Ҳамлаи афроди ношинос ба утубуси артиши Миср дар Қоҳира
Афроди мусаллаҳи ниқобпӯш як утубуси артиши Мисрро дар Қоҳира ҳадафи тирандозӣ қарор доданд. Бар асоси иттилоъоти муқаддамотӣ дастикам як афсари пулис дар ин ҳамла кушта ва шуморе ҳам маҷруҳ шудаанд.
Телевизиюни давлатии Миср гуфтааст ин нахустин ҳамла ба низомиён дар пойтахти кишвар аст.
Интизор меравад дар рӯзҳои наздик Абдулфаттоҳ Сисӣ, фармондеҳи артиши Миср тасмим дар бораи номзадии худ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишварро эълом кунад.
Нозирон мегӯянд дар сурати ширкати фелдморшол Сисӣ дар интихобот бо назардошти ин ки ӯ аз маҳбубият бархурдор аст ва руқабои ҷиддӣ надорад, ӯ раиси ҷумҳури ояндаи Миср хоҳад шуд.
