Раҳбари Ихвонулмуслимин дар Миср боздошт шуд

Телевизиюни давлатии Миср хабар дода, ки Муҳаммад Бадеъ, раҳбари гурӯҳи Ихвонулмуслимин, боздошт шудааст.
Тибқи ин гузориш, оқои Бадеъ дар опортумоне дар шаҳраки Насри Қоҳира, дар наздикии майдони Робиъаи Адавия боздошт шудааст.
Майдони Робиъаи Адавия дар ҳафтаҳои гузашта таҷаммуъгоҳи аслии ҳаводорони Муҳаммад Мурсӣ будааст.
Ҳукми боздошти Муҳаммад Бадеъ дар нахустин ҷумъа пас аз кудето дар Миср ва ҳангоме содир шуда буд, ки ӯ бо ҳузур байни ҳаводорони Муҳаммад Мурсӣ онҳоро ба идомаи тазоҳурот ва муқовимат то замони озодии Муҳаммад Мурсӣ ва бозгашти ӯ ба мақоми раёсати ҷумҳурии Миср фаро хонд.
Ӯ ба далели ин суханронӣ ба "таҳрик ба ошӯб ва хушунат" муттаҳам шуд ва таҳти таъқиб қарор гирифт.
Тайи ин муддат шумори зиёде аз аъзои аршади Ихвонулмуслимин боздошт шуданд, аммо оқои Бадеъ ҳамчунон пинҳон буд, аммо ҳар аз гоҳе дар ҷамъи ҳаводоронаш зоҳир мешуд.
Меҳрдоди Фараҳманд, хабарнигори Би-би-сии форсӣ дар Қоҳира мегӯяд боздошти Муҳаммад Бадеъ метавонад ба боло гирифтани эътирозоти Ихвонулмуслимин ва бурузи даргирии бештар дар Миср бианҷомад.
Идомаи хушунатҳо
Дар хушунатҳое, ки дар ҷараёни саркӯби ҳаводорони Ихвонулмуслимин ва Муҳаммад Мурсӣ дар чанд рӯзи гузашта буруз карда, беш аз 800 нафар дар саросари Миср кушта шудаанд. Беш аз 1000 нафар аз аъзои Ихвон низ боздошт шудаанд.
Артиши Миср рӯзи 3 июл пас аз рӯзҳо эътирози мухолифони Муҳаммад Мурсӣ дар хиёбонҳои Миср, ба раёсати ҷумҳурии ӯ поён дод, Қонуни асосиро таълиқ кард ва Адлӣ Мансур, ҳуқуқдон ва раиси додгоҳи олии Қонуни асосиро то интихоботи баъдӣ ба унвони раиси ҷумҳури муваққат муъаррифӣ кард.
Муҳаммад Мурсӣ аввалин раиси ҷумҳури Миср буд, ки дар як интихоботи демукротик интихоб шуд, аммо мухолифонаш ӯро ба истибдод муттаҳам мекарданд ва эътирозҳои густардаеро алайҳи ӯ барпо карданд.
Ин муътаризон тазоҳуроти густардае алайҳи ӯ барпо карданд, ки дар рӯзҳои поёнии моҳи июн ва пеш аз мудохилаи артиши Миср ба авҷи худ расид.
Пас аз кудетои артиши Миср алайҳи Муҳаммад Мурсӣ, ҳаводорони ӯ дар эътироз ба иқдомоти артиш бо барпо кардани чодарҳое даст ба таҷаммуъ задаанд.
Онон хоҳони бозгашти ӯ ба қудрат ҳастанд.
Давлат аз якшанбеи гузашта эълом карда буд, ки ба таҷаммуъҳо поён хоҳад дод ва чодарҳоро ҷамъ хоҳанд кард, ки ин иқдом чандин рӯз хушунатро дар пай дошт.
Намояндагони Иттиҳодияи Урупо қарор буд дар як нишасти изтирорӣ дар бораи буҳрони Миср музокира кунанд.
Аз ҷумла эҳтимол дода шудааст, ки онон дар бораи қатъи бахше аз кумаки чандмилёрддулории Иттиҳодияи Урупо ба Миср тасмим бигиранд.
Руасои Кумииссиюни Урупо ва Шӯрои Урупо рӯзи якшанбе дар як баёнияи муштарак хоҳони поёни фаврии хушунатҳо дар Миср шуда буданд.
Дар ин баёния бо таъкид бар ин ки идомаи хушунатҳо метавонад ба авоқибе ғайриқобили пешбинӣ барои Миср ва минтақа мунҷар шавад, гуфта шуда, ки ин вазифаи артиш ва давлат аст, ки оромишро ба кишвар бозгардонанд.
Аммо Арабистони Саъудӣ ба кишварҳои ғарбӣ ҳушдор дода, ки ба давлати таҳти ҳимояти низомиёни Миср барои таваққуфи амалиёт алайҳи Ихвонулмуслимин фишор наёваранд
Дар ин байн нерӯҳои амниятии Миср мегӯянд дастикам 25 маъмури пулис дар ҳамлае дар нимҷазираи Сино дар шимоли ин кишвар кушта шудаанд
Гуфта мешавад афроде, ки занни он меравад аз пайкорҷӯёни исломгаро бошанд, ин маъмурони пулисро водор карданд аз худрав пиёда шаванд ва ба рӯйи онҳо оташ гушуданд . Яке аз ин маъмурон дар асари шиддати ҷароҳот дар бемористон даргузашт. Ду маъмури дигари пулис ҳамчунон дар бемористон бистарӣ ҳастанд.
