Ҳамлаи Исроил ба мавозеъи артиши Сурия дар баландиҳои Ҷавлон

  • 19 Март, 2014
Image copyrightAFP

Исроил мегӯяд ба талофии инфиҷори бумбе, ки сарбозони гаштии ин кишвар дар навори марзии баландиҳои Ҷавлонро маҷруҳ кард, ба мавозеъи артиши Сурия ҳамла кардааст.

Ба гуфтаи артиши Исроил як подгон ва маркази омӯзишии артиши Сурия аз ҷумлаи ин ҳадафҳо будааст.

Артиши Исроил мегӯяд, ки Сурия ҳамла ба сарбозони гаштии исроилиро тарғиб ва ёрӣ кардааст.

Сурия гуфта ҳамлаи Исроил амнияти минтақаро ба хатар меандозад. Сурия гуфта, ки дар ҳамлаи Исроил як сарбози сурӣ кушта шуда ва ҳафт нафари дигар захмӣ шудаанд.

Аз се соли пеш ки шӯришҳо дар Сурия оғоз шуд, то кунун Исроил чандин бор ба аҳдофе дар ин кишвар ҳамла кардааст.

Гуфта мешавад ҳадаф аз ин ҳамалот умдатан ҷилавгирӣ аз ирсоли мушак аз ҷониби Ҳизбуллоҳ барои артиши Сурия будааст.

Ба гуфтаи хабарнигори Би-би-сӣ дар Байтулмуқаддас ҳамлаи ҳавоии Исроил ба мавозеъи артиши Сурия ба вузуҳ нишон медиҳад, ки Исроил Сурия ва на шӯришиён ё Ҳизбуллоҳро масъули ҳамла ба сарбозони худ ба шумор меоварад.

Дар ҷаласаи имрӯзи порлумони Исроил Бинёмин Нетонёҳу, нахуствазири ин кишвар ҳушдор дод, ки ба ҳар гуна ҳамла ба кишвараш бо шиддати ҳарчӣ тамом посух дода хоҳад шуд.

Матолиби муртабит