Ҳаводорони Мурсӣ дастгоҳи амниятии Мисрро ба қатли пулисҳои вазифа муттаҳам карданд

  • 20 Август, 2013
Image caption Аз замоне ки артиши Миср оқои Мурсиро барканор карда, ин кишвар ҳамчунон дастхуши ошӯб ва ҳарҷу марҷ аст

Эътилофи ҳаводорони Муҳаммад Мурсӣ, ки аз Ихвонулмуслимин ва ҳаводорон ташкил шуда дар нишасте хабарӣ дар Қоҳира, қатли 25 пулиси вазифаро, ки ду рӯзи пеш дар саҳрои Сино ҳадафи афроди мусаллаҳ қарор гирифтанд, маҳкум ва эълом кард, ки ин ҳамла ва ҳамалоти мушобеҳро дастгоҳи амниятии Миср тарҳрезӣ мекунад.

Ин эътилоф "сарони кудето"ро муттаҳам кард, ки аз тариқи расонаҳои вобаста ба бозмондагони низоми Ҳуснӣ Муборак ва порае аз сармоядорон воқеъиятро таҳриф мекунад.

Дар ин нишасти хабарӣ аз мардум хоста шуд расонаҳои ҳаводори давлати кудеторо таҳрим кунанд ва ҳамчунин аз хариди колоҳое, ки дар кишварҳое тавлид шуда, ки давлатҳои таъйидкунандаи давлати бархеста аз кудето ҳастанд, худдорӣ кунанд.

Эътилофи ҳаводорони Муҳаммад Мурсӣ ҳаракати эътирозии худро инқилобе барои наҷоти инқилоби ду соли пеши Миср тавсиф кард ва рӯзгоре душвор пеши рӯйи мардуми Миср мебинад, ки зулм ва гумроҳӣ бар он ҳукмфармо хоҳад буд.

Беш аз як моҳ пеши артиши Миср бо кудето Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури исломгарои ин кишварро аз кор барканор кард ва зимни таълиқи қонуни асосӣ давлате муваққатро бар сари кор овард.

Ҳаводорони Ихвонулмуслимин ин таҳаввулотро ба расмият намешиносанд ва хоҳони бозгашти Муҳаммад Мурсӣ ба қудрат ҳастанд. Ахиран нерӯҳои амниятии Миср дар хушунате камсобиқа таҳассуни ҳаводорони оқои Мурсиро саркӯб карданд, ки дар ҷараёни ин саркӯб садҳо нафар кушта ва ҳазорон нафар ҳам захмӣ шуданд.

Матолиби муртабит