди Имон, дар наздикии майдони Робиъаи Адавия, маркази таҳассуни муътаризон дидааст.

Ҳасиб Аммор, хабарнигори Би-би-сии форсӣ дар Қоҳира мегӯяд барои ҷилавгирӣ аз бӯй гирифтани аҷсод рӯйи онҳо ях мегузоранд.

Давлати муваққати Миср, ки баъд аз барканории Муҳаммад Мурсӣ аз мақоми раёсати ҷумҳӯрӣ бо ҳимояти артиш бар сари кор омад, дар пайи хушунатҳои дирӯз дар ин кишвар вазъияти фавқулъода эълом кардааст.

Омрико ва бештари кишварҳои ғарбӣ иқдоми нерӯҳои амниятии Мисрро маҳкум кардаанд ва Раҷаб Таййиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия онро "кушторе бисёр ҷиддӣ" хондааст.

Ихвонулмуслимин, ҳомии аслии Муҳаммад Мурсӣ қасд дорад дар эътироз ба куштори ҳаводорон тазоҳурот баргузор кунад.

Омори расмии талафот танҳо аҷсодеро шомил мешавад, ки ба бемористонҳо мунтақил шудаанд. Бано бар гузоришҳо ҳаводорони Ихвонулмуслимин бисёре аз аҷсодро ба масҷиди Имон мунтақил кардаанд. Онҳо мегӯянд 300 ҷасад ба ин масҷид оварда шудааст.

Матолиби муртабит