Вакили Ҳуснӣ Муборак аз эҳтимоли озодии ӯ хабар дод

Мақомоти қазоии Миср аз эҳтимоли озодии Ҳуснӣ Муборак, раиси ҷумҳури собиқи Миср дар ҳафтаи ҷорӣ хабар додаанд.
Ба гуфтаи ин мақомот додгоҳе дар рӯзи душанбеи 19 август иттиҳоми ришвахорӣ дар кохҳои раёсати ҷумҳуриро дар мавриди оқои Муборак ва ду писараш, Ҷамол ва Ало ворид надонист.
Пештар додгоҳе, ки ба тақозои истинофи оқои Муборак расидагӣ мекард, эълом кард, ӯро ба далели иттиҳомоти марбут ба куштори муътаризон дар ҷараёни эътирозоти ду соли гузашта дар кишвар ва ҳамчунин даромадҳои ғайриқонунӣ наметавон дар боздошт нигаҳ дошт.
Қарор аст оқои Муборак ба иттиҳоми куштори муътаризон дар ҷараёни эътирозот бори дигар муҳокима шавад, бар асоси қавонини Миср даврони боздошти муваққати муттаҳамон пеш аз маҳкум шудан дар додгоҳ ҳадди аксар ду сол аст, ки ин замон барои оқои Муборак сипарӣ шуда аст.
Оқои Муборак дар июни соли гузашта ба иттиҳоми суиистифодаи молӣ ва судури дастури куштори тазоҳуркунандагон дар ҷараёни эътирозоти Миср муҳокима ва ба ҳабси абад маҳкум шуд.
Аммо ӯ бо тарҳи ин мавзуъ, ки дар ҷараёни муҳокимаи ӯ қавонин риоят нашуда, алайҳи ин ҳукм тақозои таҷдиди назар кард ва дар январи соли ҷорӣ дастури муҳокимаи муҷаддади ӯ содир шуд.
Эътирозоти густардаи мардум дар соли 2011 мелодӣ мунҷар ба суқути Ҳуснӣ Муборак пас аз 30 соли ҳукумат шуд.
Ӯ аз апрели соли 2011 дар боздошт ба сар мебарад.
