Ҳамлаи мусаллаҳона ба масеҳиёни қибтӣ дар Қоҳира

Манобеъи амниятии мисрӣ мегӯянд, ки муҳоҷимони ношинос ба як маросими арӯсӣ дар беруни яке аз калисоҳои масеҳиёни қибтӣ дар шимоли Қоҳира ҳамла карда ва се нафарро куштаанд
Бино бар гузоришҳо яке аз қурбониён духтари ҳаштсола аст.
Ҳувияти ду муҳоҷиме , ки савори як мутурсиклет буданд ва мардумеро, ки калисоро тарк мекарданд ба рагбори гулӯла бастанд, рӯшан нест.
Хабаргузории Фаронса гузориш медиҳад, ки 12 нафар низ захмӣ шудаанд ва ҳолашон вахим аст.
Аз замони барканории Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳурии исломгарои Миср, дар кудетои рӯзи севуми июли имсол қибтиҳо дар мавориде тавассути иддае аз исломгароён мавриди ҳамла қарор гирифтаанд.
Бисёре аз исломгароён ҷомеъаи масеҳиёни ин кишварро, ки умдатан қибтӣ ҳастанд, ба ҳимоят аз артиши ва табонӣ (ҳампаймонӣ бо дигарон) алайҳи Муҳаммад Мурсӣ муттаҳам мекунанд.
Усқуф Туозрус, раҳбари қибтиҳои Миср, дар моҳи июл аз иқдоми артиш ҳимоят карда буд.
Аз тарафи дигар норомиҳои сиёсӣ дар Миср ҳамчунон идома дорад.
Рӯзи якшанбе пулиси Миср бо тавассул ба гози ашковар дар садади пароканда кардани садҳо донишҷӯе баромад, ки дар ҳимоят аз Муҳаммад Мурсӣ, дар донишгоҳи Алазҳар даст ба эътироз зада буданд.
Донишҷӯён бо масдуд кардани ҷодаи аслии мунтаҳӣ ба муҳавватаи донишгоҳ иқдом ба партоби санг ба сӯйи нерӯҳои амниятӣ карданд.
Даргирӣ замоне дар донишгоҳи Алазҳар оғоз шуд, ки муътаризон қасд доштанд эътирозоти худро ба беруни сохтмони донишгоҳ ва ба майдони Робиъа дар наздикии ин маҳал бикашонад.
Ин маҳал то пеш аз ҳамлаи нерӯҳои амниятӣ дар моҳи август, аз ҷумла маҳалҳои таҷаммуъи ҳаводорони Муҳаммад Мурсӣ буд.
Ҳомиёни оқои Мурсӣ дар эътироз ба барканории ӯ тавассути артиш дар авоили моҳи июлро ҳавопаймоҳои мудовимеро дар Қоҳира, пойтахт ва шаҳрҳои дигар анҷом доданд.
Аз оғози даргирии муътаризон бо нерӯҳои амниятӣ садҳо нафар, ки аксари онҳо аз ҳомиёни гурӯҳи исломгарои Ихвонулмуслимин ҳастанд, кушта шудаанд.
Оқои Мурсӣ, ки ба ҳамроҳи теъдоде дигар аз сарони Ихвонулмуслимин дар боздошт ба сар мебарад, қарор аст моҳи оянда муҳокима шаванд.
