Миср дороиҳои Ихвонулмуслиминро мусодира мекунад

  • 4 Октябр, 2013
Image caption Боздошти яке аз ҳаводорони Ихвонулмуслимин дар Миср

Давлати Миср эълом карда, ки барои мусодираи дороиҳои Ихвонулмуслимин иқдом хоҳад кард.

Дар пайи саркӯбҳои пас аз халъи қудрати Муҳаммади Мурсӣ фаъъолияти шабакаи Ихвонулмуслимин дар Миср мамнӯъ шудааст.

Давлати Миср мегӯяд ин мусодира ҳамчунин шомили хадамоти иҷтимоъии густардае, аз ҷумла бемористонҳо, мадорис ва хайрияҳо мешавад, ки Ихвонулмуслимин ироа мекунад.

Додгоҳи Миср ахиран ба манъи фаъъолияти Ихвонулмуслимин ҳукм дода буд ва акнун ин ҳукм пас аз муҳлати истиноф таъйид шудааст.

Сухангӯйи вазорати ҳамбастагии иҷтимоъии Миср гуфтааст кобинаи давлат як кумиссиюни вижа ташкил дода, то дар бораи манобеъи молии Ихвонулмуслимин таҳқиқ кунад ва дороиҳояшро мусодира кунад.

Вазорати ҳамбастагии иҷтимоъии Миср масъули иҷрои манъи фаъъолияти шабакаи Ихвонулмуслимин аст.

Хабарнигори Би-би-сӣ дар Қоҳира мегӯяд муҳлати 15-рӯзаи таҷдидиназархоҳии ҳукми додгоҳ дар бораи манъи фаъъолияти Ихвонулмуслимин рӯзи душанбеи оянда тамом мешавад, вале ин ҳукм зудтар аз мавъид ниҳоӣ шуд, чун таътилоти серӯзае дар Миср дар пеш аст ва кобинаи давлати Миср намехост дар ин таътилот ҷаласае дигар ба ин хотир ташкил диҳад.

Бозрондан ба соя

Image caption Ҳаводорони Ихвонулмуслимин мегӯянд Муҳаммад Мурсӣ ба тавари қонунӣ ва дар як интихобот бар сари кор омада ва халъи қудрати ӯ бо мудохилаи низомӣ кудето ва ғайриқонунӣ аст

Аз авоили моҳи июл, ки Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури собиқи Миср, дар пайи моҳҳо эътироз бо кудетои артиш аз қудрат барканор шуд, давлати ин кишвар талошҳоеро барои ғайриқонунӣ эълом кардани фаъъолиятҳои Ихвонулмуслимин оғоз кард.

То кунун даҳҳо нафар аз мақомоти аршади Ихвонулмуслимин, аз ҷумла Муҳаммад Бадеъ, раҳбари он ба иттиҳоми таҳрики мардум ба эъмоли хушунат боздошт шудаанд.

Дар пайи барканории оқои Мурсӣ, садҳо нафар аз ҳаводорони ӯ, ки аксари онҳо аз аъзои Ихвонулмуслимин ҳастанд, дар ҷараёни даргирӣ бо нерӯҳои низомӣ дар ин кишвар кушта шуданд.

Ивонулмуслимин дар соли 1954 расман тавассути мақомоти низомии Миср мунҳал шуд. Аммо ин ҳизб бори дигар дар авоили соли ҷорӣ ба унвони созмоне ғайридавлатӣ ба сабт расид.

Ин гурӯҳ ҳамчунин расман ҳизби Озодӣ ва Адолатро ба унвони шохаи сиёси худ дар соли 2011 ва дар пайи инқилоби мардумии Миср дар ин кишвар эҷод кард.

Муҳаммад Мурсӣ, раҳбари ин ҳизб, тавонист дар ҷараёни интихоботе, ки дар соли 2012 дар ин кишвар баргузор шуд, ба унвони аввалин раиси ҷумҳур пас аз суқути ҳукумати Ҳуснӣ Муборак ба қудрат бирасад.

Сухангӯйи вазорати ҳамбастагии иҷтимоъии Миср дар посух ба ин суоли Би-би-сӣ, ки ин мамнӯъият чи тавр бар милюнҳо ҳаводори Ихвонулмуслимин таъсир мегузорад, гуфта, ки "милюнҳо" иғроқомез аст ва ҳаводорони ин гурӯҳро дар ҳадди садҳо ҳазор нафар тахмин задааст.

Бо вуҷуди маҳдудиятҳои эъмолшудаи ахир, ҳаводорони Ихвонулмуслимин ҳарчанд дар шуморе камтар аз гузашта ҳамчунон дар хиёбонҳои Миср тазоҳурот мекунанд.

Ин гурӯҳ умдаи ҳаёти худ дар 85 соли гузаштаро дар соя ба сар бурдааст ва акнун бори дигар ба хафо ронда мешавад. Аммо ба гуфтаи хабарнигори Би-би-сӣ ин бор ҳам баъид аст Ихвонулмуслимин аз саҳфаи Миср ҳазф шавад.

Матолиби муртабит