Ихвонулмуслимин бар "идомаи мубориза алайҳи режими кудето" таъкид кард

  • 15 Август, 2013
Image caption Ихвонулмуслимин бар идомаи "муборизаи мусолиматомез" алайҳи двлати таҳти ҳимояти артиш таъкид ниҳодааст

Ҳамзамон бо идомаи вокунишҳои мутафовити хориҷӣ ба вақоеъи рӯзи гузашта дар Миср, ҷунбиши Ихвонулмуслимин бар идомаи мубориза алайҳи давлати таҳти ҳимояти низомиён таъкид ниҳодааст.

Рӯзи панҷшанбеи 15 август Ҷиҳод Алҳадод, сухангӯи Ихвонулмуслимин, бо интишори матолибе дар Твитер, эълом кард, ки ин гурӯҳ "ҳамчунон дар мухолифат бо хушунат ва ба гунае мусолиматомез, нерӯманд ва чолишҷӯ" ба мубориза то сарнагунии "ин ҳукумати кудетоӣ" идома хоҳад дод.

Изҳороти ин сухангӯи Ихвонулмуслимин дар ҳоле интишор меёбад, ки рӯзи гузашта нерӯҳои пулиси зиддишӯриши Миср бо ҳимояти нафарот ва таҷҳизоти низомӣ таҷаммуъи чанд ҳазор тан аз тарафдорони Ихвонулмуслимин дар ду нуқтаи Қоҳираро пароканда карданд. Ин афрод аз ҳудуди шаш ҳафта пеш дар эътироз ба иқдоми артиш дар барканории Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳурӣ, таҳассун карда буданд.

Амалиёти нерӯҳои амниятӣ дар рӯзи чаҳоршанбе талафоте бар ҷой гузошт ва гузориши манобеъи вазорати беҳдории Миср, ҳокӣ аз кушта шудани 421 нафар ва захмӣ шудани 3572 нафар дар ҷараёни ин амалиёт аст, 137 нафар аз онон дар маҳалли аслии таҳассун дар шаҳраки Насри пойтахт, 57 нафар дар майдони Наҳза, дар наздикии донишгоҳи Қоҳира ва бақия дар соири нуқоти Миср кушта шуданд.

Ду хабарнигор ва ҳамчунин духтари яке аз аъзои аршади Ихвонулмуслимин дар миёни кушташудагони дирӯз будаанд ва манобеъи давлатӣ аз кушта шудани чанд тан аз нерӯҳои амниятӣ низ хабар дода ва гуфтаанд, ки аз сӯйи таҳассункунандагон ба сӯйи маъмурон тирандозӣ шуд.

Image caption Муҳаммад Албародеъӣ (чап) қодир ба ҳимоят аз тасмимоти давлат ба раҳбарии Адлӣ Мансур (рост) набудааст

Дар пайи бархӯрди хушунатомези рӯзи гузашта давлати интиқолӣ эълом кард, ки дар Қоҳира ва теъдоди дигаре аз устонҳои Миср муқаррароти ҳукумати низомӣ ва манъи рафту омади шабона барқарор кардааст ва бар асоси гузоришҳои расида бо поён гирифтани соъоти манъи рафту омад, фаъъолият дар пойтахт оғоз шуда, аммо нисбат ба рӯзҳои гузашта таҳарруки камтаре дар шаҳр ба чашм мехӯрад.

Шомгоҳи гузашта Муҳаммад Албародеъӣ, аз сиёсатмадорони либероли мисрӣ, ки бо барканории Муҳаммад Мурсӣ, симати муъовинати раёсати ҷумҳурии давлати интиқолиро бар уҳда гирифта буд, эълом кард, ки бо таваҷҷуҳ ба бархӯрди хушунатомез бо таҷаммуъи муътаризон қодир ба идомаи кор бар ин симат нест ва наметавонад масъулияти тасмимеро бипазирад, ки дар иттихози он дахил набудааст.

Рӯзи панҷшанбе, хабаргузории Ховари Миёна ба нақл аз чанд тан аз аъзои аршади ҳизби секулори Алдастур (Қонуни асосӣ) ба раҳбарии оқои Албародеъӣ гузориш кард, ки дар эътироз ба тасмими ӯ, аз ҳизб канорагирӣ кардаанд. Ин хабаргузорӣ изҳороти яке аз мақомоти аршади ҳизбро мунташир кард, ки зимни ҳимоят аз иқдоми давлати муваққат дар муқобила бо таҳассункунандагон Муҳаммад Албародеъиро ба нодида гирифтани таъаҳҳудоти миллии ӯ муттаҳам карда ва аз мардум хостааст бо баргузории тазоҳуроте дар рӯзи ҷумъа аз артиш ва давлати интиқолӣ ҳимоят кунанд.

Матолиби муртабит