'50' кушта дар даргирии ҳаводорони Муҳаммад Мурсӣ бо пулиси Миср

Тазоҳуроти тарафдорони Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳурии барканоршудаи Миср, ба муносибати чиҳилумин солгарди набарди аъроб ва Исроил дар шаҳрҳои мухталифи Миср, аз ҷумла дар Қоҳира ба даргирӣ бо нерӯҳои либосшахсӣ ва пулис мунҷар шуда ва бино ба гузоришҳо дастикам 50 нафар кушта шудаанд.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар ин даргириҳо беш аз 240 нафар захмӣ шудаанд.
Беш аз 200 нафар аз аъзои Ихвонулмуслимин дар Қоҳира, ҷое ки бештарин куштаҳо дар он гузориш шуда, дастгир шуданд.
Пулис бо шиллики гози ашковар ва тирандозии ҳавоӣ ҳаводорони Муҳаммад Мурсиро, ки саъй доштанд ба майдони Таҳрири Қоҳира бирасанд, пароканда карда ва онҳо ба самти минтақаи Алдуқӣ фирор кардаанд.
Ба гузориши хабаргузории Фаронса нерӯҳои либосшахсӣ ва пулис ҳаводорони Мурсиро таъқиб карда ва бао хушунат бо онҳо рафтор карда ва иддаеро дастгир кардаанд.
Дар Шабрулхайма ва Мониёл низ даргириҳое гузориш шудааст.
Дар минтақаи мураффаҳи Ҷордан ситӣ, дар маркази Қоҳира, баъзе аз тазоҳуркунандагон барои фирор аз гози ашковар ва пулис ба рӯи Нил паридаанд, аммо маъмурони пулис бо қоиқ онҳоро дастгир кардаанд.
Тарафдорони Муҳаммад Мурсӣ эълом карда буданд, ки ин солгардро бо тазоҳуроти густарда алайҳи кудетои низомӣ гиромӣ хоҳанд дошт.
Ба ҷуз Қоҳира дар шаҳри Дилго дар маркази Миср ба гуфтаи мақомоти бемористонӣ як нафар аз тарафдорони Муҳаммад Мурсӣ дар даргириҳо кушта шуда, аммо ҳанӯз рӯшан нест иллати аслии ин даргирӣ чи будааст.
Артиш созмондиҳии тазоҳуроти аслӣ дар майдони Қоҳираро бар уҳда дошта ва эълом карда буд монеъ аз расидани тарафдорони Мурсӣ ба майдони Таҳрир хоҳад шуд. Ин дар ҳолест, ки ҳаводорони артиш шанбешаб дар майдони Таҳрир ҳузур доштанд.
Тарафдорони артиш бо аксҳои Абтулфаттоҳ Алсисӣ, фармондеҳи артиш, дар майдони Таҳрир ҷамъ шуданд ва ҷангандаҳои артиш ҳам бар фарози ин майдон парвоз мекунанд.
Бо вуҷуди мухолифати артиш, Ҷунбиши тамарруд барои ҳузури мухолифони артиш дар хиёбонҳо фарохон додааст. Муҳаммад Бадр, раҳбари ин ҷунбиш аз тамоми мардуми Миср хоста, то дар майдонҳои тамоми шаҳрҳои Миср таҷаммуъ кунанд ва нишон диҳанд, ки иҷоза намедиҳанд "инқилоб ба сирқат биравад".
Тазоҳуроти рӯзи якшанбе нигарониҳоеро дар бораи даври тозае аз хушуант ва нооромӣ барангехта, бавижа он ки дар рӯзҳои гузашта расонаҳои давлатӣ бар илтиҳоби авзоъ доман задаанд.
Ҳозим Биловӣ, нахуствазири Миср, дар паёме, ки аз телевизиюн пахш шуд аз мардум хост, ки оромиши худро ҳифз кунанд, баухсус акнун, ки кишвар дар ҳоли гузар аз буҳрон аст: "Дар ин рӯзҳои сарнавиштсоз тамоми мисриён бояд бо ҳам муттаҳид бимонанд ва ба оянда хушбин ва мутмаин бошанд."
Вазорати кишвари Миср ҳушдор дода бо ҳар навъ хушунат башиддат муқобила хоҳад кард ва ҳушдор дода аз аъмоле, ки мумкин аст ҷашнҳои шашуми октябрро мухтал кунад, парҳез шавад.
Рӯзи 6 октябр дар Миср ба муносибати ёдбуди ҷанги аъроб ва Исроил дар соли 1973 таътили расмӣ аст. Ин ҷанг дар Миср ҷанги октябр ва дар Исроил набарди явмукипур номида мешавад.
