Духтарони навҷавон ва занони тарафдори Мурсӣ ба зиндон уфтоданд

  • 28 Ноябр, 2013
Маҳкумияти духтарон ва занони ҷавони исломгаро дар Миср
Image caption Маҳкумияти духтарон ва занони ҷавони исломгаро бо интиқоди мудофеъони ҳуқуқи башар мувоҷеҳ шудааст

Созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар дар Миср судури ҳукми зиндон барои гурӯҳе аз занон ва духтарони исломгарои муътаризро маҳкум кардаанд.

Манобеъи хабарии Миср дар рӯзи панҷшанбе 7 озар (28 ноябр) ҷузъиёти раъйи як додгоҳи кайфарӣ дар шаҳри Искандарияро мунташир карданд, ки бар асоси он теъдоде аз фаъолони зани исломгаро дар иртибот бо иттиҳомоти муртабит бо эътирозоти сиёсии моҳҳои ахир муҷрим шинохта ва ба давраҳои тӯлонии зиндон маҳкум шудаанд.

Судури ин аҳком бо вокуниши тунди шуморе аз гурӯҳҳо ва фаъолони мудофеъи ҳуқуқи башар мувоҷеҳ шудааст, ки нисбат ба наҳваи расидагӣ ба иттиҳомоти бархе аз ин афрод ибрози нохурсандӣ карда ва муҷозотҳои таъиншуда барои бархе дигарро сангин ва ғайримунсифона донистаанд.

Рӯзи 31 моҳи октябр дар ҷараёни тазоҳуроте, ки ба ҳимоят аз Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳурии барканоршудаи Миср дар шаҳри Искандария баргузор шуд, бисту як зан ва духтар тавассути нерӯҳои пулис боздошт ва баъдан ба иттиҳомоте монанди ихлол дар назми умумӣ ва иртикоби хушунат дар ҷараёни таҷаммуъи сиёсӣ муттаҳам шуданд.

Додгоҳи кайфарии Искандария ҳафт тан аз боздоштиёнро, ки байни 15 то 16 сол син доранд ба давраи ҳабс дар доруттаъдиб то сини 18 солагӣ ва бақияро, ки аксаран 18 то 22 сола ҳастанд ба давраҳои зиндон то ёздаҳ сол маҳкум кардааст.

Ҳафт марди узви гурӯҳи исломгарои Ихвонулмуслимин низ, ки ба иттиҳоми таҳрик ба иқдомоти хушунатомез муҳокима шуда буданд, ба давраҳои тӯлонии зиндон то понздаҳ сол маҳкум шудаанд.

Дар рӯзи 3 моҳи июли соли ҷорӣ дар ҳоле ки даҳҳо ҳазор тан аз мухолифони Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳурии вобаста ба гурӯҳи Ихвонулмуслимин дар Қоҳира таҷаммуъ карда ва хостори канорагирии ӯ буданд, артиши Миср оқои Мурсӣро барканор кард ва дар маҳалли номаълуме таҳти боздошт қарор дод.

Ахиран Муҳаммад Мурсӣ ба иртибот бо кушта шудани теъдоде аз муътаризон дар замони раёсати ҷумҳурии худ муттаҳам шуда ва расман таҳти боздошт қарор гирифтааст.

Тазоҳуроти хунин

Пас аз барканории Муҳаммад Мурсӣ, тарафдорони ӯ ба хусус аъзои гурӯҳи Ихвонулмуслимин иқдоми артиш ва истиқрори давлати интиқолиро ғайриқонунӣ эълом карданд ва барои бозгардондани раиси ҷумҳурии барканоршуда даст ба тазоҳурот заданд.

Image caption Секулорҳои Миср ҳам қонуни илзом ба касби муҷаввизи тазоҳуротро мардуд донистаанд

Ин тазоҳурот дар мавориде ба даргирӣ бо нерӯҳои пулис ва ҳамчунин мухолифони оқои Мурсӣ кашида шуд ва гуфта мешавад, ки дар ҷараёни он то як ҳазор тан ҷони худро аз даст додаанд. Аксари талафоти ин даргириҳо аз аъзои Ихвонулмуслимин ва аз тарафдорони Муҳаммад Мурсӣ будаанд.

Тазозуроти эътирозӣ бо густардагӣ ва шиддати камтар ҳамчунон идома доштааст ва дар ҳафтаҳои ахир бештари ширкаткунандагон дар ин тазоҳуротро ҷавонони исломгаро ва тарафдори Ихвонулмуслимин ташкил додаанд.

Наҳваи бархурд бо ин тазоҳурот на танҳо эътирози исломгароҳо ва созмонҳои ҳуқуқи башарӣ, балки ҳатто бархе аз аҳзоби секулори мухолифи Муҳаммад Мурсӣро ҳам дар пай доштааст, ки нигарони он ҳастанд, ки хушунати нерӯҳои амниятӣ боъиси эҷоди хусумат нисбат ба давлати интиқолӣ ва афзоиши ҳимоят аз исломгароҳо шавад.

Рӯзи гузашта чандсад тан аз ҷавонони вобаста ба гурӯҳҳо ва ташаккулҳои секулор дар эътироз ба он чӣ, ки саркӯби мухолифон тавассути давлати интиқолӣ мехонданд, дар маркази Қоҳира таҷаммуъ карданд.

Тазоҳуркунандагон ба хусус фармони қонуне содиршуда дар ин ҳафтаро мардуд донистанд, ки бар асоси он баргузории тазоҳурот ва таҷаммуъҳои сиёсӣ бо ширкати беш аз даҳ нафар мусталзими дарёфти муҷаввизи қаблӣ аз пулис аст ва мутахаллифон аз ин қонун бо муҷозоти ҷаримаи нақдӣ ва ҳатто зиндон рӯбарӯ мешаванд.

Тазоҳуркунандагон дар шиъорҳои худ бо муттаҳам кардани давлати интиқолӣ ба талош барои ҷилавгирӣ аз озодии баён ва ибрози назари мухолиф он чиро, ки "тафаккури истибдодӣ ва шеваи ҳукумати фиръавнӣ мехонданд" маҳкум карда ва бо таъкид бар лузуми озодии таҷаммуъ ва ибрози ақидаи сиёсӣ гуфтанд, ки чунин равишҳо дигар коройӣ надорад.

Ба гуфтаи яке аз тазоҳуркунандагон идомаи ин навъ бархурд метавонад ба бурузи "мавҷи сеюми инқилоб" мунҷар шавад. Бархе фаъолони секулор дар Миср тазоҳуроти мунҷар ба суқути Ҳуснӣ Муборак, раиси ҷумҳурии пешинро инқилоби аввал ва таҷаммуъи мунҷар ба барканории Муҳаммад Мурсӣро инқилоби дувум ном додаанд.

Матолиби муртабит