Низомиёни мисрӣ дар инфиҷори бумб дар наздики марзи Исроил кушта ва захмӣ шуданд

  • 20 Ноябр, 2013
Image caption Низомиёни мисрӣ дар моҳҳои ахир ҳадафи ҳамалоти мутаъаддиде қарор доштаанд

Инфиҷори бумб дар Миср ба кушта шудани теъдоде низомии мисрӣ мунҷар шудааст.

Рӯзи чаҳоршанбеи 20 ноябр мақомоти мисрӣ эълом карданд, ки инфиҷори як худрави бумбгузоришуда дар наздикии шаҳри Алъариш, воқеъ дар шимоли саҳрои Сино, даҳ низомии мисриро кушта ва сиву панҷ тани дигарро захмӣ кардааст. Вазъияти бархе аз захмиҳои ин инфиҷор вахим гузориш шудааст.

Алъариш дар наздикии марзи Миср бо Исроил ва сарзаминҳои фадластинӣ дар Навори Ғазза қарор дорад ва аз он ба унвони минтақаи амалиёти гурӯҳҳои исломгарои тундрав ном бурда мешавад.

Инфиҷори рӯзи чаҳоршанбе пурталафоттарин ҳамла ба низомиёни мисрӣ аз замони суқути Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳурии собиқи Миср, аст, ки дар моҳи июл бо мудохилаи артиши ин кишвар аз симати худ барканор шуд.

Ба гуфтаи манобеъи амниятии Миср бо барканории Муҳаммад Мурсӣ шибҳинизомиёни вобаста ба гурӯҳҳои тундрави исломгаро ба амалиёти хушунатомези худ шиддат бахшида ва бахусус артишиёнро ҳадафи ҳамла қарор додаанд.

Ҳамлаи рӯзи чаҳоршанбе дар ҳоле рӯй дод, ки як сутун худравҳои низомӣ озими гузаргоҳи марзии Рафаҳ, дар марзи Миср ва Навори Ғазза буд. Ҳанӯз ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ин инфиҷорро бар уҳда нагирифтааст.

Image caption Ташдиди фаъъолияти мусаллаҳонаи исломгароёни тундрав бо суқути Мурсӣ муртабит дониста шудааст

Дар моҳи августи соли ҷорӣ афроди мусаллаҳ як сутуни нерӯҳои амниятии Мисрро дар наздикии Рафаҳ ба гулӯла бастанд ва бисту панҷ маъмури пулисро куштанд.

Рӯзи якшанбеи ин ҳафта ҳам як мақоми аршади амниятии Миср дар шаҳри Қоҳира терур шуд ва гурӯҳи исломгарои "Ансори Байтулмуқаддас" бо интишори матне дар вебсойти худ масъулияти қатли ӯро бар уҳда гирифт. Ин гурӯҳ дар минтақаи саҳрои Сино фаъъолият дорад.

Ҳамзамон ба гузориши телевизиюни давлатии Миср, бумбе дар наздикии як посгоҳи ист ва бозрасии пулис дар Қоҳира мунфаҷир шуд ва се нафарро захмӣ кард.

Мухолифони Муҳаммад Мурсӣ, гурӯҳи исломгарои Ихвонулмуслиминро ба ҳамсӯйӣ бо тундравони исломгаро муттаҳам мекунанд, аммо раҳбарони ин гурӯҳ ин иттиҳомро рад карда ва бар мусолиматомез будани муборизоти худ таъкид ниҳодаанд.

Дар пайи сарнагунии Муҳаммад Мурсӣ тазоҳуроти ҳомиёни Ихвонулмуслимин ва тарафдорони он ба бурузи хушунат мунҷар шуд, ки гуфта мешавад ҳудуди як ҳазор кушта бар ҷой гузоштааст.

Аксари қурбониёни ин хушунатҳо аз тарафдорони Мурсӣ будаанд.

Матолиби муртабит