Ҳуснӣ Муборак аз зиндон озод шуд

Ҳуснӣ Муборак, раиси ҷумҳури Миср пас аз ду соли ҳабс дар зиндон озод шудааст.
Ҳасиб Аммор, хабарнигори Би-би-сии форсӣ дар Қоҳира мегӯяд болгарди ҳомили оқои Муборак ӯро аз зиндони Тара ба бемористони низомӣ дар минтақаи Маъодӣ дар ҷануби Қоҳира интиқол дод. Ӯ дар ин бемористон дар боздошт хоҳад буд.
Қарор аст оқои Муборак муҷаддадан барои иттиҳомоте аз қабили даст доштан дар куштори муътаризон дар ҷараёни қиёми мардумӣ алайҳи ӯ муҳокима шавад.
Рӯзи чаҳоршанбе, 21 август манобеъи қазоии Миср гуфтанд, ки ҷаласаи додгоҳ дар маҳалли боздоштгоҳи Ҳуснӣ Мубораки 85-сола баргузор шуда ва додгоҳ ба озодии раиси ҷумҳурии асбақи Миср раъй додааст.
Шаби гузашта Ҳозим Библовӣ, нахуствазири давлати мавриди ҳимояти низомиён дар Миср эълом кард, ки Ҳуснӣ Муборак пас аз озодӣ аз зиндон дар боздошти хонагӣ қарор хоҳад гирифт.
Ҳуснӣ Муборак дар феврали соли 2011 ва ду ҳафта пас аз оғози ҳаракати эътирозӣ дар Миср аз симати худ канора гирифт ва кӯтоҳмуддате пас аз он боздошт шуд.
Дар ҷараёни тазоҳуроти эътирозӣ алайҳи ҳукумати оқои Муборак шуморе аз тазоҳуркунандагон ба дасти нерӯҳои амниятӣ ва ҳамчунин афроди либоси шахсии тарафдори давлат кушта шуданд ва иттиҳоми Ҳуснӣ Муборак судури дастури қатли муътаризон ё худдорӣ аз иқдоми лозим барои ҷилавгирӣ аз ин ҳодиса будааст.
Канорагирии Ҳуснӣ Муборак пас аз сӣ соли зимомдорӣ дар натиҷаи ҳаракати мавсум ба “Баҳори арабӣ” дар Миср рӯй дод, ки то кунун ба сарнагунии теъдоди дигаре аз ҳукуматҳои минтақа мунҷар шудааст.
Озодии Ҳуснӣ Муборак метавонад боъиси хашми исломгароёни тарафдори Муҳаммад Мурсӣ шавад
Дар моҳи июни соли 2012 додгоҳи расидагӣ ба парвандаи кушта шудани муътаризон дар ҷараёни эътирозоти соли 2011 Ҳуснӣ Муборакро муҷрим шинохт ва ба ҳабси абад маҳкум кард, аммо додгоҳи истиноф дар моҳи январи соли 2012 ин раъйро муътабар надонист ва дастур дод ба ин парванда муҷаддадан расидагӣ шавад.
Расидагии муҷаддад ба ин парванда дар моҳи майи соли ҷорӣ оғоз шуда, аммо то кунун муттаҳами парванда муддате беш аз ҳадди муҷоз барои боздошти қабл аз муҳокимаро дар зиндон гузарондааст.
Пештар додгоҳи расидагӣ ба парвандаи Ҳуснӣ Муборак ба иттиҳоми фасоди молӣ дастури озодии ӯро содир кардааст. Бар асоси ин парванда оқои Муборак муттаҳам аст, ки ҳадоёеро аз муассисаи интишороти давлатии Алаҳром дарёфт карда буд, аммо хонаводаи оқои Муборак муъодили арзиши ҳадоёи дарёфтиро ба ин муассиса пардохт карда ва вакили ӯ гуфтааст, ки нисбат ба табраъаи муваккили худ итминони нисбӣ дорад.
Озодии Ҳуснӣ Муборак дар шароити кунунӣ метавонад буҳрони сиёсии Мисрро печидатар кунад, зеро дар ҳоли ҳозир Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳурии собиқ ва шуморе аз тарафдорони ӯ дар боздошт ба сар мебаранд.
Бо озодии Ҳуснӣ Муборак мухолифони давлати интиқолии Миср , ки бо ҳимояти артиш ба қудрат расидааст, низомиёнро муттаҳам хоҳанд кард ки бо даст задан ба кудето алайҳи раиси ҷумҳурии интихобии мардум дар садад ҳастанд авзоъро ба даврони оқои Муборак бозгардонанд.
Муҳаммад Мурсӣ аз ҳизби Озодӣ ва адолати вобаста ба гурӯҳи исломгарои Ихвонулмуслимин дар пайи таҷаммуъи чандин ҳазор тан аз муътаризон дар рӯзи 3 июли соли ҷорӣ тавассути артиш аз кор барканор шуд ва аз он замон дар нуқтаи эъломнашуда дар боздошт ба сар мебарад.
Барканории оқои Мурсӣ таҷаммуъ ва тазоҳуроти бевақфаи тарафдорони ӯро дар пай оварда, ки дар ҷараёни он то кунун чандсад тан дар даргирӣ бо нерӯҳои амниятӣ ва мухолифони раиси ҷумҳурии собиқ ҷони худро аз даст дода ва теъдоди номаълуме ҳам боздошт шудаанд.
