Чашмандози ҳамкориҳои низомиии милёрдии байни Русия ва Миср

Мақомҳои баландпояи мисрӣ гуфтугӯҳои кишварашон бо вузарои Русияро "таърихӣ" тавсиф кардаанд.
Ин гуфтугӯҳо дар Қоҳира дар ҷараён аст ва ҳамкориҳои низомӣ аз ҷумлаи мавориди мавриди баҳс аст.
Женерол Абдулфаттоҳ Сисӣ, фармондеҳи артиши Миср , гуфт, ки дар ин гуфтугӯҳо ҷарақаи даври ҷадиди ҳамкориҳои дуҷонибаи низомии байни ду кишвар зада шуд.
Ду тараф ҳамчунон машғули музокира дар бораи як қарордоди таслиҳотӣ ҳастанд, ки эҳтимолан арзише баробари 2 милёрд дулор дорад.
Гуфтугӯҳои ахир байни ду кишвар сабаб шуда, ки баъд аз солҳо яке аз баландтарин ҳайъатҳои сиёсӣ аз Русия ба Миср бираванд.
Ба дунболи сарнагунии давлати Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳурии мунтахаби Миср, ки ба дасти артиши ин кишвар анҷом шуд, Омрико кумакҳои низомии худ ба Мисрро ба ҳоли таълиқ даровард.
Бо ин ҳол Набил Фаҳмӣ, вазири хориҷаи Миср,гуфт кишвараш ба дунболи "ҷойгузин" кардани касе нест.
Оқои Фаҳмӣ гуфт, ки Русия бештар аз инҳо аҳаммият дорад, ки бихоҳад ҷойгузини каси дигаре бишавад.
Сергей Лавров, вазирии хориҷаи Русия, дар тавзеҳи мавзеъи кишвараш гуфт, ки Русия мухолифи дахолати низомии хориҷӣ дар умури дохилиии кишварҳост.
Ӯ гуфт: "Мо ба истиқлоли мардуми Миср эҳтиром мегузорем ва ҳамин тавр ҳаққи онҳо барои тасимигирӣ дар бораи ояндаашон."
Хабарнигори Би-би-сӣ дар Қоҳира мегӯяд, ки дар даҳаҳои гузашта равобити ду кишвар рӯ ба сардӣ ниҳода буд ва ҳоло доранд равобитро бозсозӣ мекунанд.
Яке аз новҳои Русия ҳамакнун дар шаҳри Искандария аст. Ин нахустин боздиди як нови русӣ аз Миср аст, ки аз соли 1992 анҷом шудааст.
Сергей Шайгу, вазири дифоъи Русия, яке дигар аз вузарои ҳозир дар ин давр аз гуфтугӯҳо буд.
Мақомҳои рус гуфтаанд, ки дар ин гуфтугӯҳо масоъили марбут ба ҳамкориҳои низомӣ ва тактикии мавриди баҳс қарор гирифтааст.
Хабарнигори Би-би-сӣ ин ҷумларо ин тавр тарҷума мекунад, ки ба эҳтимоли зиёд гуфтугӯ дар бораи хариди силоҳ будааст.
Дар моҳи октябр Омрико гуфт, ки ин кишвар бахши умдае аз кумаки якмилёрду сесад милюндулорӣ ба артиши Мисрро ба ҳоли таълиқ дармеоварад.
Баъд аз он буд, ки даргирӣ бо ҳаводорони Мурсӣ ба кушта шудани садҳо нафар дар Миср мунҷар шуд.
Бо ин ҳол , Омрико, ки аз соли 1970 пуштибони Миср аст, канор гузошта шудани Муҳаммад Мурсӣ тавассути артишро "кудето" нахонд.
Агар ин иттифоқ рӯй медод, бино ба қавонини Омрико ин кишвар наметавонист дигар кумакҳояшро ҳам ба Миср равона кунад.
