Иттиҳодияи Урупо равобит бо Мисрро мавриди баррасӣ қарор медиҳад

Иттиҳодияи Урупо гуфтааст, ки равобит бо Мисрро дар тайи рӯзҳои оянда мавриди баррасӣ қарор хоҳад дод. Дар ҳамин робита Ҳирмон вен Рампуй, раиси Шурои Урупо ва Хузе Монуэл Борусу, раиси Кумиссиюни Урупо дар баёнияе зимни ҳушдор ба артиш ва давлати муваққати Миср гуфтаанд, ки ин иттиҳодия омодаи таҷдиди назар дар равобит бо Миср аст.
Дар ин баёния аз тамомии гурӯҳҳо дар он кишвар хоста шуда то зимни хештандорӣ аз бурузи хушунатҳои бештар ҷилавгирӣ кунанд.
Дар бахши дигаре аз ин баёния гуфта шуда, ки Иттиҳодияи Урупо бо ҳамкории шуракои минтақаӣ ва байналмилалии Миср дар талошҳо барои хотима додан ба хушунатҳо дар он кишвар ва аз саргирии гуфтугӯи сиёсӣ ва бозгардондани раванди демукротик ба Миср мушорикат хоҳад дошт.
Дар ин баёния бо таъкид бар ин ки идомаи хушунатҳо метавонад ба авоқибе ғайриқобили пешбинӣ барои Миср ва минтақа мунҷар шавад, гуфта шуда, ки ин вазифаи артиш ва давлат аст ки оромишро ба кишвар бозгардонад.
Дар ҳамин ҳол Ихвонулмуслимин аз ҳаводоронаш хоста то имрӯз ба эътирозоти бештаре даст бизананд.
Аммо хабарнигори Би-би-сӣ дар Қоҳира мегӯяд, ки пойтахт ба рӯзҳои оддӣ бозгашта ва бонкҳо ва бозори бурс бори дигар фаъолияти худро аз сар гирифтаанд.
Пештар гуфта шуда буд, ки қарор аст имрӯз кобинаи Миср дар ҷаласае дар бораи тазоҳурот ва даргириҳои рӯзҳои ахир дар кишвар ва гомҳои баъдии худ тасмимгирӣ кунад.
Дар даргириҳое, ки миёни тарафдорони Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури барканоршудаи Миср ва нерӯҳои амниятӣ дар рӯзҳои ахир рӯй дода, садҳо нафар кушта шуданд.
Нахуствазири муваққати Миср дирӯз (шанбе) тарҳеро пешниҳод карда, ки бар асоси он Ихвонулмуслимин ба сурати қонунӣ мунҳал шавад.
Рӯзи гузашта нерӯҳои амниятӣ бо вуруд ба масҷиди Фатҳ муваффақ шуданд ба таҳассуни ҳаводорони Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури барканоршудаи Миср дар ин масҷид поён диҳанд.
