Таваққуфи бахше аз кумакҳои низомии Омрико ба Миср

Иёлоти Муттаҳида эълом кардааст, ки бахше аз кумакҳои густардааш ба артиши Мисрро коҳиш медиҳад. Ин кумакҳо то кунун беш аз як милёрд дулор будааст.
Вазорати хориҷаи Омрико мегӯяд ирсоли сомонаҳои низомии бузург ва ҳамчунин кумаки молӣ ба ҳукумати Миср мутаваққиф мешавад.
Ин вазоратхона эълом кардааст, ки Миср бояд "пешрафте воқеъӣ" ба самти баргузории интихоботи озод ва мунсифона тай кунад.
Таҷдиди назар дар бораи кумакҳои густардаи Омрико ба Миср, ки ҳудуди 1.3 милёрд дулор будааст, дар моҳи август ва пас аз саркӯби муътаризони ҳомии Муҳаммад Мурсӣ оғоз шуд
Ин саркӯбҳо садҳо кушта бар ҷо гузошт. Ҳазорон нафар аз ҳомиёни оқои Мурсӣ ҳам боздошт шудаанд.
Мақомоти омрикоӣ мегӯянд арзиши кумакҳои мутаваққифшуда сар ба садҳо милюн дулор мезанад.
Омрико ҳамчунин бино дорад ҷилави интиқоли 260 милюн дулор ба Мисрро бигирад ва тазмини як воми 300 милюндулориро пас бигирад.
Кумакҳои низомии мутаваққифшуда шомили чархболҳои Опочӣ ва ҳамин тавр мушакҳои Ҳорпун ва қитъаоти тонк аст.
Иёлоти Муттаҳида ба таъмини кумакҳои дармонӣ ва омӯзишӣ ва ҳамин тавр кумаки нақдӣ ба Миср барои таъмини амнияти нимҷазираи Сино, ки рӯ ба талотум аст, идома медиҳад.
"Пешрафти воқеъӣ"
Вазорати хориҷаи Омрико мегӯяд ин таваққуфи кумакҳо ҳамешагӣ нест.
Сухангӯйи вазорати умури хориҷаи Омрико гуфтааст: "То замоне ки пешрафте воқеъӣ ба сӯйи шаклгирии як давлати ғайринизомии баромада аз интихоботи озод ва мунсифона дида нашавад, таваққуфи ирсоли сомонаҳои низомии бахусус ва кумакҳои нақдиро идома медиҳем."
Тибқи қавонини Омрико кумаки низомӣ ба давлатҳои баромада аз кудето мамнуъ аст.
Робитаи низомии сиёсии Омрико бо Миср робитае 24-сола аст, ки ҳатто сарнагунии Ҳуснӣ Муборак, муттаҳимди муҳимми Омрико дар минтақа ҳам натавонист таъсири чандоне ба он бигузорад.
Иёлоти Муттаҳида дар солҳои гузашта ҳар сол 1.3 милёрд дулор ба артиши Миср кумак мекарда ва қатъи ин кумакҳо метавонад барои ин артиш мушкилоти ҷиддӣ эҷод кунад ва муъодилоти минтақаиро ҳам тағйир диҳад.
Пас аз барканории Муҳаммад Мурсӣ, Ҷурҷ Литл, сухангӯйи вазорати дифоъи Омрико, таъкид карда буд, ки Иёлоти Муттаҳида ба мушорикати низомии худ бо Миср ҳамчунон пойбанд аст ва онро "асоси шарокати истротежики худ бо Миср ва сутуни субот дар минтақа" медонад.
Вошингтун дар моҳҳои гузашта аз ташкили давлати пуштигарм ба артиш дар Қоҳира, интиқод карда ва саркӯбҳоро дар Миср маҳкум кардааст.
Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико, дар нутқи ахири худ дар Маҷмаъи Умумии Созмони Милал аз давлати муваққати Миср ба хотири "тасмимоте, ки бо як демукросии ҷомеъ ва дарбаргиранда муғойират дорад", интиқод кард.
