Девони олии идории Миср истеъфои Муборакро қонунӣ хонд

  • 1 Апрел, 2013

Девони олии идории Миср дархости вукалои мудофеъ дар бораи ғайриқонунӣ шинохтани истеъфои Ҳуснӣ Муборак, раиси ҷумҳури пешини ин кишварро рад кард.

Бадин тартиб додгоҳ ба баҳсҳо дар мавриди қонунӣ ё ғайриқонунӣ будани истеъфои раиси ҷумҳури собиқ поён дод.

Ҳуснӣ Муборак, ки 32 сол қудратро дар даст дошт, дар моҳи феврали соли 2011 дар ҷараёни эътирозоти густардаи мардум, ки дархости истеъфои ӯро мекарданд, аз мақоми раёсати ҷумҳурӣ канорагирӣ кард.

Оқои Муборак дар соли 2012 ба ҷурми иртибот ба қатли муътаризон ба ҳабси абад маҳкум шуд.

Аммо ӯ тавониста аз додгоҳи таҷдиди назар бихоҳад ҳукми абад алайҳи ӯро бознигарӣ кунад. Қарор аст моҳи апрел додгоҳ парвандаи ӯро расидагӣ кунад.