Маҳкумияти ҳаводорони Мурсӣ ба ҳабсҳои дарозмуддат

  • 4 Сентябр, 2013

Додгоҳи низомии Миср ҳомиёни Муҳаммад Мурсиро ба ҷурми "ҳамла ба артиш" ба ҳабсҳои дарозмуддат маҳкум кардааст.

Тибқи баёнияи артиши Миср дар ин бора яке аз ин афрод ба ҳабси абад, се нафар ба 15 сол ҳабс ва 45 нафари дигар ба панҷ сол ҳабс маҳкум шуданд.

Ин афрод ба тирандозӣ ба сарбозони артиш дар ҷараёни нооромиҳои шаҳри бандарии Суэз дар моҳи гузашта маҳкум шудаанд.

Ин нооромиҳо дар пайи саркӯби хушунатбори таҳассунҳои ҳаводорони Муҳаммад Мурсӣ дар Қоҳира, пойтахти Миср, тавассути нерӯҳои амниятӣ даргирифт.

Рӯзи 14 август дар ҷараёни саркӯби таҳассунҳои атрофи масҷиди Робиъаи Адавия ва майдони Наҳзат, садҳо нафар, ки ағлаби ҳаводорони гурӯҳи Ихвонулмуслимин буданд, кушта шуданд.

Дар ҳамон рӯз ва ҳамчунин 16 август нооромӣ дар шаҳри Суэз, дар 140 килуметрии шарқи Қоҳира, беш аз 30 кушта барҷо гузошт.

Аз замони барканори Муҳаммад Мурсӣ аз раёсати ҷумҳурии Миср тавассути артиши ин кишвар, ки дар пайи боло гирифтани эътирозҳои умумӣ б давлат сурат гирифт, ҳаводорони оқои Мурсӣ ва гурӯҳи Ихвонулмуслимин хостори бозгашти ӯ ба қудрат будаанд.

Онон мегӯянд, ки Муҳаммад Мурсӣ як сол пеш дар интихоботе озод ва демукротик ба раёсати ҷумҳурӣ расид ва бояд ба ҳамин шева ҳам канор биравад.