Тазоҳурот дар Миср баъд аз бознигарӣ дар пешнависи Қонуни асосӣ

Пулис барои пароканда кардани тазоҳуркунандагоне, ки ба ҳаводории Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳурии барканоршудаи Миср, ба майдони Таҳрир дар Қоҳира омада буданд, гози ашковар шиллик кард.
Ин тазоҳурот баъд аз он рӯй дод, ки тағйироте дар пешнависи Қонуни асосии Миср дода шуд.
Тағйироти ахир ба артиши Миср қудрати бештаре медиҳад, аз ҷумла муҳокимаи ғайринизомиён дар баъзе мавориди хос.
Интизор меравад, ки ин пешнависи ҷадид аз Қонуни асосии Миср дар моҳи январ ба ҳамапурсӣ гузошта шавад.
Панҷоҳ нафар узви ҳайъате буданд, ки бар кори тағйирот назорат мекарданд.
Ин ҳайъат баъд аз ду рӯз баррасии он чи ки дар замони Муҳаммад Мурсӣ навишта шуда буд, тағйиротро ниҳоӣ карданд.
Ҳамчунин замони интихобот иваз шуда ва маълум нест, ки интихоботи маҷлис ё раёсати ҷумҳурӣ кадом як зудтар анҷом мешавад.
Бино ба пешнависи ҷадиди Қонуни асосӣ, то навад рӯз баъд аз таъйиди Қонуни асосӣ дар ҳамапурсӣ, бояд яке аз ин ду интихобот баргузор шавад ва дигаре то шаш моҳ баъд.
Раиси ин ҳайъат гуфт, ки дар рӯзи сешанбе биност пешнависи Қонуни асосии ҷадиди Миср ба раиси ҷумҳурии муваққат тақдим шавад.
Бино ба гуфтаи раиси ҳайъат дар ин пешнавис зикр шуда, ки занон ва масеҳиён бояд "ҳузури муносибе" дошта бошанд, ки албатта дар бораи ҷузъиёти он баъдан бояд тасмимгирӣ шавад.
Ҳамчунин дар пешнависи ҷадид омада, ки руасои ҷумҳурӣ бояд дороиҳои худро зикр кунанд.
Ба маҷолис ҳам ин ихтиёр дода шуда, ки азл кунад ва эъломи интихоботи зудҳангом кунад.
Майдони Таҳрир, ҳамон ҷое аст, ки ҳудуди се сол пеш эътирозот дар он шурӯъ шуд ва дар ниҳоят ба рафтани Ҳуснӣ Муборак, раиси ҷумҳурии ин кишвар аз қудрат мунҷар шуд.
Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳурии баъдии Миср буд, ки бо интихобот ба қудрат расид, аммо баъдан тавассути низомиёни Миср барканор шуд.
Ӯ ҳам акнун дар зиндон аст ва мунтазир, ки додгоҳаш баргузор шавад.
