Додгоҳ ба дархости озодии Ҳуснӣ Муборак расидагӣ мекунад

Додгоҳе дар Миср ба дархости озодии Ҳуснӣ Муборак, раиси ҷумҳури собиқи ин кишвар, расидагӣ мекунад.
Рӯзи чаҳоршанбеи 21 август ҷаласаи додгоҳи Ҳуснӣ Муборак , 85-сола, баргузор мешавад, то ба додхости вакили мудофеъи оқои Муборак барои озодии ӯ аз зиндон расидагӣ кунад. Вакили мудофеъи оқои Муборак гуфтааст, ки муддати ҳабси муваккили ӯ ба ҳадди аксари давраи муҷози қонунии боздошти қабл аз муҳокима наздик шуда ва идомаи ҳабси ӯ қонунӣ нест.
Дар сурате, ки додгоҳ ин додхостро қабул кунад, мабнои қонунӣ барои идомаи боздошти Ҳуснӣ Муборак вуҷуд надорад, ҳарчанд раиси ҷумҳури пешини Миср ҳачунон бо иттиҳоми шарокат дар куштани муътаризон алайҳи ҳукумати худ ва муҳокима дар иртибот бо ин иттиҳом мувоҷеҳ аст.
Ҳуснӣ Муборак дар феврали соли 2011 ва ду ҳафта пас аз оғози ҳаракати эътирозӣ дар Миср аз симати худ канора гирифт ва кӯтоҳмуддате пас аз он боздошт шуд.
Дар ҷараёни тазоҳуроти эътирозӣ алайҳи ҳукумати оқои Муборак шуморе аз тазоҳуркунандагон ба дасти нерӯҳои амниятӣ ва ҳамчунин афроди либосшахсии тарафдори давлат кушта шуданд ва яке аз иттиҳомоти Ҳуснӣ Муборак, судури дастури қатли муътаризон ё худдорӣ аз иқдоми лозим барои ҷилавгирӣ аз ин ҳодиса будааст.
Канорагирии Ҳуснӣ Муборак пас аз сӣ сол зимомдорӣ дар натиҷаи ҳаракати мавсум ба "баҳори арабӣ" дар Миср рӯй дод, ки то кунун ба сарнагунии теъдоди дигаре аз ҳукуматҳои минтақа мунҷар шудааст.
Дар моҳи июни соли 2012 додгоҳи расидагӣ ба парвандаи кушташудани муътаризон дар ҷараёни эътирозоти соли 2011 Ҳуснӣ Муборакро муҷрим шинохт ва ба ҳабси абад маҳкум кард, аммо додгоҳи истиноф дар моҳи январи соил 2012 ин раъйро муътабар надонист ва дастур дод ба ин парванда муҷаддадан расидагӣ шавад.
Расидагии муҷаддад ба ин парванда дар моҳи майи соли ҷорӣ оғоз шуда, аммо то кунун муттаҳами парванда муддате беш аз ҳадди муҷоз барои боздошти қабл аз муҳокимаро дар зиндон гузарондааст.
Пештар додгоҳи расидагӣ ба парвандаи Ҳуснӣ Муборак ба иттиҳоми фасоди молӣ дастури озодии ӯро содир кардааст. Бар асоси ин парванда, оқои Муборак муттаҳам аст, ки ҳадоёеро аз муассисаи интишороти давлатии Алаҳром дарёфт карда буд, аммо хонаводаи оқои Муборак муъодили арзиши ҳадоёи дарёфтиро ба ин муассиса пардохт карда ва вакили ӯ гуфтааст, ки нисбат ба табраъаи муваккили худ итминони нисбӣ дорад.
Озодии ҷанҷолбарангез
Дар айни ҳол, озодии Ҳуснӣ Муборак дар шароити кунунӣ метавонад буҳрони сиёсии Мисрро печидатар кунад, зеро дар ҳоли ҳозир Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳурии собиқ ва шуморе аз тарафдорони ӯ дар боздошт ба сар мебаранд.
Дар сурати озодии Ҳуснӣ Муборак, мухолифони давлати интиқолии Миср, ки бо ҳимояти артиш ба қудрат расидааст, низомиёнро муттаҳам хоҳанд кард, ки бо даст задан ба кудето алайҳи раиси ҷумҳурии интихобии марум дар садад ҳастанд авзоъро ба даврони оқои Муборак бозгардонанд.
Муҳаммад Мурсӣ, аз ҳизби Озодӣ ва Адолати вобаста ба гурӯҳи исломгарои Ихвонулмуслимин, дар пайи таҷаммуъи чандин ҳазор тан аз муътаризон дар рӯзи 3 июли соли ҷорӣ тавассути артиш аз кор барканор шуд ва аз он замон дар нуқтае эъломнашуда дар боздошт ба сар мебарад.
Барканории оқои Мурсӣ таҷаммуъ ва тазоҳуроти бевақфаи тарафдорони ӯро дар пай оварда, ки дар ҷараёни он то кунун чандсад тан дар даргирӣ бо нерӯҳои амниятӣ ва мухолифони раиси ҷумҳурии собиқ ҷони худро аз даст дода ва теъдоди номаълуме ҳам боздошт шудаанд.
