Сафари ғайримунтазираи Ҷон Керрӣ ба Миср

  • 3 Ноябр, 2013
Ҷон Керрӣ ва мақомоти мисрӣ
Image caption Ҷон Керрӣ дар ин сафар бо Набил Фаҳмӣ, вазири хориҷаи Миср дидор кард

Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷаи Омрико дар оғози сафари минтақаии худ ба Ховари Миёна ва шимоли Офриқо ба таври ғайримунтазира вориди Миср шудааст.

Вазири хориҷаи Омрико дар Қоҳира гуфт, ки он кишвар ба ҳамкорииҳояш бо давлати муваққати мавриди ҳимояти низомиёни Миср мутаъаҳҳид хоҳад буд.

Оқои Керрӣ зимни ҳимояти Омрико аз ҳифзи демукросӣ дар Миср, бурузи ҳар гуна хушунат дар ин кишварро маҳкум кардааст.

Вазири умури хориҷаи Омрико баландпоятарин мақоми омрикоӣ аст, ки аз замони сарнагунии ҳукумати Муҳаммад Мурсӣ, дар июли соли ҷорӣ ба Миср сафар мекунад.

Гуфта шуда оқои Керрӣ дар ин сафар бо мақомоти давлати муваққат аз ҷумла Адлӣ Мансур, раиси ҷумҳур, Ҳозим Библовӣ, нахуствазир, Набил Фаҳмӣ, вазири хориҷа ва женерол Абдулфаттоҳ Сисӣ, раиси шурои низомии он кишвар дидор ва гуфтугӯ кардааст.

Дидори вазири хориҷаи Омрико аз Миср дар ҳоле сурат гирифта, ки қарор аст фардо ( душанбе, 4 ноябр) муҳокимаи Муҳаммад Мурсӣ ба иттиҳоми даст доштан дар куштори муътаризон дар муқобили кохи раёсати ҷумҳурӣ дар декабри соли 2012 баргузор шавад.

Вазорати хориҷаи Омрико гуфтааст, ки ҳамзамонии ин сафар иртиботе бо муҳокимаи оқои Мурсӣ надорад.

Равобити байни Омрико ва Миср дар пайи сарнагунии давлати оқои Мурсӣ ва ба таълиқ даромадани кумакҳоии низомии чандсадмиллиюндулории он кишвар ба Миср бо танишҳое ҳамроҳ шудааст.

Мақомоти Омрико саъй карда буданд, ки сафари оқои Керриро ба Миср то қабл аз нишастани ҳавопаймои ӯ дар хоки он кишвар махфӣ нигаҳ доранд, ҳарчанд ки расонаҳоии мисрӣ хабари вуруди ӯро эълом карданд.

Ин аввалин боре аст ки сафари яке аз вузарои хориҷаи Омрико ба Миср ба далоили амниятӣ аз қабл эълом намешавад.

Оқои Керрӣ пас аз ин дидор ба Арабистони Саъудӣ хоҳад рафт.

Исроил, Урдун, Мағриб ва Алҷазоир аз ҷумлаи дигар кишварҳое ҳастанд, ки вазири хориҷаи Омрико дар ҷараёни сафараш ба кишварҳои Ховари Миёна ва шимоли Офриқо аз онҳо дидор мекунад.

Матолиби муртабит