Додгоҳ дархости озодии Ҳуснӣ Муборакро рад кард

Хабаргузории давлатии Миср, МЕНО гузориш карда, ки бар асоси ҳукми додгоҳи кайфарии Қоҳира дархости Ҳуснӣ Муборак, раиси ҷумҳури собиқ мабнӣ бар озодӣ аз зиндон рад шудааст.
Оқои Муборак дархост карда буд дар муддате ки таҳқиқот дар мавриди иттиҳомоти марбут ба фасоди молии ӯ дар ҷараён аст, аз зиндон озод шавад.
Бар асоси ҳукми имрӯзи додгоҳ оқои Муборак бояд ба муддати 15 рӯз ва то замоне ки таҳқиқот перомуни иттиҳоми фасоди молии ӯ дар ҷараён аст, ҳамчунон дар боздошт бимонад.
Гуфта шуда ки оқои Мубораки 86-сола, ки аз назари ҷисмонӣ дар шароити хубе ба сар намебарад, метавонад алайҳи ин тасмими додгоҳ дархости таҷдиди назар бидиҳад.
Дар авоили моҳи ҷории милодӣ додгоҳе, ки ба тақозои истинофи оқои Муборак дар мавриди ҳукми ҳабси абади ӯ расидагӣ мекард, гуфт ки наметавон ӯро ба хотири иттиҳомоти марбут ба куштори мӯътаризон дар ҷараёни эътирозоти ду соли гузашта дар боздошт нигаҳ дошт.
Бар асоси қавонини Миср даврони боздошти муваққати муттаҳамон пеш аз маҳкум шудан дар додгоҳ ҳадди аксар ду сол аст, ки ин замон барои оқои Муборак сипарӣ шудааст.
Аммо гуфта шуд, ки ҳукми додгоҳи истиноф ба маънои озодии фаврии оқои Муборак нест, ба ин далел, ки ӯ иттиҳомоти дигаре ҳам дорад, ки то замони расидагӣ ба онҳо аз ҷумла фасоди молӣ бояд ҳамчунон дар боздошт бимонад.
Оқои Муборак дар июни соли гузашта ба иттиҳоми суъиистифодаи молӣ ва судури дастури куштори тазоҳуркунандагон дар ҷараёни эътирозоти Миср муҳокима ва ба ҳабси абад маҳкум шуд.
Аммо ӯ бо тарҳи ин мавзӯъ, ки дар ҷараёни муҳокимаи ӯ қавонин риъоят нашуда, алайҳи ин ҳукм тақозои таҷдиди назар кард ва дар январи соли ҷорӣ дастури муҳокимаи муҷаддади ӯ содир шуд.
Эътирозоти густардаи мардум дар соли 2011 мелодӣ мунҷар ба суқути Ҳуснӣ Муборак пас аз 30 сол ҳукумат шуд.
