Фаъъолияти Ихвонулмуслимин дар Миср ғайриқонунӣ эълом шуд

  • 23 Сентябр, 2013
Image caption Дар пайи барканории оқои Мурсӣ, садҳо нафар аз ҳаводорони ӯ, ки аксари онҳо аз аъзои Ихвонулмуслимин ҳастанд, дар ҷараёни даргирӣ бо нерӯҳои низомӣ дар ин кишвар кушта шуданд

Додгоҳе дар Миср "тамоми фаъъолиятҳои" Ихвонулмуслиминро мамнуъ эълом кардааст.

Аз додгоҳи идорӣ дар Қоҳира, пойтахти Миср хоста шуда буд, то вазъияти Ихвонулмуслиминро ба унвони як созмони ғайридавлатӣ баррасӣ кунад. Ихвонулмуслимин дар моҳи марти соли ҷорӣ худро ба унвони як созмони ғайридавлатӣ сабт карда буд.

Авоили моҳи ҷории мелодӣ давлати Миср гузориши расонаҳои ин кишварро мабнӣ бар талоши давлат барои инҳилоли қонунии Ихвонулмуслимин такзиб карда буд.

Расонаҳои Миср ба нақл аз сухангӯи вазорати ҳамбастагии иҷтимоъии ин кишвар гуфта буданд, ки давлат дар талош аст, ки Ихвонулмуслиминро ба унвони як созмони ғайридавлатӣ ғайриқонунӣ эълом кунад.

Аммо сухангӯи дафтари нахуствазири Миср ба Би-би-сӣ гуфт, ки вазорати ҳамбастагии иҷтимоъӣ тасмиме дар ин маврид нагирифтааст.

Аз авоили моҳи июл, ки Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури собиқи Миср дар пайи моҳҳо эътироз бо кудатои артиш аз қудрат барканор шуд, давлати ин кишвар талошҳоеро барои ғайриқонунӣ эълом кардани фаъъолиятҳои Ихвонулмуслимин оғоз кард.

То кунун даҳҳо нафар аз мақомоти аршади Ихвонулмуслимин аз ҷумла Муҳаммад Бадеъ, раҳбари он ба иттиҳоми таҳрики мардум ба аъмоли хушунатомез боздошт шудаанд.

Дар пайи барканории оқои Мурсӣ садҳо нафар аз ҳаводорони ӯ, ки аксари онҳо аз аъзои Ихвонулмуслимин ҳастанд, дар ҷараёни даргирӣ бо нерӯҳои низомӣ дар ин кишвар кушта шудаанд.

Ихвонулмуслимин дар соли 1954 расман тавассути мақомоти низомии Миср мунҳал шуд, аммо ин ҳизб бори дигар дар авоили соли ҷорӣ ба унвони созмоне ғайридавлатӣ ба сабт расид.

Ихвонулмуслимин ҳамчунин расман ҳизби Озодӣ ва адолатро ба унвони шохаи сиёсии худ дар соли 2011 ва дар пайи инқилоби мардумии Миср дар ин кишвар эҷод кард.

Муҳаммад Мурсӣ, раҳбари ин ҳизб тавонист дар ҷараёни интихоботе, ки дар соли 2012 дар ин кишвар баргузор шуд, ба унвони аввалин раиси ҷумҳур пас аз суқути ҳукумати Ҳуснӣ Муборак, ба қудрат бирасад.

Матолиби муртабит