Туркия як ҳавопаймои ҷангандаи суриро сарнагун кард
Image copyrightnaРаҷаб Таййиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия, гуфтааст, ки нерӯҳои мусаллаҳи кишвараш як ҷангандаи суриро, ки вориди ҳарими ҳавоии Туркия шуда буд, ҳадаф қарор дода ва сарнагун кардаанд.
Нахуствазири Туркия пас аз табрик ба нерӯҳои ҳавоии кишвараш хитоб ба давлати Сурия гуфт: "Агар ба ҳарими ҳавоии мо таҷовуз кунед, бо посухи маҳками мо рӯбарӯ хоҳед шуд."
Фармондеҳии нерӯҳои мусаллаҳи Туркия бо судури иттилоъияе эълом кардааст, ки пас аз вуруди ду ҷангандаи Миг 23-и сурӣ ба дохили ҳарими ҳавоии Туркия ва беэътиноӣ ба ҳушдорҳои додашуда ҷангандаҳои F-16 Туркия вориди амал шуда ва як ҷангандаи суриро сарнагун карданд.
Аммо давлати Сурия иқдоми Туркияро як таҷовузи ошкор хонда ва гуфтааст, ки ҳавопаймоҳо дар ҳарими ҳавоии Сурия мавриди ҳамла қарор гирифтааст.
Сарнагунии ин ҷанганда дар минтақае рӯй додааст, ки саҳнаи набарди байни шӯришиён ва артиши Сурия бар сари кунтрули як гузаргоҳи марзӣ аст, ки ба Лозиқия мунтаҳӣ мешавад.
Пештар вазорати хориҷаи Сурия дар баёнияе Туркияро муттаҳам карда буд, ки бо иқдомоти таҷовузгароёнаи низомӣ дар навори марзии Сурия тайи ду рӯзи гузашта дар вақоеъи ҷории Сурия дахолат мекунад.
Телевизиюни давлатии Сурия гузориш дод, ки халабони ин ҷанганда тавонистааст бо чатри наҷот фурӯд ояд.
Лозиқия як пойгоҳи аслии Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия аст.
Даргириҳои шадиде аз рӯзи ҷумъа байни шӯришиён ва артиши Сурия дар ин минтақа ҷараён доштааст.
Туркия ва Сурия ҳудуди 800 килуметр марзи муштарак доранд.
Аз соли 2011 замоне ки эътирозот дар Сурия шурӯъ шуд ва баъд ба ҷанги дохилӣ кашида шуд, Туркия аз мухолифон дар Сурия ҳимоят кардааст.
Тӯпхонаи Туркия авохири 2012 пас аз суқути як ҷангандаи Туркия дар ҳамлаи Сурия ба сӯи ин кишвар шиллик кард.
Туркия сентябри соли гузашта ҳам гуфта буд, ки як чархболи суриро пас аз убур аз марз соқит кардааст.
Бо ин ҳол, Ҷемз Ринолдз, хабарнигори Би-би-сӣ дар Истонбул мегӯяд, ки ҳеҷ як аз тарафайн тамоюле ба муноқишаи мустақим ва тӯлонӣ надорад.
Як манбаъи огоҳ аз артиши Сурия ба телевизиюни ин кишвар гуфт, ки нерӯи зиддиҳавоии Туркия ҳангоми ҳамлаи як ҳавопаймои артиши Башор Асад ба шӯришиён дар хоки Сурия онро ҳадаф қарор дод.
Гурӯҳи дидабони ҳуқуқи башари Туркия, ки дар Бритониё мустақар аст, гуфт, ки гузоришҳои аввалия аз ноҳия ҳокист, ки ҳавопаймо дар дохили марзи Сурия суқут кард.
Дар гузориши ин гурӯҳ омадааст: "Воҳидҳои зиддиҳавоии Туркия як ҷанганда-бумбафкани Сурияро ҳангоми ҳамлаи он ба шимоли устони Лозиқа ҳадаф қарор доданд. Ҳавопаймо оташ гирифт ва дар дохили марзи Сурия ба замин афтод."
Ин гузориш ҳам мегӯяд, ки халабон муваффақ шуд берун бипарад.
Артиши Туркия дар баёнияе дар мавриди ҳодиса навишт, ки ду ҳавопаймои Сурия дар он замон дар осмон буданд ва ба онҳо "чаҳор бор ҳушдор дода шуда буд, ки дар ҳоли наздик шудан ба осмони Туркия ҳастанд."
Бар асоси ин баёния яке аз ҳавопаймоҳои "Миг"-и Сурия бозгашт, аммо ҳавопаймои дувум вориди осмони Туркия шуд ва барои яку ним килуметр дар ҷиҳати ғарбӣ дар осмони Туркия ба парвозаш идома дода ва дар ҳамин замон буд, ки ҳавопаймои F-16 Туркия онро ҳадаф гирифтанд.
Артиши Туркия ҳам таъйид кард, ки ҳавопаймо дар фосилаи 1200-метрии бахши ҷанубии марз дар дохили хоки Сурия афтод.
Аз замони шурӯъи муноқишаи дохилии Сурия садҳо ҳазор нафар аз мардуми ин кишвар ба Туркия гурехтаанд.
Ба гуфтаи Созмони Милал ин муноқиша боъиси оворагии 6.5 милюн сурӣ шуда, ки 2.5 милюн нафари онҳо паноҳҷӯ ҳастанд.
Бештарини паноҳҷӯён ба Лубнон рафтаанд ва пас аз он Урдун ба Туркия қарор доранд
