Давлати Миср интиқоди Омрико аз бархӯрди хушунатомез бо мухолифонро рад кард

Дар ҳоле ки мувофиқон ва мухолифони давлати Миср барои тазоҳуроти рӯзи ҷумъа омода мешаванд, давлати ин кишвар интиқоди раиси ҷумҳурии Омрико аз наҳваи бархӯрд бо мухолифонро рад кардааст.
Рӯзи ҷумъаи 16 август дафтари Адлӣ Мансур, раиси ҷумҳурии интиқолии Миср, дар баёнияе изҳороти Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико, дар мавриди таҳаввулоти ахири Мисрро мардуд донист ва гуфт, ки чунин суханоне метавонад боъиси ташдиди хушунат шавад.
Борок Убомо дар нахустин вокуниш ба амалиёти рӯзи чаҳоршанбеи нерӯҳои амниятӣ ва артиши Миср дар парокандани таҷаммуъи тарафдорони Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳурии барканоршудаи ин кишвар, ин нерӯҳоро ба куштани ғайринизомиён дар хиёбонҳо муттаҳам кард.
Оқои Убомо бо лағви барномаи монуври муштараки артишҳои Иёлоти Муттаҳида ва Миср, гуфт, ки дар чунин шароите равобит бо Миср наметавонад ба шакли оддӣ идома ёбад.
Ба гузориши хабаргузории расмии Миср, дафтари раиси ҷумҳурии Миср дар баёнияи худ изҳороти Убоморо рад карда ва гуфтааст: "Таассуфовар ин аст, ки изҳороте, ки воқеъиёт мубтанӣ нест, метавонад боъиси ташвиқи гурӯҳҳои мусаллаҳи хушунатгаро шавад."
Дар идомаи ин баёния омадааст, ки: "Ин дафтар нигаронии Иёлоти Муттаҳидаро дар мавриди таҳаввулоти ахири Миср дарк мекунад, аммо умедвор буд, ки он кишвар метавонист ба рӯшан шудани шароит кумак кунад."
Амалкарди нерӯҳои амниятӣ дар бархӯрд бо мутахассисин вокуниши тунди бисёре аз кишварҳоро дар пай доштааст.
Дафтари раиси ҷумҳурии Миср бо такрори изҳороти мухолифони гурӯҳи исломгарои Ихвонулмуслимин ва гузоришҳои манобеъи амниятии он кишвар гуфтааст: "Миср бо хатари иқдомоти теруристӣ мувоҷеҳ аст, ки танҳо давлат ва таъсисоти давлатиро ҳадаф қарор додааст."
Нерӯҳои амниятии Миср дар таваҷиҳи бархӯрди хушунатомез бо таҳассункунандагон, ки чандсад кушта бар ҷой гузошт, гуфтаанд, ки афроди мусаллаҳ аз миёни таҳассункунандагон ба сӯи маъмурони давлатӣ тирандозӣ карданд ва теъдоде аз ононро куштанд. Бархе шабакаҳои телевизиюнии тарафдори давлат ҳам бо нишон додани тасовире аз афроди мусаллаҳи ниқобдор дар ҳоли тирандозӣ гуфтаанд нерӯҳои анмиятӣ ногузир аз муқобила бо онон будаанд.
Дар муқобил, шабакаҳои телевизиюнии мухолифи давлат низ тасовиреро пахш карда ва гуфтаанд, ки нерӯҳои амниятӣ ба таври амд афроди ғайримусаллаҳро ҳадаф қарор медоданд ва ин нерӯҳоро ба "куштори" мардуми бесилоҳ муттаҳам кардаанд. Рӯзи гузашта Ихвонулмуслимин маросими тадфини шуморе аз кушташудагони ҳаводиси рӯзи чаҳоршанберо баргузор кард.
Омодагӣ ба тазоҳуроти бештар
Агарчи давлати Миср пештар ҳушдор дода буд, ки дар садади поксозии маконҳои таҳассуни тарафдорони Ихвонулмуслимин аст, аммо чигунагии иҷрои ин амалиёт ва талафоти сангине, ки дар пай овард, боъиси интиқоди бисёре аз кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ шудааст.
Шомгоҳи гузашта Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар поёни як ҷаласаи изтирорӣ барои баррасии авзоъи Миср ҳушдор дод, ки "раванди ҳаводиси хушунатомез" дар он кишвар бояд поён гирад ва аз тарафҳои даргир хост, то ихтилофоти худро аз роҳҳои сиёсӣ ҳаллу фасл кунанд.
Пештар нахуствазири исломгарои Туркия, ки аз ҳомиёни раиси ҷумҳурии барканоршудаи Миср буда, аз Шӯрои Амният хоста буд, то давлати интиқолии Мисрро ба далели "куштори мардум" маҳкум кунад.
Раиси Шӯрои Ҳуқуқи Башари СММ низ гуфтааст, ки бояд "ҷанбаҳои мухталифи" шароити Миср аз лиҳози интибоқ бо мавозини ҳуқуқи башар мавриди баррасӣ қарор гирад. Гурӯҳҳои тарафдори ҳуқуқи башар мавориде аз нақзи ҳуқуқи асосии мардум, аз ҷумла фишор бар расонаҳо тавассути давлат ва мухолифонро гузориш кардаанд.
Бо вуҷуди ин ки нерӯҳои амниятии Миср тавонистаанд ба таҳассуни шашҳафтаии ҳомиёни Муҳаммад Мурсӣ поён диҳанд, гурӯҳи Ихвонулмуслимин таъкид кардааст, ки ҳамчунон ба "муборизаи мусолиматомез" барои сарнагунии давлати интиқолии таҳти ҳимояти артиш идома медиҳад.
Муҳаммад Мурсӣ 3 июл ва дар ҳоле ки чандсад ҳазор тан аз мухолифони давлати ӯ аз чанд рӯз қабл дар майдони Таҳрири Қоҳира таҷаммуъ карда ва хостори истеъфои ӯ буданд, тавассути артиш барканор шуд ва аз он замон дар маҳалли эъломнашудае дар боздошт ба сар мебарад.
.
