Ихвонулмуслимин пешнависи қонуни асосии ҷадиди Мисрро рад кард

  • 2 Декабр, 2013
маҷлиси қонунгузории Миср

Ҳизби Ихвонулмуслимин пешнависи ислоҳшудаи қонуни асосии Мисрро, ки қарор аст фардо (сешанбеи сеюми декабр) ба Адлӣ Мансур, раиси давлати интиқолии он кишвар ироа шавад, рад кардааст.

Ихвонулмуслимин гуфтааст, ки "кудетогарони саркӯбгар" дар талошанд, то машруъияти қонуни асосии Мисрро, ки соли гузашта дар даврони ҳукумати Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури барканоршуда тасвиб шуд, хадашадор кунанд.

Пешнависи ҷадиди қонуни асосӣ рӯзи гузашта (якшанбе, аввали декабр) тавассути маҷлиси қонунгузории Миср тасвиб шуд.

Дар матни қонуни асосии ҷадид ихтиёроти зиёде ба артиш дода шуда, аз ҷумла вазири дифоъ ҳатман бояд аз фармондеҳони артиш бошад ва шаҳрвандони муттаҳам ба ҳамла ба сарбозон бояд дар додгоҳи низомӣ муҳокима шаванд.

Аз ҷумлаи тағироти дигар ин аст, ки шариъати ислом мабнои қонунгузорӣ эълом шуда, аммо ташкили аҳзоби сиёсӣ бар асоси дин, нажод ё ҷинсият мамнуъ аст.

Қарор аст қонуни асосии ҷадид дар моҳи ҷорӣ ё моҳи ояндаи мелодӣ дар рефрондуме ба ҳамапурсӣ гузошта шавад.

Ин рефрондум аввалин марҳала аз "раванди демукротики интиқоли қудрат" аст ки тавассути давлати интиқолӣ, ки пас аз барканории оқои Мурсӣ бар сари кор омад, ваъдаи он дода шуда буд.

Ҳамзамон бо итмоми кори маҷлиси қонунгузорӣ бар рӯйи пешнависи ҷадид ҳаводорони Муҳаммад Мурсӣ дар эътироз дар майдони Таҳрир дар Қоҳира даст ба эътироз заданд.

Матолиби муртабит