Давлати Миср: Тасмиме барои инҳилоли Ихвонулмуслимин гирифта нашудааст

  • 6 Сентябр, 2013

Давлати Миср гузориши расонаҳои ин кишварро мабнӣ бар ин ки давлат барои инҳилоли қонунии Ихвонулмуслимин иқдомоте ба ҷараён андохта, такзиб кардааст.

Расонаҳои Миср ба нақл аз сухангӯи вазорати ҳамбастагии иҷтимоъии ин кишвар гуфта буданд, ки давлат дар талош аст, то Ихвонулмуслиминро ба унвони як созмони ғайридавлатӣ, ғайриқонунӣ эълом кунад.

Аммо сухангӯйи дафтари нахуствазири Миср ба Би-би-сӣ гуфтааст, ки вазорати ҳамбастагии иҷтимоъӣ тасмиме дар ин маврид нагирифтааст.

Аз аввали моҳи июл, ки Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури собиқи Миср, дар пайи моҳҳо эътироз ба кудетои артиш аз қудрат барканор шуд, давлати ин кившар талошҳоеро барои ғайриқонунӣ эълом кардани фаъъолиятҳои Ихвонулмуслимин оғоз кардааст.

То кунун даҳҳо нафар аз мақомоти аршади Ихвонулмуслимин, аз ҷумла Муҳаммад Бадеъ, раҳбари он ба иттиҳоми таҳрики мардум ба эъмоли хушунат боздошт шудаанд.

Дар пайи барканории оқои Мурсӣ, садҳо нафар аз ҳаводорони ӯ, ки аксари онҳо аз аъзои Ихвонулмуслимин ҳастанд, дар ҷараёни даргирӣ бо нерӯҳои низомӣ дар ин кишвар кушта шуданд.

Ихвонулмуслимин дар соли 1954 расман тавассути мақомоти низомии Миср мунҳал шуд. Аммо ин ҳизб бори дигар дар авоили соли ҷорӣ ба унвони созмоне ғайридавлатӣ ба сабт расид.

Ихвонулмуслимин ҳамчунин расман ҳизби Озодӣ ва Адолатро ба унвони шохаи сиёсии худ дар соли 2011 ва дар пайи инқилоби мардумӣ дар ин кишвар эҷод кард.

Муҳаммад Мурсӣ, раҳбари ин ҳизб, тавонист дар ҷараёни интихоботе, ки дар соли 2012 дар ин кишвар баргузор шуд, ба унвони аввалин раиси ҷумҳур пас аз суқути ҳукумати Ҳуснӣ Муборак ба қудрат бирасад.

Матолиби муртабит