Кушта шудани 36 зиндонии ҳаводори Ихвонулмуслимин

Манобеъи амниятии Миср мегӯянд, ки 36 нафар аз ҳаводорони Ихвонулмуслимин дар ҳинни интиқол ба зиндоне дар ҳумаи Қоҳира кушта шудаанд.
Ба гуфтаи мақомот, ин воқеъа дар замони интиқоли гурӯҳе аз боздоштиҳо ба зиндони Абӯзаъбал, воқеъ дар ҳумаи шимолии Қоҳира, рух додааст.
Мақомот мегӯянд, ки дар ҳоли фиристодани 612 муттаҳам ба тарафдорӣ аз Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳурии барканоршуда, ба зиндони ёдшуда буданд, ки иддае аз онон барои фирор талош карданд ва яке аз нигаҳбонони худравро гаравгон гирифтанд.
Вазорати кишвари Миср мегӯяд, ки нерӯҳои амниятӣ дар вокуниш иқдом ба партоби гози ашковар карданд, ки дар ниҳоят 36 зиндонӣ дар асари танаффуси гоз кушта шуданд.
Ин дар ҳолест, ки дар баёнияи муқаддамотии вазорати кишвар гуфта шуда буд муҳоҷимони ношинос ба худраве ҳомили зиндониён ҳамла карда буданд ва зиндониён дар даргирӣ кушта шуданд.
Вазорати кишвари Миср мегӯяд маъмури гаравгон гирифташуда башиддат захмӣ, аммо озод шудааст
Бо ин ҳол, хабаргузории Руйтерз аз қавли як мақоми қазоӣ ривояти дигаре аз моҷароро нақл карда ва мегӯяд ин ҳаводорони Ихвонулмуслимин пушти як вонети пулиси пур аз зиндонӣ хафа шудаанд.
Вазорати кишвари Миср рӯзи якшанбе ҳамчунин "кумитаҳои мардумӣ", ки дар маҳаллаҳои мухталиф барои таъмини амнияти умумӣ ташкилшударо ғайриқонунӣ эълом карданд.
Дар хушунатҳое, ки дар ҷараёни саркӯби ҳаводорони Ихвонулмуслимин ва Муҳаммад Мурсӣ дар чанд рӯзи гузашта буруз крда, беш аз 800 нафар дар саросари Миср кушта шудаанд.
Мақомҳое мегӯянд 1000 нафар аз аъзои Ихвонулмуслиминро боздошт кардаанд.
Беш аз як моҳ пеш артиши Миср бо кудетое Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури исломгарои ин кишварро аз кор баркнор кард ва зимни таълиқи Қонуни асосӣ давлате муваққатро бар сари кор овард.
Ҳаводорони Ихвонулмуслимин таҳаввулотро ба расмият намешиносанд ва хоҳони бозгашти Муҳаммад Мурсӣ ба қудрат ҳастанд. Ҳафтаи гузашта нерӯҳои амниятии Миср дар хушунате камсобиқа таҳассуни ҳаводорони оқои Мурсиро саркӯб карданд.
"Барои ҳама дар Миср ҷо ҳаст"
Рӯзи якшанбе Абдулфаттоҳ Сисӣ, фармондеҳи артиши Миср, дар аввалин суханронии худ пас аз хушунатҳои ахир ҳушдор дода, ки артиш ҳеҷ хушунатеро таҳаммул намекунад.
Оқои Сисӣ, ки дар ҷамъи афсарони артиш ва пулис суханронӣ мекард, гуфт, ки "барои ҳама дар Миср ҷо ҳаст"
Дар ҳамин ҳол, Ихвонулмуслимин яке аз роҳпаймоиҳои эътирозиро, ки қарор буд якшанбе дар Қоҳира баргузор шавад, лағв карда, аммо бар асоси гузоришҳои дарёфтӣ роҳпаймоиҳои дигаре дар пойтахт ва чанд шаҳри дигар дар ҷараён аст.
Пештар гуфта шуда буд, ки қарор аст кобинаи Миср дар ҷаласае дар бораи тазоҳурот ва даргириҳои рӯзҳои ахир дар кишвар ва гомҳои баъдии худ тасмимгирӣ кунад.
Интизор меравад пешниҳоди нахуствазир мабнӣ бар инҳилоли Ихвонулмуслимин аз ҷумлаи мавзӯъоти дигаре бошад, ки дар нишасти имрӯзи кобина мавриди баҳсу баррасӣ қарор бигирад.
Нахуствазири муваққати Миср рӯзи шанбе тарҳеро пешниҳод карда буд, ки бар асоси он Ихвонулмуслимин ба сурати қонунӣ мунҳал шавад.
Иттиҳодияи Урупо ҳам имрӯз бо интишори баёнияе зимни ҳушдор бар артиш ва давлати муваққати Миср гуфт, ки ин иттиҳодия омодаи таҷдиди назар дар равобит бо Миср аст.
Дар ин баёния аз тамомии гурӯҳҳо дар он кишвар хоста шуда, то зимни хештандорӣ аз бурузи хушунатҳои бештар ҷилавгирӣ кунанд.
Дар ин баёния бо таъкид бар ин ки идомаи хушунатҳо метавонад ба авоқибе ғайриқобили пешбинӣ барои Миср ва минтақа мунҷар шавад, гуфта шуда, ки ин вазифаи артиш ва давлат аст, ки оромишро ба кишвар бозгардонад.
