Иҷлоси изтирории Иттиҳодияи Урупо дар бораи Миср

  • 19 Август, 2013
Image caption Эътирозоти ҳаводорони Ихвонулмуслимин дар баъзе аз шаҳрҳои Миср ҳамчунон идома доштааст

Намояндагони Иттиҳодияи Урупо қарор аст имрӯз (19 август) дар як нишасти изтирорӣ дар бораи буҳрони Миср музокира кунанд.

Мақомҳои Иттиҳодияи Урупо дар ин ҷаласа вокуниш ба таҳаввулоти Мисрро баррасӣ мекунанд. Аз ҷумла мумкин аст дар бораи қатъи бахше аз кумаки чандмилёрддулории Иттиҳодияи Урупо ба Миср низ баҳс шавад.

Руасои Кумииссиюни Урупо рӯзи якшанбе дар як баёнияи муштарак хоҳони поёни фаврии хушунатҳо дар Миср шуданд.

Дар ин баёния бо таъкид бар ин ки идомаи хушунатҳо метавонад ба авоқибе ғайриқобили пешбинӣ барои Миср ва минтақа мунҷар шавад, гуфта шуда, ки ин вазифаи артиш ва давлат аст, ки оромишро ба кишвар бозгардонад.

Аммо Арабистони Саъудӣ ба кишварҳои ғарбӣ ҳушдор дода, ки ба давлати таҳти ҳимояти низомиёни Миср барои таваққуфи амалиёт алайҳи Ихвонулмуслимин фишор наёваранд

Дар хушунатҳое, ки дар ҷараёни саркӯби ҳаводорони Ихвонулмуслимин ва Муҳаммад Мурсӣ дар чанд рӯзи гузашта буруз кард, беш аз 800 нафар дар саросари Миср кушта шудаанд. Беш аз 100 нафар аз аъзои Ихвон низ боздошт шудаанд.

Артиши Миср рӯзи сеюми июл пас аз рӯзҳо эътирози мухолифони Муҳаммад Мурсӣ дар хиёбонҳои Миср, ба раёсати ҷумҳурии ӯ поён дод, Қонуни асосиро таълиқ кард ва Адлӣ Мансур, ҳуқуқдон ва раиси додгоҳи олии Қонуни асосиро то интихоботи баъдӣ ба унвони раиси ҷумҳурии мувққат муъаррифӣ кард.

Муҳаммад Мурсӣ аввалин раиси ҷумҳури Миср буд, ки дар як интихоботи демукротик интихоб шуд, аммо мухолифонаш ӯро ба истибдод муттаҳам мекарданд ва эътирозҳои густардаеро алайҳи ӯ барпо карданд.

Аммо ҳаводорони оқои Мурсӣ хоҳони бозгашти ӯ ба қудрат ҳастанд.

Пас аз кудетои артиши Миср алайҳи Муҳаммад Мурсӣ, ҳаводорони ӯ дар эътироз ба иқдомоти артиш бо барпо кардани чодарҳое даст ба таҷаммуъ задаанд.

Давлат аз якшанбеи гузашта эълом каада буд, ки ба таҷаммуъҳо поён хоҳад дод ва чодарҳоро ҷамъ хоҳанд кард, ки ин иқдом чандин рӯз хушунатро дар пай дошт.

Матолиби муртабит