Кобинаи Миср дар ҷаласае дар бораи гомҳои баъдии худ тасмимгирӣ мекунад

  • 18 Август, 2013

Кобинаи Миср қарор аст дар ҷаласае дар бораи тазоҳурот ва даргириҳои рӯзҳои ахир дар кишвар ва гомҳои баъдии худ тасмимгирӣ кунад.

Дар даргириҳое, ки миёни тарафдорони Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури барканоршудаи Миср ва нерӯҳои амниятӣ дар рӯзҳои ахир рӯй дода, садҳо нафар кушта шуданд.

Нахуствазири муваққати Миср тарҳеро пешниҳод карда, ки бар асоси он Ихвонулмуслимин ба сурати қонунӣ мунҳал шавад.

Давлати муваққати Миср тамомии талоши худро ба кор гирифтааст то аз эҳёи дубораи Ихвонулмуслимин ҷилавгирӣ кунад.

Давлати муваққат Ихвонулмуслиминро масъули кушта шудани муътаризон медонад.

Рӯзи шанбе вазорати кишвари Миср эълом кард, ки дар юришҳои нерӯҳои амниятӣ дар саросари кишвар ҳазору чаҳор нафар аз аъзои Ихвонулмуслимин, ки бумб ва аслиҳа дар ихтиёр доштанд, дастгир шуданд.

Бархе аз аъзои Ихвонулмуслимин низ аз дастгирии фарзандони худ ба нишонаи иръоб хабар доданд.

Сухангӯи Бон Ки Мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ба нақл аз вай дар баёнияе хушунатҳои рӯзҳои ахир дар Мисрро маҳкум кард.

Дар ин баёния оқои Бон хушунатҳои ахир аз суи тазоҳуркунандагон ва ҳамчунин нерӯҳои амниятӣ, ки бо онҳо муқобала мекардандро маҳкум кард.

Вай ҳамчунин ҳамлаҳои ахир ба калисо, бемористонҳо ва дигар амокини умумиро ғайриқобили қабул донист.

Оқои Бон гуфт дар рӯзҳои оянда ҷилавгирӣ аз афзоиши кушташудагон бояд дар авлавият қарор гирад.

Ӯ гуфт акнун Миср дар замоне бисёр ҳассос қарор дорад ва ҳамаи тарафҳои даргирӣ бояд барои ҳали ихтилофҳо талош кунанд.

Рӯзи шанбе ҳамчунин телевизиюни Миср тасовире аз тазоҳуркунандагонро нишон дод, ки алорағми вуҷуди вазъияти ҳукумати низомӣ ба хиёбонҳо рафтаанд.

Гузориши дигар низ аз истиқрори тонкҳои артиш дар шаҳри Искандария хабар доданд.

Пештар, рӯзи шанбе нерӯҳои амниятӣ ба таҳассуни ҳаводорони Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури барканоршудаи Миср дар масҷиди Фатҳ поён доданд.

Ин масҷид дар муҳосираи комил қарор дошт ва ба ҷуз нерӯҳои амниятӣ касе наметавонист вориди он шавад.

Ҳамзамон гуфта шуда бонкҳо, ки аз рӯзи чаҳоршанбе замони оғози даргириҳо таътил буданд, аз фардо кори худро аз сар хоҳанд гирифт.

Дар ин миён сухангӯи вазорати хориҷаи Бритониё эълом кард, ки Уилиём Ҳейг, вазири хориҷаи Бритониё дар тамосе телефунӣ бо Набил Фаҳмӣ, ҳамтои мисрии худ аз вай хост ба хушунатҳо дар ин кишвар хотима дода шавад.

Оқои Ҳейг низ хушунатҳоро маҳкум карда ва аз ҳар ду тараф хост аз хушунати бештар парҳез кунанд.

Вазорати беҳдошти Миср шумори куштаҳои даргирии рӯзи ҷумъа (16 август) байни ҳаводорони Ихвонулмуслимин ва нерӯҳои амниятиро 173 нафар эълом кард.

Ба гуфтаи ин вазоратхона 1330 нафар низ захмӣ шуданд.

Матолиби муртабит