Додгоҳи мисрӣ ба озодии Ҳуснӣ Муборак раъй дод

  • 21 Август, 2013
Ҳуснӣ Муборак
Image caption Додгоҳ дар маҳалли зиндони Ҳуснӣ Муборак ба дархости ӯ барои озодӣ аз зиндон расидагӣ мекунад

Додгоҳе дар Миср бо дархости Ҳуснӣ Муборак, раиси ҷумҳурии асбақи ин кишвар барои озодӣ аз зиндон мувофиқат кардааст.

Рӯзи чаҳоршанбе, 30 мурдоди (21 август) манобеъи қазоии Миср эълом карданд, ки ҷаласаи додгоҳ дар маҳали боздоштгоҳи Ҳуснӣ Мубораки 85-сола баргузор шуд ва додгоҳ ба озодии раиси ҷумҳури асбақи Миср раъй дод.

Дар айни ҳол қуззоти ин додгоҳ ба додситонӣ низ иҷоза додаанд аз раъйи содира таҷдиди назархоҳӣ кунад ва ба ин тартиб интизор намеравад, ки Ҳуснӣ Муборак рӯзи чаҳоршанбе аз зиндон озод шавад. Дар гузашта ҳам дар чанд маврид додгоҳ ба нафъи озодии оқои Муборак аз зиндон раъй дода буд, аммо додситонӣ бо эроди иттиҳомоти ҷадид давраи боздошти ӯро тамдид кард.

Вакили мудофеъи Ҳуснӣ Муборак бо таслими додхости озодии оқои Муборак истидлол карда буд, ки муддати ҳабси муваккили ӯ аз давраи муҷози қонунии боздошти қабл аз муҳокима таҷовуз кардааст ва идомаи ҳабси ӯ қонунӣ нест.

Бо раъйи додгоҳ мабнои қонунӣ барои идомаи боздошти Ҳуснӣ Муборак вуҷуд надорад, ҳарчанд раиси ҷумҳурии пешини Миср бо иттиҳоми шарокат дар куштани муътаризон алайҳи ҳукумати худ ва муҳокима дар иртибот бо ин иттиҳом мувоҷеҳ аст ва озодӣ аз зиндон ба маънии табраъа аз иттиҳомоти ворида нест.

Ҳуснӣ Муборак дар феврали соли 2011 ва ду ҳафта пас аз оғози ҳаракати эътирозӣ дар Миср аз симати худ канора гирифт ва кӯтоҳмуддате пас аз он боздошт шуд.

Дар ҷараёни тазоҳуроти эътирозӣ алайҳи ҳукумати оқои Муборак шуморе аз тазоҳуркунандагон ба дасти нерӯҳои амниятӣ ва ҳамчунин афроди либоси шахсии тарафдори давлат кушта шуданд ва иттиҳоми Ҳуснӣ Муборак судури дастури қатли муътаризон ё худдорӣ аз иқдоми лозим барои ҷилавгирӣ аз ин ҳодиса будааст.

Канорагирии Ҳуснӣ Муборак пас аз сӣ соли зимомдорӣ дар натиҷаи ҳаракати мавсум ба “Баҳори арабӣ” дар Миср рӯй дод, ки то кунун ба сарнагунии теъдоди дигаре аз ҳукуматҳои минтақа мунҷар шудааст.

Image caption Озодии Ҳуснӣ Муборак метавонад боъиси хашми исломгароёни тарафдори Муҳаммад Мурсӣ шавад

Дар моҳи июни соли 2012 додгоҳи расидагӣ ба парвандаи кушта шудани муътаризон дар ҷараёни эътирозоти соли 2011 Ҳуснӣ Муборакро муҷрим шинохт ва ба ҳабси абад маҳкум кард, аммо додгоҳи истиноф дар моҳи январи соли 2012 ин раъйро муътабар надонист ва дастур дод ба ин парванда муҷаддадан расидагӣ шавад.

Расидагии муҷаддад ба ин парванда дар моҳи майи соли ҷорӣ оғоз шуда, аммо то кунун муттаҳами парванда муддате беш аз ҳадди муҷоз барои боздошти қабл аз муҳокимаро дар зиндон гузарондааст.

Пештар додгоҳи расидагӣ ба парвандаи Ҳуснӣ Муборак ба иттиҳоми фасоди молӣ дастури озодии ӯро содир кардааст. Бар асоси ин парванда оқои Муборак муттаҳам аст, ки ҳадоёеро аз муассисаи интишороти давлатии Алаҳром дарёфт карда буд, аммо хонаводаи оқои Муборак муъодили арзиши ҳадоёи дарёфтиро ба ин муассиса пардохт карда ва вакили ӯ гуфтааст, ки нисбат ба табраъаи муваккили худ итминони нисбӣ дорад.

Озодии ҷанҷолбарангез

Озодии Ҳуснӣ Муборак дар шароити кунунӣ метавонад буҳрони сиёсии Мисрро печидатар кунад, зеро дар ҳоли ҳозир Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳурии собиқ ва шуморе аз тарафдорони ӯ дар боздошт ба сар мебаранд.

Бо озодии Ҳуснӣ Муборак мухолифони давлати интиқолии Миср , ки бо ҳимояти артиш ба қудрат расидааст, низомиёнро муттаҳам хоҳанд кард ки бо даст задан ба кудето алайҳи раиси ҷумҳурии интихобии мардум дар садад ҳастанд авзоъро ба даврони оқои Муборак бозгардонанд.

Image caption Тарафдорони Ихвонулмуслимин ба ҳамла ба нерӯҳои амниятӣ ва марокизи умумӣ ва хусусӣ аз ҷумла калисоҳо муттаҳам шудаанд

Муҳаммад Мурсӣ аз ҳизби Озодӣ ва адолати вобаста ба гурӯҳи исломгарои Ихвонулмуслимин дар пайи таҷаммуъи чандин ҳазор тан аз муътаризон дар рӯзи 3 июли соли ҷорӣ тавассути артиш аз кор барканор шуд ва аз он замон дар нуқтаи эъломнашуда дар боздошт ба сар мебарад.

Барканории оқои Мурсӣ таҷаммуъ ва тазоҳуроти бевақфаи тарафдорони ӯро дар пай оварда, ки дар ҷараёни он то кунун чандсад тан дар даргирӣ бо нерӯҳои амниятӣ ва мухолифони раиси ҷумҳурии собиқ ҷони худро аз даст дода ва теъдоди номаълуме ҳам боздошт шудаанд.

Илова бар теъдоде аз аъзои аршади Ихвонулмуслимин Муҳаммад Бадеъ, раҳбари маънавӣ ё муршиди оми ҷунбиши Ихвонулмуслимин низ ба иттиҳоми таҳрики мардум ба иғтишош боздошт шудааст. Ба гуфтаи нозирон бо вуҷуди ин ки Ихвонулмуслимин дар тули чанд даҳаи фаъолият борҳо шоҳиди боздошти аъзои худ будааст, аммо аз назари ин гурӯҳ боздошти раҳбари маънавӣ иқдоме камсобиқа маҳсуб мешавад.

Гурӯҳи Ихвонулмуслимин ҳамчунон таъкид карда, ки ба муборизаи мусолиматомез то бозгардондани Муҳаммад Мурсӣ ба қудрат идома медиҳад ва дар муқобил мақомоти амниятии Миср ин гурӯҳро ба тавассул ба хушунат, аз ҷумла ҳамлаи мусаллаҳона ба марокиз ва нерӯҳои амниятӣ, тахриби таъсисоти давлатӣ ва хусусӣ ва ҳамчунин таъарруз ба марокизи динии масеҳиён муттаҳам кардаанд.

Рӯзи чаҳоршанбе гузориш шуд, ки вебсойти калисои қибтии Миср ҳак шуда ва ҳаккунандагон бо қарор додани тасвире аз Муҳаммад Мурсӣ навиштаанд, ки "ба ҷуз муслимин касе ҳаққи ҳукумат бар Мисрро надорад" ва калимоти тундеро алайҳи масеҳиён, Абдулфаттоҳ Алсисӣ, фармондеҳи олии артиш ва "авбошони тарафдори онҳо" ба кор бурдаанд.

Матолиби муртабит